Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳавои тоза то чӣ андоза ба саломатӣ муфид аст?
Аз ҳар бобҲавои тоза барои инсон муфид буда, хунро бо оксиген таъмин ва масуниятро мустаҳкам мекунад. Фаъолияти майна ва дилро беҳтар карда, фишори хун, хоб ва ҳозимаро ба эътидол меорад. Он асабониятро коҳиш дода, қувваи одамро дучанд ва барои хоби бароҳат кумак мекунад. Ҳамчунин баданро мустаҳкам карда, руҳияро баланд ва таровати рӯйро зиёд менамояд ва витамини D - ро фароҳам меорад.
Истироҳат дар ҳавои тоза барои табобати бемориҳои гуногун ва таҳкими системаи масуният хеле хуб аст. Масалан, он метавонад барои табобати нафастангӣ, беҳтар кардани фаъолияти шуш ва ҳатто барои коҳиш додани хатари саратон кумак кунад.
Фаъолияти ҷисмонӣ, истеҳсоли эндорфинҳо ва ҳормонҳои хушбахтиро зиёд менамояд. Ҳавои тоза барои истироҳат ва фикрҳои мағшушро аз сар дур кардан муфид аст. Дар ҳавои тоза сайругашт кардан метавонад ба тафаккури эҷодӣ ва ҳалли мушкилот мусоидат кунад.
Дар аввал метавон дар ҳавои тоза сайр карданро аз 10 дақиқа оғоз намуда, сипас тадриҷан вақти онро зиёд намуд. Вақте ки бадан ба он одат мекунад, ҳадди аққал то 30 дақиқа онро ҳаррӯз давом додан зарур аст.
Чӣ қадаре ки дар ҳавои тоза бошед, ҳамон қадар беҳтар аст. Агар шумо вақти ками холӣ дошта бошед, сайру гашт аз 30 то 60 дақиқа кофист. Вақти беҳтарин барои дар ҳавои тоза гаштан субҳ ва шом аст.Аз ин рӯ, бисёр одамоне, ки сайру гаштҳои тулониро дӯст медоранд, камтар ба бемории зуком гирифтор мешаванд.
Ҳавои бади дохили ҳуҷра метавонад ба ҷамъшавии гази карбон оварда, оксигенро коҳиш диҳад. Он хастагӣ, нафаскутоҳӣ, ва дарди сарро ба вуҷуд меорад.
Роҳравӣ таъминоти оксигенро ба ҳуҷайраҳои майна зиёд карда, ба онҳо имкон медиҳад, то иттилоотро зудтар аз худ кунанд. Ба ин восита фишори хун ва сатҳи қанди хун ба эътидол меояд.
Ҳавои тоза барои тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи замин зарур аст. Зеро сатҳи пасти оксиген метавонад боиси чарх задани сар, беқарорӣ, заифӣ, дилбеҳузурӣ, беҳушӣ, ва ҳатто марг гардад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











