БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Подоши сухани хуб

Аз ҳар боб

      Сухани нек барои инсон эҳтиром, эътирофи қадру қимати ӯ ва манбаи неруи эҳсосӣ ҳисоб меёбад. Он метавонад рӯҳияи инсонро баланд бардошта, муносибатҳоро мустаҳкам карда, шахсро барои ноил шудан ба комёбиҳои нав водор созад.  Дар лаҳзаҳои душвор касро оромӣ  бахшида, руҳияи инсонро боло мебарад. Сухани нек муҳаббат, ғамхорӣ ва самимиятро  ифода карда, барои бартараф намудани душвориҳои ҳаёт ёрӣ мерасонад.

         Ифодаи  хуб ба шахс  илҳом бахшида,  ӯро     ҳавасманд ва дар баробари  тасаллӣ  бахшидан  ҳамчунин   шифо низ  медиҳад. Ба воситаи сухани   хуб робитаҳо ва муносибатҳо миёни инсонҳо қавӣ   мешаванд.

Вожаҳои хубе, ки мо истифода мебарем, ба тафаккур ва эҳсосотамон таъсир мерасонанд. Гуфтани сухани нек кумак мекунад, ки ҷаҳонбинии некбинона ба ҳаёт инкишоф ёфта, аз эҳсосоти манфӣ ва изтироб  худдорӣ карда шавад.

Сухани нек метавонад дар лаҳзаи ноумедӣ ба кас ёрӣ расонда, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҷони ӯро наҷот диҳад. Ин аст, ки  кас бояд аз гуфтани сухани нек ҳаргиз  худдорӣ накунад.

Каломи хуб руҳияи одамро баланд бардошта, эътимодро ба худ зиёд мекунад. Сухани нек худ як дастгирии равонӣ ҳисоб меёбад, махсусан дар ҳолати ба худ боварӣ надоштани шахс лозим аст.

Меҳрубониҳое, ки дар лаҳзаҳои зиндагӣ нишон дода мешаванд, метавонанд ба инсонҳо шодӣ оварда, робитаро  мустаҳкам кунанд. Суханони шифобахш ба кас  умед бахшида,  инсонҳоро муттаҳид мекунанд.

Сухани нек на танҳо табъи шахсро болида мегардонад,  балки ӯро водор месозад то дар зиндагӣ  комёб гардад.  Сухани нек руҳи шахсро  баланд карда, дар лаҳзаҳои танҳоӣ  ба кас  қувват медиҳад. Он метавонад эътимоди шахсро  ба худ барқарор намояд.

Сухани нек на танҳо ба сухангӯй, балки ба ҷониби дигар  низ муфид аст. Шахси шунаванда каломи  некро бо хушӣ пазируфта, бо табассум онро қабул мекунад, зеро  сухани нек ҳам гӯянда ва ҳам шунавандаро руҳбаланд мекунад. 

Сухани нек қувваи қобилияти шифо додани захмҳои эҳсосӣ, илҳом бахшидан, мустаҳкам кардани муносибатҳо ва тағйир додани воқеият тавассути дарёфти умед ва дастгирӣ мебошад. Он метавонад вокунишҳои мусбати физиологиро ба вуҷуд оварда, афсурдаҳолиро коҳиш диҳад ва сатҳи ҳормонҳои хушбахтиро афзоиш диҳад. Сухани нек инсонҳоро  муттаҳид сохта, метавонад зиндагиро ҳам  рангин созад.  

                                                 Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

 

     

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 5)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон