БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вулқони Кракатау

Аз ҳар боб

 Вулқони  Кракатау моҳи майи соли 1883 оғоз шуда, санаи 26 ва 27 августи соли 1883 бо як силсила таркишҳои пурқувват ба анҷом расид. Ин офати табиӣ  аксари ҷазираи Кракатауро хароб намуда,  фаъолияти сейсмикӣ дар ин мавзеъ то феврали соли 1884 давом кард.

 

Таркиши вулқон аз маргбортарин ҳодисоти асри XIX, буд, ки харобиҳои зиёдро ба бор овард. Таркиш дар пайи худ мавҷҳои азими баҳриро ба вуҷуд оварда, 36 ҳазору 417 нафар ба ҳалокат расонд. Яксаду шасту панҷ маҳалҳои аҳолинишин  комилан несту нобуд ва  ва 132 мавзеи дигар  хисороти ҷиддӣ дидаанд.

Бедории  вулқони Кракатау пас аз муддати тӯлонии оромӣ (соли 1681) 20 майи соли 1883, вақте ба вуҷуъ пайваст, ки сутуни бузурги дуд аз таҳвияи вулқон баланд шуда,  ғурриши таркиш тирезаҳоро дар масофаи то   160 –километр ларзонд. Ҷазираҳои атрофро қабати зиёди санпора ва чанг фаро гирифтанд.

Таркиш аз рӯи ҷадвали таркишҳои вулқонӣ 6 баллро ташкил додааст. Қувваи таркиши вулқон аз 100 то 200 мегатон эквиваленти тротилро ташкил дод, ки нисбат ба таркиши Хиросима беш аз 10 000 маротиба зиёдтар аст. Дар вақти таркиш асбобҳои ченкунӣ 160 километр дуртар аз Кракатау садои таркишро бо шиддати 172 муайян карда,  ва дар маркази зилзила шиддати садо ба 310 мерасид. Олимон бар ин боваранд, ки ин баландтарин садо дар таърихи инсоният ба ҳисоб меравад.

 Дар натиҷаи таркишҳо қисми шимолии ҷазира тамоман нест шуда, се қисми хурди ҷазираи пештара  Раката, Сертунг ва Раката-Кечилро боқӣ гузоштааст. Ҳамзамон сатҳи баландшавии  қаъри  баҳр  баланд шуда,  дар гулугоҳи Сунда якчанд ҷазирахои хурд пайдо шуданд.

Сунамиҳое, ки дар натиҷаи таркиш ба вуҷуд омада, ба баландии то 30 метр мерасид, тақрибан 36 ҳазор нафарро дар ҷазираҳои ҳамсоя кушта ва 295 шаҳру деҳаро ба баҳр шуста бурданд. Эҳтимол пеш аз расидани сунамӣ бо мавҷи таркиш, ки ҷангалҳои экваториалиро дар соҳили гулӯгоҳи Сунда ҳамвор карда буд,  бомҳои хонаҳо ва дарҳоро аз ҳалқаҳояшон 150 километр дур канда, нобуд карда буданд. Таркиш тамоми атмосфераи Заминро якчанд рӯз халалдор кард.

                                                                                 Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон