Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Иродаи мустаҳкам
Аз ҳар бобИродаи қавӣ бевосита ба саломатии инсон таъсир расонда ба нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим, бартараф кардани одатҳои бад ва ба варзиш машғул шудан кӯмак менамояд.
Ҳамин тариқ, ирода барои ноил шудан ба ҳадафҳо, бартараф кардани монеаҳо ва худидоракунӣ сабаб мегардад. Иродаи мустаҳкам калиди саломатӣ буда барои аз одатҳои бад даст кашидан муфид аст.
Варзиш, рақс ва машқҳои гуногуни ҷисмонӣ беҳтарин восита барои ирода мебошанд. Хоби кофию ором ва ғизои солим ҳам асоси иродаи мустаҳкам ҳисоб меёбанд. Бояд фаромӯш насозем, ки ирода мушакест, ки онро мунтазам обу тоб додан лозим меояд.
Бо вуҷуди танбалӣ нохоҳамӣ ва хастагӣ инсон барои ба мақсад расиданаш аз иродаи қавиаш истифода мекунад. Танҳо иродаи мустаҳкам барои рушду муваффақият ноил шудан боис мегардад.
Иродаи устуворро ташаббус, субботкорӣ, муташаккилӣ, қатъият, мустақилият ва далерӣ ташкил медиҳад. Ирода ҷузъи равониест, ки барои рафтори шахсро ба тартиб даровардан ва истодагарӣ намудан боис мегардаду инсон ба ин восита ба ҳадафҳо ноил мегардад.
Ирода, ки дар амал зоҳир мегардад, бартараф кардани душвориҳоро дар роҳи расидан ба ҳадаф таъмин мекунад. Он ҳам ҳамчун ангезаи фаъолияти инсон дар ҳолати зарурӣ ва марҳилаи ҳалли мушкилот хизмат мекунад.
Иродаи инсон як қувваест, ки қодир аст ӯро ба қуллаҳои бениҳоят баланд бардошта имкон диҳад, он чизеро, барои худ имконпазир гумон накардааст ба даст орад. Бо истифода аз ин неру ва такя ба азми ботинии худ мо метавонем тавоноии бепоёни тафаккури инсониро боз карда, орзуҳои худро амалӣ созем.
Ирода барои душвориҳое, ки дар роҳи расидан ба нақшаву мақсадҳо ба миён меояд кӯмак мекунад. Бе кӯшиш натиҷаҳои дилхоҳ ҳеҷ гоҳ ба даст намеоянд. Инсон ҳамеша ба мушкилоте дучор мегардад, ки азми бештарро талаб мекунад. Ирода дар навбати худ, ба мо имкон медиҳад, ки тамаркуз карда ба ҳадафҳо расем ва монеаҳоро паси сар намоем.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











