Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Истироҳат дар табиат
Аз ҳар бобҲавои тоза системаи масуниятро мустаҳкам, афсурдаҳолиро бартараф, ақлро солим ва ҳолати руҳиро барқарор мекунад. Он ҳамчунин аз ғавғои шаҳр танаффусро фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ба машқҳои ҷисмонӣ, беҳтар кардани саломатӣ, ба эътидол овардани фишори хун вақт ҷудо намоед.
Одамоне, ки ба табиат наздик умр ба сар мебаранд, одатан солимтар буда, марги бармаҳал ба онҳо камтар таҳдид мекунад. Зеро дар табиат шахс фаъолтар буда, зиёдтар ҳаракат менамояд. Он аз бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва сактаи мағзи сар касро эмин медорад.
Ҳамин тариқ, вақти дар табиат гузаронда ба кас барои нигоҳ доштани вазни солим низ кумак мекунад. Ҳамчунин ба бадани кас таъсири мусбӣ расонда, сатҳи кортизол, шиддати мушакҳо ва фишори дилу рагҳоро коҳиш медиҳад.
Дар ҳавои тоза, махсусан дар зери шуои офтоб, бадан бо витамини D ғанӣ гардида, руҳияи мусбӣ, устухонҳо ва дандонҳоро мустаҳкам мекунад. Ҳамзамон хавфи саратон, бемориҳои дил ва диабети қандро коҳиш медиҳад. Он инчунин бехобиро бартараф карда, хоби бароҳатро таъмин мекунад.
Вақти бештарро дар табиат гузарондан ба системаи марказии асаб таъсири аҷибе мерасонад. Он хотираро хуб карда, қобилияти омӯхтанро беҳтар менамояд. Дар табиат сатҳи ҳормонҳои асабоният кам гардида, инсон хушбахту ором мегардад.
Табиат метавонад эҳсосоти мухталифи мусбӣ, аз қабили оромӣ, шодмонӣ ва эҷодкориро дар ниҳоди кас бедор намояд. Пайвастшавӣ бо табиат бо беҳтар шудани солимии равонӣ, бахусус паст шудани сатҳи асабоният ва изтироб алоқаманд аст.
Манзараҳои оромбахш ва садоҳои табиат метавонанд хастагиро бартараф карда, инсонро бардам намоянд. Дар фазои сабз будан сатҳи кортизолро коҳиш дода, фишори хунро паст ва шахсро водор менамояд, ки мушкилиҳои зиндагиро фаромӯш карда, беташвиш гардад. Сайругашт дар боғ, ё зери дарахт лаҳзае нишастан, метавонад ба руҳу тани кас ҳаловат бахшад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











