Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фишангҳои иқтисодӣ дар дасти бонувон
ЧеҳраҳоФаъолияти пешоҳангонаи бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳазорон тан модарону хоҳарон бо касби илму ҳунар дар арсаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти назаррас доранд. Гарчанде роҳбарони бахшҳои саноату савдо ва соҳибкорӣ аз ҳисоби бонувон камшумор бошанд ҳам, аммо ба инобати нақши пешоҳангиву саҳми муҳими онҳо дар рушду пешрафти иқтисоди кишвар метавон боварӣ ҳосил кард, ки мурури баҳрамандӣ аз ин таҷрибаву мактаби омӯзанда сафи кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби ҷавондухтарон бамаротиб хоҳад афзуд.
Бадахшон Амризода аз ангуштшумор бонувони иқтисодчӣ аст, ки ба симати муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарии самти иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти соҳаҳои саноату савдо, бонк ва соҳибкориву сармоягузориро ба уҳда дорад. Ба андешаи пешрафту дастовардҳои як бонуи иқтисодшинос аз муҳити хонавода ва ҳамдигарфаҳмиву дастгириҳои аҳли хонавода вобастагии зиёд дорад, то дар баробари фаъолияти меҳнатӣ донишу касбияти худро такмил дода, аз иҷрои идоракунии фишангҳои иқтисодӣ ба хубӣ баромада тавонанд.
Шояд касбияти зодмандон, ки яке дар ҷодаи омӯзгориву таҷрибаи роҳбарии муассисаи таълимӣ ва дувумӣ ҳамчун ҳисобдори Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Бохтар фаъолият доштанд, дар тарбияву ташаккули зеҳнии мо саҳми арзанда гузошт. Ин буд, ки бар замми орзуҳои овони мактабхонӣ, ҳамзамон, шавқу алоқамандии беҳад ба фанҳои дақиқ доштем, - айёми мактабхониро ба ёд меорад Бадахшон. – Агарчанде баъди оиладор шудан, аз таҳсил дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав канор рафта бошам ҳам, малакаҳои фитрӣ ғолиб омаданд, ки гузори собиқаи чаҳорсолаи фаъолият ба ҳайси иқтисодчии Ҷамъияти саҳомии «Вахш»-и шаҳри Бохтар, дубора ба донишҷӯӣ пардохта, ин навбат таҳсилро аз факултаи иқтисодии Коллеҷи махсусгардондашудаи ин шаҳр оғоз бахшидам.
Солҳои 1998 - 2000 иқтисодчии идораи омори шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) ва баъдан панҷ сол иқтисодчии дараҷаи як ва мутахассиси пешбари шуъбаи савдо ва хизмати пулакии Кумитаи омори вилояти Хатлон фаъолият намуда, дар ин миён факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кард. Солҳои 2005 - 2023 сардори шуъба ва раёсатҳои омори ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва шаҳри Бохтар буд. Аз январи соли 2023 тариқи гузариш ба мансаби сардори раёсати омори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва аз моҳи майи ҳамон сол ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Кӯшониён таъин гардид.
Фаъолияти ӯ дар ин ҷода ба даврае рост меояд, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ раванди рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия суръати тоза пайдо карда истодааст. Аз рӯйи нишондиҳандаҳо соли равон дар қиёс ба дурнамо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти 43 корхонаи саноатии ноҳияи Кӯшониён ба 120 дарсад баробар гардидааст, ки ин аз татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида дар марҳалаи гузариш аз кишвари аграрӣ ба агросаноатӣ арзёбӣ мегардад.
Ба бовари масъули соҳаи иқтисодии ноҳия дар заминаи захираву имкониятҳои мавҷуда метавон бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар ҳудуди Кӯшониёни бостонӣ даҳҳо корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ва садҳо нафар сокинонро бо ҷойи кор таъмин кард. Аз ҷумла, моҳи июли соли ҷорӣ як коргоҳи бузург ва ду корхонаи хурд ба истифода дода шуда, моҳҳои наздик, дар заминаи корхонаи ҶДММ «Вахш-Саноат» коргоҳи дучархаҳо ва нақлиёти хурди дизелӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз мебахшанд, ки бо татбиқи ин лоиҳа 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 235 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 50 дарсади онҳо иҷро гардиданд, - афзуд Амризода Бадахшон. - Баробари дастовардҳои назаррас дар марҳалаи гузариш аз кишвари аграрӣ ба агросаноатӣ ва иҷрои Барномаи рушди мошинсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025, ҳамвора соҳаи кишоварзии ноҳия низ рушду ривоҷ намуда, кишоварзони мо, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бозорҳои Тоҷикистонро бо меваю сабзавот ва полизиҳо таъмин мекунанд. Илова бар ин, аз ҳисоби ҳамасола иҷро гардидани дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ва рушду тараққиёти коргоҳҳои хурду бузурги дӯхти либоси мактабӣ сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ боло рафта, сол аз сол нишондодҳои оморӣ дар самти таҳкиму ғанигардонии буҷети маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ рӯ ба болоравӣ доранд.
Таъмини талаботи аҳолии ноҳия бо либоси мактабӣ, ғанигардонии бозорҳо бо маҳсулоти аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли муҳимтарин маҳсулоти ниёзи мардум, ки солиён аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва, ҳамзамон, бунёду ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсоли дучархаву нақлиёти хурди дизелӣ аз дастовардҳои бузурги солҳои охир дар ноҳияи Кӯшониён арзёбӣ мегардад, ба татбиқи ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати кишвар нигаронда шудааст. Дар масири саъю талошҳои ватандӯстона ба хотири вусъати тоза бахшидани чархи иқтисодии мамлакат бонувон ба унвони пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ба вижа, руҷуи хушбинонаи бонувон ба хотири бозомӯзиву такмили ихтисос ва ба даст гирифтани фишангҳои иқтисодӣ бозгӯи фаъолгардии насли замони муосир ва самараи неки сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа мебошад.
Аз таҷрибаи дар пайроҳаи орзуву ҳавасҳои хеш андӯхтаам, ба дарки ин нукта расидаам, ки барои тарбияву омодасозии кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи иқтисодиёт, пеш аз ҳама, худи ҷавондухтаронро азму иродаи устувор ва ҷидду ҷаҳду шӯри мубориза барои расидан ба ҳадафҳои хеш мебояд. Чаро ки маҳз ҳамин зарфиятҳо омили дар ин синну сол ба вазифаҳои роҳбарии маҳз риштаи иқтисодӣ муваффақ гардиданам мебошад. Чун дар ин айёми умр, ки фарзандонро ба воя расондаам, аз уҳдаи ҳамаи масъулиятҳои хонаводагӣ мебарояму набераҳоям лаҳзаҳои фориғ аз кор рӯзҳои истироҳатиамро рангину фараҳбахш месозанд.
Аз баракати неъматҳои зиндагӣ бо хотири осудаву хушвақтӣ фаъолият бинмуда, дар ин миён факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусравро хатм намудам. Ҳоло дар мавзуи «Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар раванди гузаштан аз кишвари аграрӣ ба агросаноатӣ» рисолаи номзадӣ омода карда истодаам. Яъне, бонувони иқтисодчӣ беҳтарин шароиту имкониятҳои фаъолият дар самтҳои иқтисодиву кишоварзиро дошта, имкони таҳқиқ, пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва саноату соҳаи бонкдориро доранд, ки бо саъю талош дар арсаҳои илму истеҳсолот ба дастовардҳои бузург мушарраф гарданд, - иброз дошт дар фарҷом муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Бадахшон Амризода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Кӯшониён