БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

 Гиёҳҳои дармонбахш  

Аз ҳар боб

       Гиёҳҳои тару тозаи баҳорӣ дорои витаминҳои зарурӣ  (витаминҳои A, C, K, B) ва  маъданҳои минералӣ (калий, калсий, оҳан) ва нах мебошанд, ки барои солим мондани бадан заруранд.

Гиёҳҳои  баргдор, ки аз хлорофилл бой ҳастанд, барои безарар кардани токсинҳо ва кори ҷигар кӯмак мекунанд. Манбаи баланди нахи онҳо инчунин ба қувваи ҳозима ва рушди флораҳои  рӯда мусоидат мекунад.

Чанд гиёҳҳе, ки поёнтар ном мегирем, истифодаи онҳо барои солимии нигоҳ доштани инсонҳо давою дармони хубест.

  Яке аз ин гиёҳҳои дармонӣ,  укроп аст, ки кори рӯдаҳоро беҳтар карда ҷабби қандро дар хун суст мекунад ва барои сатҳи ноустувори қанди хун муфид мебошад.

  Арзиши асосии укроп дар ғанигии витаминҳо ва минералҳои он ба шумор меравад. Он дорои миқдори зиёди витамини С буда,  тақрибан 133 мг дар 100 грамм буда, бештар аз лимӯ ба ҳисоб меравад.

 Кашниз ҳам гиёҳест, ки сатҳи қанди хунро дар бадан паст мекунад.

Сабзаҳо баданро тоза карда ба хориҷ шудани токсинҳо мусоидат мекунанд. Ҳар як сабза, ба дараҷаҳои гуногун, дорои таъсири пешобкунанда ва хориҷкунанда буда, ҳозимаро беҳтар мекунад.  

Укроп бинобар миқдори зиёди витаминҳо (витаминҳои А, С ва В), равғанҳои эфирӣ ва минералҳо (калсий, оҳан ва магний) дар худ дошта хусусан барои саломатии занон хеле муфид аст. Он ба танзим даровардани  ҳолатҳои ҳайз кӯмак намуда, дардро сабук, нишонаҳои қатъи ҳайзро осон мекунад. Ҳангоми синамаконии кӯдак  шири модарро зиёд карда,  ранги пӯстро  зебо мегардонад.

Дар таркиби гиёҳҳое чун  спанак, бодиён ва кашниз витаминҳои А, С ва К, инчунин оҳан, калсий ва магний хеле зиёд аст. Ин моддаҳои ғизоӣ системаи масуниятро мустаҳкам намуда, мӯйи сарро  беҳтар ва устухонҳои занонро  қавӣ мегардонад.

Оби шибит  ба  пешобравӣ таъсир дошта, барои хориҷ кардани моеъи зиёдатӣ аз бадан кӯмак, варамро коҳиш ва системаи асабро ором мекунад. Чойи бодиён бошад, оромбахш дошта, дар мубориза бо изтироб, бехобӣ ва рафъи асабоният, ки дар байни занони ҳомила маъмул аст, ёрии амалия мерасонад.

                                                                                Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 7)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон