Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Омина Рустамова:«Мехоҳам шореҳи футбол бошам»
Чеҳраҳо / ВарзишЗиндагии духтарак тобишҳои рангинеро дорост. Ҳанӯз аз овони мактабӣ чун ситораи хурдакаке миёни ҳамсинфон дурахшид. Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Кӯлоб тамоми чорабиниҳои мактабиро ба ӯ бовар мекарданд. Ин бовариву эътиқоди устодони мактаб ба вай масъулияти бештаре мебахшид, ки ӯ рӯйи истеъдоди худ пайваста кор кунад. Ба ашъори классикон мароқи бештаре дошту зиёд китобҳои назмиро мутолаа мекард. Рост дар назди оина шеъру ғазалҳои классиконро қироат менамуд ва дар хаёл худро дар саҳнаҳои бузурги телевизион медид.
Ҳама орзуҳои некаш имрӯз ҷомаи амал пӯшидаанд. Омина Рустамова муҳаррир ва наттоқи барномаҳои иттилоотии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» буда, дар ин баробар ӯро дар бисёре аз рӯйдодҳои фараҳбахши сатҳи шаҳрӣ ҳамчун ровӣ дидан мумкин аст. Ӯ бо чеҳраи зебои тоҷикона ва чашмони бодомияш ту гӯӣ, ки гули аввали баҳор аст.
Суханронияш дар назди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 роҳкушое баҳри амалишавии орзуҳои некаш гардид. Натиҷаи ҳамин сафар буд, ки Омина бе супурдани имтиҳон ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид. Вай ҳанӯз дар синфи 8-ум мехонд, ки дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ҳамчун волонтёр фаъолият мекарду ба гирифтани Стипендияи президентӣ мушарраф гардида буд. Навҷӯиву навоварӣ шиори доимии ӯст. Ҳамин буд, ки иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ буд. «Ҳарчанд дар даври ҷумҳуриявӣ мақом наёфта бошам ҳам, худро мағлуб намеҳисобам, зеро тамоми китобҳои хондаам дар кору рӯзгорам нафъ мерасонанд», - андеша дорад вай.
Устодон
Падару модар ва бобояшро устодони аввалини худ мешуморад. Маҳз онҳо буданд, ки рағбати китобхониву китобдӯстиро барояш талқин намуданд. Вай аз рӯйи ақидаи «Ту бигӯй дӯстат кист ва ман бигӯям ту кӣ ҳастӣ» амал намуда, ба ҷуз дӯстони ҳамсин боз дар доираи дӯстонаш нафарони донишманду рӯзгордидаро ҷой додааст, ки аз рӯйи маслиҳату машварати онон кор мегирад.
Барои муваффақ шудани шахс аввал бояд муҳаббати донишро аз кӯдакӣ дар дилаш ҷой намоӣ ва бо бузург шудан ин муҳаббату хоҳишҳо бо ӯ якҷо бузург мегарданд. Модарам зиёд мехост, ки духтур бошам, вале муҳаббати ман пойбанди пешаи рӯзноманигорӣ буд. Волидонам диданд, ки ман дилбохтаи ин касбам, ёрӣ расонданд, ки ба мақсад бирасам. Дар интихоби касб зодмандон бояд фарзандро маҷбур насозанду баръакс, мадад намоянд, - андеша дорад Омина.
Дар аксари кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидору бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шуда, аз ҷониби давлат эътироф гардидаанд. Замони соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намуда, мақому манзалати онҳоро боло бурд. Хусусан, дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони Ватан руҳу равони дигаре бахшида, онҳоро ба ояндаи дурахшон равона менамоянд:
«Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад».
Роғиб
Омина аз зумраи ҷавононест, ки дар обу ҳавои замони соҳибистиқлолӣ сабзидаву нумӯ кардааст ва дар қалб орзуҳои зиёде дорад, ки мехоҳад онҳоро амалӣ созад. Вай донандаи хуби забонҳои хориҷӣ буда, мехоҳад дар Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» шореҳи бозии футбол бошад. Чун то ҳол ягон нафар шореҳи бозиҳои варзишӣ аз ҳисоби бонувон дар кишвар омода нагардидааст ва Омина мехоҳад яке аз аввалинҳо дар ин самт бошад. Пайи ин орзу аз устодони соҳа маслиҳат мегирад ва ба кору пайкори онҳо бо шавқ менигарад.
Вай аз он афсӯс мехӯрад, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонон оворагардони шабакаҳои иҷтимоӣ буда, вақти пурқимати хешро ба тамошои видеоҳои мазмунан паст сарф менамоянд. Бехабар аз онанд, ки вақт дубора барнамегардад. Ва ин айёми тиллоии умр зудгузар аст. Замоне ба худ меоянд, ки аллакай дер шудааст…
Хушоянд аст, ки тули 26 соли ахир ҷавондухтарон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тариқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, чун мутахассиси маълумотдор боз ба зодгоҳ бармегарданд.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 26 соли таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст. Мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2023 - 2024 барои таҳсили писарону духтарони деҳоти дурдасти мамлакат 1279 квота ҷудо шуда, аз ин теъдод 60 дарсади квота барои духтарон ихтисос дода шудааст.
Ҷавононро мебояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваста намуда, тамоми неру ва тавоноии хешро баҳри рушди иқтисодиёт, устувории Ватан, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ сарф намоянд.
Фарзона ВОСЕЕВА