Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Гиря
Аз ҳар бобБо вуҷуди оне ки баъзе нафарон гиристанро заъифияти инсон мешуморанд, он дар асл як воситаи тавоное барои раҳо шудан аз эҳсосоти манфӣ ва барқарорсозии солимии равонӣ ва ҳатто ҷисмонӣ ҳисоб мешавад. Аз нуқтаи назари илмӣ новобаста ба синну сол одам набояд аз гиря худдорӣ кунад.Гиря ба бадан фоидаовар буда, барои рафъи асабонияту токсинҳо, беҳтар шудани руҳия, ҳифзи чашм замони бо мусибат гирифтор шудани одам кӯмак мекунад.
Ашк на танҳо барои таскинии дард, балки барои боло бурдани табъ низ боис мегардад. Ҳангоми гиристан шахс зуд-зуд нафас мекашад, ки он воридшавии оксигенро ба амал меорад.
Метавонед пас аз гиристан як пиёла об бинӯшед. Чунки намнокӣ баданатонро тоза нигоҳ дошта, инчунин фаъолияти майнаро беҳтар мекунад.
Ашк беҳтарин восита барои нам кардани кӯраи чашм, хориҷ кардани зарраҳои бегона аз гавҳараки чашм ва безараргардонии он мебошад. Ашк ҳамчун воситаи поксозии на танҳо руҳ, балки ҷисм низ муфид аст.
Ашк ба ҷуз таскинбахшии дард организмро аз бактерияҳои гуногуне, ки ба саломатии инсон хатарноканд, муҳофизат мекунад.
Гузашта аз ин, гиря дарди ҷисмониро сабук менамояд. Вақте ки шахс ҳангоми дард гиряд, дар бадан моддаҳое тавлид мешаванд, ки энкефалинҳо ном доранд, ки ба эҳсоси дард таъсир мерасонанд.
Ҳангоми гиря кардан чашмонатон нам мегирад. Он барои нигоҳ доштани биниш ва бароҳат нигоҳ доштани чашмҳо муҳим аст. Ашк инчунин чашмони шуморо тоза карда, чангу ғубореро, ки ба бинишатон зарар мерасонанд, шуста мебарад.
Ашк эҳсосоти қавиро фароҳам оварда, ба бехатарии фишори равонӣ ва мондашавӣ кумак мекунад.
Новобаста аз боқӣ мондани мушкилӣ гиря ба мо кӯмак мекунад, то худро беҳтар ҳис кунем. Ба ғайр аз тоза кардани моддаҳои зараровар ашкҳои эҳсосӣ дилро ҳам шифо мебахшанд.
Аммо гиристани аз ҳад зиёд метавонад ба ноҷӯрии ҷисмонӣ, аз қабили хушкшавӣ ва варамию сурхшавии чашму дарди сар, хастагии эҳсосӣ ва афзоиши изтироб оварда расонад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











