Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Кактус
Аз ҳар бобКактус ягона растание ба шумор меравад, ки радиатсияи электромагнитиро аз мониторҳои компютер, телевизорҳо, телефонҳо, модемҳо ва дигар дастгоҳҳои барқӣ безарар гардонда, аз худ менамояд.
Кактус гази оксиди карбонро ҷаббида, шабона оксигенро фароҳам оварда, сифати ҳавои дохили хонаро беҳтар мекунад. Барои инсон хоби солим ва ҳавои мусоидро муҳайё месозад. Ҳамчунин ин намуди растанӣ асабониятро коҳиш дода, фазои оромро эҷод мекунад.
Поя ва гулҳои кактус барои табобати фарбеҳӣ, фишори баланди хун, диабети қанд, захми меъда, дарди меъда ва бемориҳои ҷигар истифода мешаванд. Кактус ба гурӯҳи доруҳое дохил мешавад, ки сатҳи қанди хун ва холестиринро танзим менамояд.
Кактусҳо қувваи хеле қавиро дороанд, ки неруи манфиро ба худ гирифта, аз низоъҳои оилавӣ муҳофизат ва соҳибашро ботамкину ором мегардонанд.
Кактуси нопал, ки аз антиоксидантҳои муҳофизаткунандаи пӯст бой аст, пайдоиши пажмурдашавии пӯстро коҳиш медиҳад. Он таъсири равшанкунанда дошта, пӯстро дурахшону устувор ва чандир менамояд.
Кактусҳо барои чашм низ муфид буда, барои сабук кардани шиддат ҳангоми кор дар компютер мусоид аст. Дар назди экран ҷойгир кардани онҳо хастагии чашмро коҳиш дода, имконияти истироҳати босираро фароҳам меорад.
Он системаи масуниятро мустаҳкам намуда, ба системаи дилу рагҳо таъсири судманд мерасонад. Нороҳатии меъдаро низ бартараф карда, кори онро беҳтар мекунад.
Меваҳои кактус аз витаминҳо, минералҳо ва пайвастагиҳои фаъоли растанӣ бой буда, ба беҳтар шудани фаъолияти ҷигар мусоидат мекунанд. Мавҷудияти беталаинҳо, флавоноидҳо ва полифенолҳо дар ин мева фишори оксидшавиро дар ҳуҷайраҳои ҷигар коҳиш медиҳад.
Шарбати кактус мубодилаи моддаҳоро тезонда,масуниятро баланд ва дарди сарро рафъ карда, ба инсон қувват мебахшад. Аз шарбати кактус метавон мураббое омода кард, ки фаъолияти майнаро фаъол, хотираро қавӣ ва гардиши хунро ба майна бар меангезад.
Пояи кактус барои муолиҷаи шикаста, рахна ва тарбод истифода мешавад. Он ба системаи дилу рагҳо ва меъда судманд буда, таъсири дуретикӣ дорад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











