БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ЭЪҶОЗГАР
ЧеҳраҳоОн рӯз аз саҳфаи хотироти бонуи самимиву хоксор, инсони боҳунар ва истеъдоди фитридошта ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Заҳмати дусолаи ин бонуи чирадаст, ки бо тахайюлоти рангину ботаровати худ дар қалби ҳазорон ҳазор мухлисон ҷойгузин шуда буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт. Бале, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар чойхонаи он, ки натиҷаи заҳмати дусолаи ин бонуи ҳунарманд ва шогирдонаш буд, Сарвари давлат ба эъҷози дастони Насибахон Эшонова баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бояд муаллим бештар шогирдонро тарбия кунад ва мактаби ҳунармандии худро дошта бошад.
Дунёи тахайюл ва олами афсонавии эҷодиёти Насибахон Эшонова он рӯз ҳамаро ба ваҷд овард. Устод бо як гурӯҳ шогирдонаш дар Осорхонаи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» як қатор корҳои наққошӣ, кундалкорӣ ва миниатуранигориро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудааст. Ин буд, ки ба заҳматҳои шабонарӯзиаш баҳои баланд гирифт.
Ин барои ҳунарманд қадрдонии бузург аст ва маро водор месозад, ки боз ҳам заҳмат кашам, боз ҳам ҷустуҷӯ кунам ва хуллас, дар офаридани асарҳои нав ба нав масъулиятшинос гардам, - мегӯяд Насиба Эшонова.
Олами рангини ҳунарофар
Насиба Эшонова фарзанди шаҳри бостонии Хуҷанд буда, 14-уми марти соли 1962 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз айёми тифлӣ ба ҷаҳони тасвирҳо бо назари шавқ нигоҳ мекард ва аз офаридаҳои падари рассомаш Носирҷон Эшонов - барумандтарин Рассоми халқии Тоҷикистон дилаш лабрези таманноҳо мегардид. Ҳамин муҳаббат ва дилбастагиаш ба ҳунару ҳунармандӣ буд, ки касби падари бузургворро пеша намуда, барои ҳунаромӯзӣ озими шаҳри Тошканд гардид.
Солҳои 1977 - 1981 дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи П.П. Бенкови шаҳри Тошканд дар шуъбаи наққошӣ таҳсил карда, пас аз хатми ин боргоҳи ҳунар солҳои 1981–1986 дар факултаи графикии Донишгоҳи давлатии театрӣ ва рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошканд таҳсили худро давом дод. Аз соли 1989 аъзои Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шуравӣ ва аз соли 1992 аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад.
Бале, ба як бонуи ҳунарманд ба чунин зинаҳои камолот расидан ба осонӣ ба даст наомадааст. Заҳматҳои пайвастаи ҳунарманд имкон доданд, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ мухлисони худро пайдо намояд. Асарҳои ин бонуи ҳунарманд соли 1996 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш гузошта шуданд. Асарҳояш бештар дар мавзуъҳои таърихӣ, масалан, «Дар ҳузури шоҳ», «Шуҷоати Томирис», «Академик Б. Ғафуров дар Маскав», «Бобоҷон Ғафуров дар ҳузури Садриддин Айнӣ», «Фаъолияти Бобоҷон Ғафуров дар солҳои 1941 - 1945», «Бобоҷон Ғафуров дар айёми ҷавонӣ», «Симои академик М. Шакурӣ», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» эҷод гардидаанд. «Аз қаъри асрҳо» ва «Қалъаи Хуҷанд» (манзара) ва чандин асарҳои дигар низ бо маҳорату санъати хосса офарида шудаанд. Ҳамчунин, асарҳои «Зан агар оташ намебуд», «Гулдаста», «Гулдухтарони тоҷик», «Фалсафаи зан», «Тӯйи арӯсӣ», «Бар дӯши зан», «Силсилаи натюрмортҳо», «Гарнитури наққошии шашкунҷа» ва чанде дигарон мухлисони худро пайдо кардаанд.
Насиба Эшонова соли 1996 барои офаридани симои Бобоҷон Ғафуров бо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ қадр гардид. Ин бонуи мониқалам, ҳамчунин, барои офаридани рӯи китоби Матлубаи Мирзоюнус «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» Ҷоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандиро ноил шуд. Соли 2012 раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин шуд. Дар баробари тасвири манзараю асарҳои гуногуни таърихӣ аз соли 1996 муаллими калони кафедраи расм ва мусаввирии факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Аз соли 2012 аъзои Академияи мусаввирони Тоҷикистон аст.
Аз оғози фаъолият Насибахон Эшонова дар ҷодаи санъати тасвирӣ ҳамчун рассоми касбӣ қадами устувор гузошт. Асарҳои тозаэҷоди ӯ дар намоишномаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Ба муносибати ҷашни 90-солагии Бобоҷон Ғафуров як силсила асарҳо доир ба зиндагиномаи академик эҷод кардааст, ки он дар осорхонаи эшон маҳфуз аст. Устод дар баробари рассоми касбӣ будан боз фаъолияти омӯзгорӣ низ дошта, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ саҳми босазо дорад. Шогирдони рассом дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо асарҳои худ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Рассом тули беш аз 40 соли фаъолияти эҷодиаш корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Асарҳои ин рассоми чирадаст услуби хоси миллии нигориш пайдо намудааст. Чор асари эҷодкардаи устод дар чойхонаи Осорхонаи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Хуҷанд дар мавзуи таърихӣ буда, он се жанри ҳунарҳои халқиро ҳамчун наққошӣ, кундалкорӣ ва миниатюранигориро дар якҷоягии моҳирона омехта намудааст, ки навоварӣ дар санъати тасвирии тоҷик мебошад. Орзуи дилписанди Н. Эшонова ин аст, ки силсилаи суратҳо, шабеҳаҳо ва манзараҳои табиати зебои Тоҷикистонро тасвир намояд ва дар баробари он чун ҳамеша шогирдони зиёдеро тарбия кунад. Симои зани зебо, боназокат, дилбар, офаридгорро зани меҳрубон, зебо ва эъҷозофар рӯи лавҳа оварда метавонад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мавсуф чунин фазилатҳоро қодир аст.
Хизматҳои ин бонуи ҳунарманд соли 2023 бо медали Хизмати шоиста қадр шудаанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд