БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хӯроки муфид дар фасли сармо

Аз ҳар боб

 Ҳавои сард боиси паст шудани ҳарорати бадан гашта, ба ҳамин васила  иштиҳоро афзун мекунад. Зеро ғизо ҳосилшавии гармии дохилиро зиёд карда,  боиси баланд шудани ҳарорати бадан мегардад.

Дар фасли зимистон хӯрдани гӯшт, моҳии серравған, лӯбиёгиҳо, инчунин сабзавот,  меваҳо, буттамева ва  чормағз муфид аст. Дар як рӯз на камтар аз 1,5-2 литр моеъи гарм нӯшидан зарур аст.  

Маҳсулоте, ки дар фасли сармо масуниятро баланд мебардорад, ин  каду, сабзӣ, лаблабу, помидор, сирпиёз, пиёз, каду, кабудӣ,  маҳсулоти ширӣ, равғани зайтун, ва асал маҳсуб меёбад.

Ба инҳо меваю сабзавоти тару тоза ва хушк, тухму ғалладона ҳам дохил мешавад. Илова бар ин, баъзе забудаҳо (специи) хосиятҳои зиддимикробӣ доранд, ки моро аз шамолхӯрӣ ва сироятҳо муҳофизат мекунанд.

 

Чойи аз гиёҳҳо омодашуда ба нӯшокиҳои гарми  зимистон дохил мешавад, ки бадани инсонро бо моеъ ва маводи ғизоӣ таъмин карда, инчунин онро гарм  нигоҳ медорад. Чойи тару тоза бо лимӯ ва занҷабил, себу дорчин ва ҳел  (кардамон) таъми  хуш дошта,  беҳтарин  восита барои гармшавӣ мебошанд.

Дар зимистон лаблабу, сабзӣ ва шалғам маводҳои ғизоии зарурӣ ба ҳисоб рафта, аз витаминҳои С ва А бой мебошанд, ки масуниятро тақвият дода  ва аз шамолхӯрӣ ва зуком муҳофизат мекунанд.

Таъомҳо барои баланд бардоштани масуният, ки аз витаминҳо ва антиоксидантҳо бой мебошанд, метавонанд нишонаҳои хунукзадагиро рафъ кунанд. Ба инҳо меваҳои ситрусӣ, буттамева ва кабудиҳо  дохил мешаванд. Истеъмоли зиёди моеъ барои лоғар кардани луоб ва кам кардани шиддати дарди гулӯ низ  кумак мекунад. Нӯшидани миқдори зиёди моеъи гарм  метавонад барои бартараф кардани нишонаҳои хунукзадагӣ  кумак кунад.

Гап дар сари он аст, ки дар фасли зимистон бадан мелатонин ҳосил карда, ҳормони хобро зиёд мекунад, ки он барои бедор шудани иштиҳо боис мегардад.

                                                                                      Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 67)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон