БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Дастнависӣ

Аз ҳар боб

     Тағйирот дар хат метавонад аз мушкилоти саломатӣ дарак диҳад. Ларзиши даст  ҳангоми навиштан мушкилоти асабро ифода менамояд. Ҳарфҳои хурд хоси бемории Паркинсон буда, хатҳои нобаробар ва ҳамоҳангии суст метавонанд аз асабоният шаҳодат диҳанд. Дастнависи мунтазам барои нигоҳ доштани фаъолияти майна муфид ҳисоб меёбад.

Олимон муайян карданд, ки одамони оқил фикрониашон фаъол буда, хатти бад  доранд. Зеро ҳангоме, ки шахс маълумотро бо суръати тез фикр мекунад ва коркард мекунад, дастҳо ба фикрашон расида наметавонанду, аз ин сабаб бесарусомон менависанд. Дастнависии ношоиста тафаккури мустақили шахсро нишон медиҳад.

Кор бо дастнавис рушди ҳаракатҳои нозуки даст, дарки фазоӣ, хотираи шунавоӣ,  устувории ҷисмонӣ ва таҳлили мантиқии садоҳо ва ҳарфҳоро такмил медиҳад.

Қобилияти зебо навиштан ба рушди эҷодкорӣ ва шахсияти шахс мусоидат менамояд. Он таҳияи услуби беназири хаттӣ ва таҳкими ҳарфҳоро бо эҳсосот дар бар мегирад.

Навиштан  тафаккури эҷодӣ ва дарки зебоиро ташаккул дода, ба инкишофи майна мусоидат мекунад. Омӯхтани барвақтии навистан, эҳсосоти мусбатро фароҳам оварда, ба кас оромӣ мебахшад.

Барои омӯзиши хислат аз дастхат истифода бурдан мумкин аст, зеро  кас  дар ҳар сатр осори шахсияти худро мегузорад. Дастнависӣ натиҷаи кори майна, чашм ва мушакҳо буда, бо шахсият алоқамандӣ дорад. Муайян кардани хислат тавассути дастнавис таҳлили ҳамаҷонибаи омилҳои зиёди хаттиро дарбар мегирад.

Навиштан қисматҳои гуногуни майнаро фаъол карда, хотира ва тамаркузро беҳтар мекунад. Ин раванд ба ташаккули робитаҳои асаб, баланд бардоштани фаъолияти маърифатӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин дастнависӣ кӯмак мекунад, ки фишорро коҳиш диҳад.

                                                                         Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 19)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон