БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Болидагии рӯҳро дар фасли тирамоҳ таъмин месозем  

Аз ҳар боб

       Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бисёриҳо руҳияи афсурда  ва нотавониро  дар худ  ҳис менамоянд. Бо хазонрез шудани табиат ва кам шудани нури офтоб неруву илҳоми инсон камтар  мегардад. Дар ин моҳ афзоиши асабонияту зудранҷӣ   боиси изтироби зиёд мегардад.     

         Дар тирамоҳ ҳиссиёти одам  афзуда, табъи инсон каме хира   мешавад. Масъалаҳои назарногир  ҳам ба назар муҳим менамоянд. Дар ин давра шахс бо нофаҳмии зиёд рӯ ба рӯ мешавад.

       Витамини D дар пӯст зери таъсири нури офтоб, саҳеҳтараш нурҳои ултрабунафш ба вуҷуд меояд. Ҳангоми норасоии он  табъи инсон гирифта ва аз чизҳои майда-чуйда афсурдаву  асабонӣ шуда,  ҳатто он  боиси ғамгинӣ мегардад. 

         Дар фасли тирамоҳ кӯшиш намоед ҳадди ақал ним соат  пиёда роҳ гардед. Ба кӯча баромада,  ҳавои тоза кашед, зеро он  ба одам  эҳсоси мусбӣ медиҳад. Бикӯшед бештар аз  шуъои офтоб баҳра  гирифта,  худро ба ягон кор андармон кунед. 

         Истироҳату  хоби кофӣ ва  машқҳои доимӣ дар мавсими пойиз   беҳтарин усуланд.  Барои боло рафтани  руҳия бештар мева ва хӯрокҳои солим  мусоидат мекунанд. Гӯшти мурғ ва гов дар фасли хазон руҳия, тамаркуз ва хотираро беҳтар мекунанд. Каду, замбурӯғ, шалғам, лаблабу, кадуи сабз ва карамро бештар истифода бурда,  бо ин васила организмро ғизои  муфид медиҳед.

         Чойи сабз нӯшокии беҳтарин дар тирамоҳ  дониста мешавад. Он аз антиоксидантҳо ва  моддаҳо ғанӣ  буда,  рӯдаро ҳифз ва аз бисёр бемориҳо пешгирӣ мекунад.  

                                                                                   Таҳияи Мадина

 

 

 

                                                                            

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон