БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Зимистон

Аз ҳар боб

Зимистон барои ҷисми инсон муфид аст, зеро ҳавои сард аз оксиген ғанӣ шуда, масуниятро  мустаҳкам намуда,  фазоро безарар мегардонад.  Сайругашти зимистона, ҳатто дар ҳавои абрнок барои руҳияи инсон  муфид буда,  асабониятро коҳиш медиҳад.

Гузашта аз ин, он вирусҳо ва бактерияҳоро нобуд карда,  зарраҳои зарароварро аз ҳаво тоза мекунад. Дар фасли зимистон майнаи одам барои равандҳои фикрӣ камтар қувва сарф карда,  иттилоотро осонтар қабул мекунад. Чунки оксиген бештар ба ҷараёни хун ворид гашта,  бо ин восита  одам хеле фаъол  мешавад.

 

Зимистон барои шахс давраи оромиву  истироҳат мебошад. Бо паст шудани ҳарорат, чангу ғубор  ва аллергенҳо дар замин хобида, аксуламалҳои аллергиро коҳиш медиҳанд. Дар ин давра ҳашаротҳо  низ кам шуда, зимистонро нисбатан аз ҳашароти зараррасон тоза мекунад.

Ҳавои хунук ва тоза барои  аз  фикрҳои манфӣ дур шудан ва афсурдаҳолӣ  муфид аст. Саёҳат кардан дар ин мавсим ба   руҳияи инсон таъсири нек мерасонад.Роҳравӣ дар зимистон  истеҳсоли ҳормонҳои адреналин, норадреналин ва кортизолро коҳиш медиҳад.

Ҳарорати паст инчунин ҳолати пӯст, махсусан пӯсти равғаниро беҳтар мекунад. Ғайр аз он, сардӣ равандҳои мубодилаи моддаҳоро тезонда, таъсири ҷавонсозӣ дорад. Он дардро кунд  карда,  ҳассосияти нӯгҳои асабро коҳиш медиҳад.

Нафароне  ки аз хунукӣ лаззат бурда, худро дар ин давра эҳтиёт мекунанд, дарозтар умр мебинанд. Дар ҳавои сард машқ кардан ба барқарорсозии саломатӣ мусоидат мекунад.

Зимистон давраест, ки  барои табиат ва ҳам барои мувозинати экологӣ муҳим  буда, зинда мондани тамоми намудҳои ҳайвонот ва наботот, гардиши маводи ғизоӣ дар табиат ва тамоми ҳаёти рӯи заминро ба эътидол медарорад.

Сайру гашт дар ҳавои сард ба мубориза бо дарди сар кумак карда, хатари бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад ва гардиши хунро дар тамоми бадан беҳтар мекунад. Раҳпаймоии зимистона дар шом ба хоби бароҳат ва солим мусоидат мекунад.

Агар бистар  сард бошад, он барои коҳиш додани асабоният кӯмак карда, бедоршавии гувороро дар саҳар таъмин менамояд. Хоби босифат инчунин ба фаъолияти мағзи сар ва хотира таъсир расонда, касро  давоми рӯз ҳушёр ва фаъол гардонда, тафаккурашро  равшан ва  ҷисмашро пурқувват мекунад.

                                                                                        Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон