БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ёвари хуб ё манбаи бактерияҳо: Чӣ гуна муҳлати истифодабарии лифи ошхонаро мебояд дароз кард?

Аз ҳар боб

Лиф ё инфанҷ, ки ба русӣ онро “губка” мегӯем, барои шустани зарфҳои ошхона, баъзан барои тоза нигоҳ доштани ҳамвориҳо, монанди кошинҳо ва мизи ғизотайёркунӣ воқеан ҳам воситаи хубу мададрасон аст. Дар ҳолати дуруст нигоҳубин кардани онҳо муҳлати истифодабариашон бештар шуда, намегузорад, ки он ба манбаи ҷойгиршавии бактерияҳо бадал гардад.   

         Барои шустушӯи лавозимоти ошхона аксаран лифҳои поролонӣ истифода мешавад, ки мутаассифона, метавонад манбаи микроорганизмҳои касалиовар бошад. Шустушӯи пайваста ва тамизкунии он метавонад муҳлати истифодабарии онро зиёд намояд. Яъне чӣ тавр?

Лифро муддати 2-3 соат ба даруни оби шарбати лиму ё сиркодошта андохтан зарур аст, ё онро тар карда, муддати 1 дақиқа ба даруни тафдони микромавҷдор гузоштан лозим.

 

         Баъди ҳар як маротибаи истифодабарӣ лифро нағзшуста, сипас ҷабидан зарур аст, то боқимондаи ғизо ва рутубат рафъ гардад. Онро баҷое гузоштан лозим аст, ки тавонад хуб хушк шавад.

         Лифҳои поролониро моҳе ду маротиба иваз кардан лозим аст ва агар он дарида ё зиёд олуда шуда бошад, мебояд зуд иваз кард. Лифҳои аз найи ҳиндӣ (бамбукӣ) омодашуда метавонанд хизмати бештаре кунанд, аммо онҳоро низ ҳар моҳ иваз кардан зарур аст. Лифҳои меламинӣ, пӯлодӣ ва пластикӣ ҳамин ки шакли худро аз даст доданд, ба зуд дигар кардан ниёз пайдо мекунанд. 

         Гузинаи аз ҳама беҳтарин он лифҳои силиконист. Агар чунин лиф ҳолати хуб дошта бошад, иваз кардани он ҳатмӣ нест. Бо даст ва ё дар мошинаи зарфшӯӣ шустани он кифоя аст.

                                                                                                                  Таҳияи Ситора Ашӯрова          

     

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 34)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон