БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рақс ба солимии инсон муфид аст  

Аз ҳар боб

          Ҳаракатҳои мавзун  дар  рақс ба беҳтар шудани гардиши хун ва нигоҳ доштани чандирии қурсҳои  байни сутунмуҳра мусоидат мекунанд. Рақс бемории  артритро пешгирӣ карда, мушакҳои даст ва ангуштонро  мустаҳкам мекунад. Ҳама намудҳои  рақс ба системаи нафаскашӣ таъсири муфид  мерасонад.

         Монанди  дигар намудҳои фаъолияти ҷисмонӣ, рақс системаи дилу рагҳоро мустаҳкам,  устувориро зиёд,  вазнро кам мекунад.  Шахсро чобук карда, карахтиро аз байн мебарад. Инсон ба худ эътимоди бештар карда,  роҳгардиашро ҳам  дуруст  мекунад.         

         Аз аввал метавон  ин амалро дар як ҳафта  то  2-3  маротиба анҷом диҳед. Тули ҳафта чор -  панҷ маротиба машқи рақс кунед.

 

         Рақс асабониятро бартараф карда, ба рушди майнаи сар  мусоидат мекунад. Машқи мунтазам гардиши хунро беҳтар,  системаи дилу рагҳо ва шушро  мустаҳкам  месозад. Ҳамчунин қувваи мушакҳоро зиёд ва устувор мегардонад.

          Рақс саломатиро беҳтар,  табъи инсонро болида ва  неруи  ҷисмониро зиёд карда, шахсро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.

         Барои одамони синну соли гуногун  беҳтарин воситаи нигоҳдории қомати мавзун  аст. Одамони гирифтори бемориҳои  қалб, ки ба рақс машғуланд, саломатии дил ва нафаскашии худро бо ин восита беҳтар мекунанд.

          Рақс қобилияти кор кардани мушакҳоро ба вуҷуд оварда,  хастагиро рафъ месозад.    

         Рақс  имкон медиҳад, ки воқеан аз ҳаёт лаззат баред. Бар хилофи дигар машқҳои ҷисмонӣ, дар он  маҳдудияти синну сол вуҷуд надорад. Одамони ҳамаи  синну сол метавонанд рақс карда,  аз манфиати он баҳра баранд.

         Рақс асабоният ва афсурдаҳолиро  бартараф карда,  эътимоди шахсро ба худ зиёд мекунад. Он барои раҳо ёфтан  аз эҳсоси танҳоӣ  ва  афсурдагӣ кумак мекунад.

 

         Ҳар боре, ки шахс  як ҳаракати навро дар рақс  ёд мегирад, боварии ӯ  ба худ бештар гардида,  руҳияаш низ  беҳтар мешавад.

         Олимон муайян карданд, ки рақс барои хотира низ муҳим буда, барои пешгирии нишонаҳои бемории Алтсгеймер ва дигар шаклҳои деменсия кумак мекунад. Ҳатто афроди гирифтори ин маризӣ дар зери мусиқии ошно тавонистаанд, ки хотираҳои фаромӯшшударо барқарор созанд.Рақс ҳамчунин қобилияти равониро дар ҳама синну сол беҳтар менамояд. 

                                                                                                                           Таҳияи Мадина

                                       

        

 

 

 

 

 

 

 

          

                                                                 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 20)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон