Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳасад
Аз ҳар бобҲасад ё ҳасадхӯрӣ ба саломатӣ таъсири бад расонда, боиси изтироб, афсурдаҳолӣ ва мушкилоти солимии равонӣ мегардад. Аз ҷиҳати физиологӣ он ба кори дил, мушкилоти ҳозима ва пӯсти инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Норозигии доимӣ аз ҳаёт ва муқоисаи худ бо дигарон боиси фишори музмин шуда, метавонад сабаби асабоният гардад. Бахилӣ метавонад ба ихтилоли гуногуни ҳозима, ҳатто захми меъда оварда расонад.
Ҳасад низ мисли дигар эҳсосот дар доираи ҳисси солимии инсон ҷойгоҳи худро дорад ва дар вуҷуди баъзе нафарон он зиёдтар ба назар мерасад.
Ҳасадҳои пинҳонӣ боиси бемориҳои равонӣ мешаванд. Касоне, ки дар ниҳод ҳасад зиёдтар доранд, аз дарди сар, бехобӣ, кам шудани иштиҳо ва мушкилоти меъдаю рӯдаҳо азият мекашанд.
Ҳасад боиси шиддати доимӣ, изтироб ва норозигӣ аз зиндагии худ мегардад. Шахси ҳасудхӯр аз чизи доштааш ҳаловат набурда, ҳамеша барои чизи дигарон талош мекунад. Ҳасад азоби сахтест, ки шахсияти инсонро аз байн мебарад.
Тахмин меравад, ки ду намуди ҳасад мавҷуд мебошад. Ҳасади нек ва ҳасади бад. Ҳасади нек ҳамчун ангеза барои ноил шудан ба он чизе, ки шахси дигар дорад, хидмат мекунад. Ҳасади бад хоҳиши дидани нокомии шахси дигар, ё аз даст додани чизе, ки онҳо ба даст овардаанд, асос ёфтааст.
Ҳасад дар ботини инсон худбиниро ба вуҷуд оварда, худро аз дигарон болотар дониста, ба қадри дигарон намерасад . Хавфи асосии ҳасад дар он аст, ки мо ба ҳаёти дигарон диққат дода, ҳаёти худро фаромӯш мекунем. Мо қувва ва неруи худро ба дигарон медиҳем.
Ҳасад як эҳсоси ногуворест, ки дар натиҷаи муқоисаи худ бо каси дигар ва эътирофи бартарии онҳо дар чизе ба вуҷуд меояд. Ин эҳсоси манфӣ ба он оварда мерасонад, ки инсон худро ноқис ё нокофӣ ҳис мекунад.
Ҳасадҳои нек одатан ҳамчун чизи хуб ва мусбат тасвир шуда, аз ҷиҳати назариявӣ дуруст аст. Ҳасади нек ба одамон кӯмак намуда, онҳоро беҳтар мекунад. Ҳасади бад манфӣ буда, дар он шахс муваффақияти шахси дигарро дида, ба он кас нафрат пайдо мекунад.
Худбаҳодиҳии паст сабаби маъмулии ҳасад аст. Қувваю қобилияти худи мо дар муқоиса бо дастовардҳои дигарон ночиз ба назар расида, боиси эҳсоси кина мегардад.
Одамони ҳасудхӯр худашонро ҷазо дода, ба бемориҳо мубтало мекунанд. Ғазаб ва ҳасуд ба саломатии инсон зиён оварда, фишори хунро баланд, ва шахсро ба сактаи дил гирифтор мекунад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











