Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шукргузори зиндагии худ бошед!
Аз ҳар бобСипосгузорӣ ба саломатӣ таъсири мусбӣ расонда, ҳолати руҳӣ ва ҷисмониро хубтар мекунад. Изтироб ва афсурдаҳолиро коҳиш дода, сифати хобро беҳ, системаи иммунӣ ва дилу рагҳоро мустаҳкам менамояд.
Миннатдорӣ тасаввуроти одамро низ дар бораи ҳаёт дигар менамояд. Вақте кас аз чизҳои доштааш сипосгузор мешавад, хушбахтиаш афзун ва саломатиаш беҳ мегардад.
Миннатдор шудан ба инсон кӯмак мекунад, ки бо душвориҳо мубориза бурда, зиндагиашро беҳтар созад. Он сохтори майнаро тағйир дода, пайвастагиҳои асабро мустаҳкам ва касро шод мекунад. Дар он сурат дард коҳиш ёфта, фаъолияти ҷисмонӣ бештар мешавад.
Асабоният ногузир аст, аммо миннатдорӣ ба фард кӯмак мекунад, ки ба он таври дигар муносибат кунад. Мунтазам изҳори миннатдорӣ сатҳи кортизолро коҳиш дода, устувории эҳсосиро меафзояд. Одамоне, ки миннатдориро дарк мекунанд, эҳтимоли изтироб ва асабониятро камтар ҳис менамоянд, чунки мағзи онҳо ба паҳлуҳои мусбати ҳаёт тамаркуз мешаванд.
Инсони бошукр диққатро ба чизҳои нодуруст намедиҳад, ба ҷои он ба ҳама паҳлуҳои мусбати ҳаёти худ равон мекунад.
Миннатдорӣ на танҳо шодӣ, балки ҳаётро метавонад беҳтар ва умрро дарозтар кунад. Чунки шукргузорӣ шуморо аз ҳасад озод карда, имкон медиҳад, ки ба қадри чизи доштаатон бирасед.
Миннатдорӣ ба баланд шудани руҳия мусоидат карда, ҳуҷайраҳои майнаро барои лаззат бурдан фаъол мекунад. Чӣ қадаре мо ба ҷанбаҳои мусбати ҳаёт таваҷҷуҳ кунем, ҳамон қадар худро солимтар ва хушбахттар ҳис мекунем.
Сипосгузорӣ, ба инсон кӯмак менамояд, то оромии ботиниро зудтар пайдо намуда, аз ҳолатии манфии руҳӣ озод шавад.
Одамони шукргузор эҳсосоти мусбиро бештар ҳис намуда, ин ҳиссиёт онҳоро ба амалҳои нектаре, ба монанди фурӯтанӣ, субботкорӣ ё меҳрубонӣ водор мекунад. Миннатдорӣ маъмулан ба рушди хислатҳои меҳрубонӣ ва муҳаббат мусоидат мекунад.
Сипосгузорӣ солимии касро ба вуҷуд оварда ӯро ором мекунад. Миннатдорӣ, ҳамчунин дардро коҳиш дода, истироҳатро беҳ ва фишори хунро муътадил мекунад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо










