Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чуткаи дандоншӯӣ
Аз ҳар бобҲар як аъзои оила бояд чуткаи дандоншӯии алоҳидаи худро дошта бошад. Барои пешгирӣ кардани хатари сироят, чуткаи дандоншӯии дигаронро истифода набаред. Барои омехта накардани чуткаи дандоншӯӣ, ҳар як нафари оила бояд чуткаи гуногун дошта бошанд. Пеш аз шустани дандонҳо дастҳоятонро бо собун шуста, чуткаи дандоншӯиро ба оби гарм тар кунед. Пас аз шустушӯй, чуткаи дандоншӯиро бо ангушти худ дар зери оби тоза карда, бодиққат шӯед.
Чӯткаи дандоншӯӣ бояд муддати ҳар 3 моҳ иваз карда шавад. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои аввалини фарсудашавӣ, ё фавран пас аз бемории шамолкашӣ ё зуком барои пешгирии сирояти дубора, бояд иваз карда шавад.
Беҳтар аст, ки на камтар аз 30 дақиқа пас аз таом интизор шавед, то ки кислотаи ғизо дандонҳои шуморо осеб надиҳад. Ин дастурҳо ҳам ба кӯдакон ва ҳам ба калонсолон тавсия дода мешавад.
Аз ҳад зиёд шустани дандонҳо сирри онро вайрон карда, милкҳои дандонатон осеб мебинад. Дар як рӯз ду маротиба, саҳар ва шом шустани дандон кифоя аст. Инчунин, барои тоза кардани боқимондаҳои ғизо метавонед, аз риштаҳои махсуси дандонтозакунӣ истифода кунед.
Иваз кардани чуткаи дандоншӯи худ ба коҳиш додани хатари пайдоиши сӯрохҳо, илтиҳоб ва бӯи бад мусоидат мекунад. Калонсолон бояд чуткаҳои дандоншӯӣи худро дар ҳар 2-3 моҳ, кӯдакон бошад, дар ҳар 1,5 моҳ иваз намоянд. 
Истифодаи чуткаи дандоншӯии каси дигар метавонад ба пӯсидани дандон, сироятҳои роҳи нафас, захмҳо дар даҳон ва ҳатто гепатит оварда расонад. Зеро чуткаи дандоншуӣи шахси дигар метавонад вирусҳоеро нигоҳ дорад, ки тавассути обила ва дар сурати осеб дидани милки дандон тавассути хун интиқол дода шаванд.
Як истакони тозаро бо сирко пур карда, сари чуткаи дандоншӯии худро ба он тар кунед. Чанд соат гузошта, сипас бо оби равон тоза шӯед.
Барои тайёр кардани маҳлули тозакунӣ ду қошуқи содаи ошомоданӣ ва як пиёла обро омехта кунед. Чӯткаи дандоншӯиро чанд дақиқа тар карда, сипас бодиққат шушта, онро хушк кунед. Ба як пиёла об як қошуқи пероксиди гидрогени 3% илова карда, пеш аз шустан онро нам намоед.
Даҳони инсон макони садҳо бактерия ва дигар микроорганизмҳои хатарнок мебошад. Баъзе аз инҳо метавонанд тавассути мубодилаи чуткаи дандоншӯӣ аз одам ба одам интиқол дода шаванд. Микробҳое, ки боиси зуком, шамолкашӣ ва бемории милки дандон ҳастанд, тавассути чуткаҳои дандоншӯии муштарак интиқол мешаванд.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо










