БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

 Бонуе мироб

Аз ҳар боб

Фархори бостонӣ бо заминҳои паҳновару зархез ва мардумони солеҳу толибилмаш фаротар аз ҳудуди кишварамон ҳам маъруфу машҳур аст. Лаҳзаи интихоби қаҳрамонҳои матолиби навбатии маҷалла, ки ба инъикоси дастоварду рӯзгори ибратомӯзи ҳунарварону пешоҳангони Фархори куҳан, вале ҳамешаҷавон, бахшида мешавад, раиси ноҳия аз ягона миробзане ёдовар шуд, ки кори содиқонааш дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва обёрӣ, сабақи ибратомӯзӣ барои дигар бонувону ҷавонон аст. Файзу баракати замину боғистонҳо ва сарсабзиву ободии водиҳои зархез аз обҳои фаровони Ватан маншаъ мегирад, ки табиат онро барои мардуми Тоҷикистон арзонӣ бахшидааст.

Дар рустои Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватан андар саргаҳи рӯдхонаи азиме, ки тавассути он заминҳои ноҳияи Фархор обёрӣ мешаванд, кулбаи хоксоронаест, ки сокинонаш пешаи миробиро аз аҷдодони худ мерос гирифтаанд. Гулчеҳра, духтари нозбӯи хонадон, баъди беш аз ним аср фаъолияти бенуқсони қиблагоҳи равоншодаш Мирумшоҳ Давлатов, масъулияти тақсимоти об ба рӯду каналҳои ҳудуди ноҳияро ба уҳда гирифт. Таҷрибаи солиёни ҳамроҳӣ бо сармироби дарғоти асосии ноҳия, ки назорати шабонарӯзии ҷараёни рӯдхонаи бузургро ба уҳда дошт, шаҳодатномаи ихтисосмандиаш буд, ки баъди бознишастагии падар, нафаре дар сатҳи ӯ аз тору пуди соҳа ва пешаи миробӣ огаҳӣ надошт.

 

 -Ҳар бори ҳузурам дар саргаҳи ин обҳои мусаффо, он изтиробу ҳаяҷони дилангези нахустин лаҳзаҳои наздик шудан ба ин рӯд, дубора маро фаро мегирад. Аз овони наврасӣ, ҳатто шабонгоҳ падарамро ҳамроҳӣ карда, ҳар ду соат ба саргаҳи рӯдхонаи бузург мерафтагӣ шудам, ки аз ин мавзеъ об тавассути чаҳор дарвозаи обпарто ба каналу ҷӯйҳои гуногунмасири деҳоту хоҷагиҳои кишоварзӣ тақсим мешавад, - ба ёд орад назоратчии сарбанди обтақсимкунии ноҳия Гулчеҳра Давлатова. – Меҳру ифтихор аз масъулияти бар зиммадоштаам аз таълимоти маънавии қиблагоҳам об мехӯрд, ки бо қиссаву зарофатҳои таъсирбахши худ ҳисси муҳаббат ба касбу кори миробиро дар қалби ман бедор намудаанд. Хато накунам, ҳангоми дарси ҷуғрофия муаллим дар мавзуи захираҳои обӣ нақл мекарду пеши назари ман саргаҳи обҳоибузурги меҳанамон, ки ба дарёи Панҷ ҷорӣ шуда, аз он водиҳои мамлакат, аз ҷумла замину дарахтони диёри мо ва кишварҳои поёноб шодоб мегарданд, таҷассум мешуд. Ҳамин тавр, таҳсилоти миёнаро ба итмом нарасонда, орзуи мисли падар мироб шудан доштам…

Бо таҷрибаи бисёрсолаву маҳорати кордонӣ боз ҳам барои бардоштану паст фуровардани дарвозаҳои обпарто, ки аз шиддати об  вазни дучанд мегиранд, неруву бозуи мардона мебояд. Аммо, ба гуфти Гулчеҳра, ҳар гоҳе, ки бо фишангҳои дарғот панҷа нарм менамояд, васияти қиблагоҳаш дар ҳушу гӯшаш садо медиҳад: «Дар рагҳои ту хуни волидоне ҷорист, ки авлоди худро бо нону намаки пешаи миробӣ ба воя расондаанд».

Таърихи бунёду ба истифода додани дарғот дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор, ба соли 1961 рост меояд. Дар маросими ифтитоҳи шабакаҳои тақсимоти об дар саргаҳи рӯду каналҳои обёрикунандаи ноҳия ду тан сокини маҳалла ба кори доимӣ ҷалб гардид, ки падару модари Гулчеҳра буданд. Гузашти солҳо, навбатдории доимии дарвозаҳои обпарто ба реҷаи маъмулии аҳли оила бадал ёфт, ки аз оғози мавсими кишту парвариши зироатҳо дар ҳар ду соат, аз ин хонадон занги соат садо медиҳад, то миробон аз вазъи дарғот ва каму зиёдшавии ҳаҷми об хабар гиранд.

- Аз соли 2001 дарвозаҳои обпарторо мустақилона танзим мекардагӣ шудам, вале падари бузургворам то 101-солагӣ ҳолиё ҳам бардаму қувватмандам гуфта, нимашабон ҳамроҳам навбатдорӣ мекард. Ҳар бори дар соҳили рӯдхонаи нилгун, ба шукргузорӣ аз манбаи обҳои ширини Тоҷикистон, қиссаву ривоятҳои ҷолиберо дар мавзуи фазилати сарфаи об  ва алоқамандии набототу мавҷудоти олам ба манбаи ҳаётбахш ҳикоят мекард, - лаҳзае ба андеша фурӯ рафта гуфт Гулчеҳра.

- Ростӣ, ба иродаву меҳру садоқатпешагии зодмандонам тан медиҳам, як фарзанди сесолаи худро дар ин об  аз даст дода бошанд ҳам, тули 69 сол ҳамчун миробони сарбанди обтақсимкунӣ фаъолият бинмуда, боре ҳам аз кору пешаи интихобкардаи худ шиква накарда буданд.

Зодмандонаш рафтанду ёддоштҳои пандомӯзашон ҳидоятгар дар зиндагист, ки худ таҳсилнодида буданд, вале ба таълими авлоди худ таваҷҷуҳи зиёд дошта, илму донишомӯзиро дар пешрафти ояндаи ҷамъият, сарфаи обу дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Ватан ҳатмӣ мешумурданд. Бону Гулчеҳра худро хушбахту саодатёр мешуморад, ки ягонафарзандаш дар синфи чаҳорум таҳсил дораду бо азму орзуи мироб шудан, фориғ аз таҳсил модарашро ҳамроҳӣ менамояд.

                                                                                       Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                                ноҳияи Фархор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 43)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон