БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зодрӯзе дар шаби тор (Лавҳа)

Аз ҳар боб

Кам бонуеро дидам, ки баробар бо мардон дар мумфарш кардани роҳҳо ҳисса гузорад. Хушбахтона, ӯро вохӯрдам, ки 10 сол боз дар муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баробари мардон ҳамчун коргар заҳмат ба бор дорад. Ӯро Гавҳарбӣ унвон карданд.

 

Оташи зери дегро каме паст карда буд, ки занги телефон баланд шуд. — Боке нест, меоям, сардор, — гуфту ба писараш хитоб кард. — Бачаҷонам, аз корхона ҷеғ мезананд, муми пухта меояд, зуд рӯи роҳ мерезему меоям. Шояд аз як соат зиёдтар вақт равад. Ба дег нарасед. Ҳамин ки омадам, палов мепазам, зирбак тайёр.

Вақте ба қитъаи корӣ расиданд, шом ҳам фаро расид. Мошини мум ҳам интизори роҳсозон буд. — Тафси замин нашишта, борро фуроред, то корро сар кунем, вагарна дар бордон мечаспад, — гуфт Гавҳарбӣ ба ҳамроҳонаш. Техникаи мумрез кори худро мекарду роҳсозон аз ду ҷониб вазифаи худро ба ҷо меоварданд. Бону чусту чолок баробар бо мардон бел мезад.

— Апаҷон, шумо каме дам гиред, — меҳрубонӣ намуд саркор.

— Чаро? Маошро баробари ҳама мегирам-ку, якҷо нафас рост мекунем, боз якҷо мехезем, — шӯхиомез ҷавоб дод Гавҳарбӣ, даст аз кор барнадошта. Кор наздики ду соат давом ёфт, вале он ба охир нарасида, мошини дуюм пайдо шуд.

— Чӣ кор мекунем, бачаҳо? — хитоб намуд яке. Гавҳарбӣ боз пешдастӣ намуд:

— Давом медиҳем, бо ҳамин дасту панҷа. Роҳсозон бо шавқ ба кор часпиданд. Ақрабаки соат ба даҳи шаб майл мекард. Шабҳои аввали тирамоҳ тезтар фаро мерасанд, ба қавле шаби тор оламгир буд. Роҳи мумфарш тахту ҳамвор ба чашм мерасид, ситораҳои осмон бо моҳи нимпурра ҷӯр шуда, ба роҳи ободшуда нур мебахшиданд. Боз роҳе бунёд шуду мушкили ҳазорон нафар осон гардид. Роҳсозон аз мардум дида хурсанд, ҳамагӣ аз кори анҷомшуда мамнун буданд. Акнун ҳамкорон Гавҳарбиро то хона мегуселонданд, ӯ бошад дар фикри Саломиддин, ки гурусна хобаш бурдааст.

Бо як садои занги модар ҷигарбандаш телефонро бардошта, сӯи дар давид. — Ман дер кардам, бачаҷонам, гурусна шудӣ? — бо хиҷолат пурсид модар.

Не, ҳозир дароед, мебинем, — бо табассум посух гуфт писар.Ба хона даромадан замон рӯйи миз хони идонаро дарёфт. Мағзу чормағз, ширинию мевагиҳо бо завқи хос чида шуда буданд.

— Ман дар хонаи худам? — ҳайрон гуфт ӯ.

— Бале, модарҷон, шумо дар кулбаи иҷораи худ, дар шаби зодрӯзатон, — гӯён Саломиддин худро дар оғӯши модар дид. Чашмони бону олудаи ашк шуд.

— Хуб, акнун ман зуд деги ошро гиронам, — гӯён хост ба ошхона равад, аммо писараш пеши роҳашро гирифт.

— Ош тайёр, очаҷон!

Очаю бача гирди мизи ороста зодрӯзи модарро дар шаби тор рақамчинӣ карданд ба 52. Хотираҳо пеши рӯ меомаданд, гуфтанду хандиданду завқ бурданд ва ҳам аз сутуни хона ёд намуданду сукут варзиданд. Зодрӯзи Гавҳарбӣ дар иҷорахона мегузашту умедаш ба фардои нек боварибахш буд. Саломиддинро дилдиҳӣ кард, ки раиси ноҳия ваъда додаст, ки наздиктар ба маркази ноҳия замин ҷудо мекунаду хона бунёд месозанд.

— Ҳамин ки хона рост шуд, аз пайи арӯсии ту мешавем, бачаҷонам, — гӯён даст болои сари фарзанд бурд.

Аз лутфи хуши модар Саломиддин ҳам афзуд, муҳим шумо саломат бошед, модарҷон…

Зодрӯз барои модари роҳсозу ҷигарбандаш он шаби тор хотирмон гузашт.

                                                                                           Рустами НАЗИР,

                                                                            ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон