БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳамнаво бо набзи Истиқлол

Чеҳраҳо

  Шаҳри Ваҳдат дар фосилаи 30 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир буда, мақоми тобеи ҷумҳуриро дорад. Шаҳри сернуфус ва дар ҳолати рушд асту биноҳои серошёна ба таври бесобиқа қомат меафрозанд. Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маъмулан дар марказ ва бо намои ошно бо дигар мақомоти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чун шиносномаи он зуд ба чашм мехӯрад. Сарфи назар аз гармои тамуз, кормандону корафтодагон дар саҳн ва дохили бино равуо доранд.

Дар ошёнаи аввали бино ҳуҷраи калоне дар миён бо мизи кориву курсиҳо ҷой дорад, ки ду ҳуҷраи кории дигарро ба ҳам мепайвандад. Инҳо ҳуҷраҳои кории муовинони раиси шаҳри Ваҳдат аст. Бо вуруд шудан ба ҳуҷраи самти чап толори барҳавову назаррабое мушоҳида мегардад. Поку озода, пур аз гулҳои тубакии атрогин, ки бехи ҳар кадоме аз ниҳолаконро сангҳои аҷаб суфтаву рангдода зеб медиҳанд. Аён аст, ки ҳуҷраи кории бонуи озодатабиату ободкор аст.

 

Дафтари кории Шоира Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат оид ба корҳои идеологӣ ва иҷтимоиёт, ғайр аз гулҳои хурду бузург ҷевоне дорад пур аз китобу ҳуҷҷату санадҳо, ки ҳам даруни рафҳо ва ҳам рӯйи мизи корӣ ҷой ёфтаанд. Китобҳо – зеббахши олами ботинии инсонҳо, бозгӯйи тинати пур аз амвоҷи маонии бонуи хушчеҳраву нуронӣ Шоирабонуст, ки дар симои гарми тоҷиконааш осоре аз кибру ғурурро наметавон дарёфт. Субҳи солеҳон то поси шаб дар коргоҳ банди кор асту масруф ба иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда. Суҳбати ҷолибе атрофи фаъолияти ӯ гарм шуд.

Ҷавонони имрӯза бояд худшиносу худогоҳ, ватандӯсту зирак бошанд. Омӯзгорон, волидон, ҳар шахси ботаҷрибаву рӯзгордида дар тарбияи насли имрӯз беэътиноӣ накунанд, дар ин самт бояд саҳм гузоранд. Зеро аз рӯйи таҳлилҳо раванде, ки ба пешравии идеологияи кишварҳо таъсири ногувор мерасонад, бетарафист. «Дунё хатарнок на аз он аст, ки бархе бадӣ меоранд, балки аз он дар хатар аст, ки баъзеҳо ин бадиҳоро мебинанду бетарафанд», - ангоштааст олим ва ҳам файласуф Эйнштейн. Имрӯзҳо вазъи ҷаҳон ҳассосу ноором аст, нагузорем, ки ҷавонони аз сиёсат ноогоҳ раҳ ба хато баранду қурбони дасисаҳо гарданд. Дастгоҳҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо неруи бузургеанд, ки метавонанд дар худогоҳии мардум нақши калидӣ бозанд. Идеологияи миллӣ омили муҳими худшиносӣ ва мо, масъулони соҳаи идеологӣ, чашму дили мардум дар маҳалем, - мегӯяд Шоирабону.

Бар он бовар аст, ки шуруъ аз шаҳрдорӣ, муовинон, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занону оила ва дигар соҳаҳо сар аз як гиребон бароварда, пайваста миёни мардум бошанд ва бо корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир намудани чорабиниҳои варзишӣ, дар сатҳи баланд гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба ин васила афрӯхтани шуълаи донишандӯзӣ дар қалби сокинон, ҷалби духтарон ба таҳсил, иштироки бештари бонувон дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар, рушди ҳунармандӣ, омӯзондани пеша, фаъолгардонии бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи насли наврас дар рушди бесобиқаи мамлакат бояд саҳми шоён гузоранд.

 Боиси хушнудист, ки дар шаҳри Ваҳдат се муассисаи давлатии таълимӣ - Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи омор ва Коллеҷи сайёҳӣ, ки сеюмӣ бевосита дар минтақаи сайёҳии дараи Ромит воқеъ аст, дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз намудаанд. Ҳамчунин, Литсейи касбӣ-техникӣ ва Маркази эҷодии кӯдакон барои донишандӯзӣ ва рушди ҳунарварӣ даргоҳи амалишавии умеду орзуҳои хонандагонанд. Муҳассилини мактабҳо метавонанд фориғ аз дарс бо машғулиятҳои гуногун, ки беш аз 12 - 13 номгӯянд, фаро гирифта шаванд. Дар ин радиф, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тренингии «Корвони умед» ба занону духтарони хонашин ва бонувоне, ки дучори вазъи душвори зиндагианд, омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагиро ройгон роҳандозӣ менамоянд. Баъди курсҳо хатмкардаҳо соҳиби шаҳодатнома мегарданд, - тазаккур дод Шоирабону.

Мекӯшад, ки сафи бонувони фаъол, донишманду муваффақ афзояд ва дар радифи духтарону занони шаҳр аз зинаҳои поёни синнусолӣ, яъне шуруъ аз кӯдакистон духтараконро ба ҷодаҳои роҳбарӣ омода намоянд. Хосса, ба ҳар як суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшу ҳуш дода, аз дастурҳои он нақшаҳои зиёдро барномарезӣ менамояд. «Ҳар як қадами мо, рафтор, кирдор, сухан ва фаъолияти мо ҳама фарҳанг аст, агар фарҳанг набошад, инсон ваҳшие беш нахоҳад буд», - ин қандвожаҳо аз забони наҷотбахши миллат сахт ба лавҳи хотираш нақш бастаанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо ҳунармандон, ҳавасмандсозии онҳо, рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ, дар тамоми чорабиниҳо таъмини иштироки фаъолонаи онҳоро қарзи виҷдон медонад.

 Хеле мутаассир гаштам, вақте дидам тарроҳон асари безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро мутолаа карда, дар пироҳанҳои миллӣ нақшу нигори либосҳои қаҳрамонони он давраро дарҷ намудаанд. Аз ин бармеояд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари дилхоҳ меоранд. Ҳунарҳои миллӣ, фарҳанги ғании тоҷикро мебояд дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намоем, то ҷаҳониён аз тоҷвариву фарҳангсолории мардуми мо бештар огаҳӣ ёбанд, - меафзояд ӯ.

Ин бонуи хушбину хушбаён хулқи волои инсониро аз зодмандонаш ба мерос гирифтааст. Модараш табиби амрози занона, қиблагоҳаш - ҳунарпеша Абдуғаффор Абдураҳимов, хатмкардаи Институти санъати театрии Россия дар ҳайсияту шахсияти сехоҳарон нақши созгор гузоштаанд, ки хоҳари бузургаш пайраҳаи модарро пазируфта, табиби амрози занона ва хурдӣ чевари гулдаст гаштанд.

 

Шоира Абдуллозода низ нахуст мехост мисли модар табиби ҳозиқ гардад. Вақте соли 1993 мактаби миёнаи № 1-и ба номи Н.К. Крупскаяи шаҳри Ваҳдатро бо баҳои аъло хатм кард, вазъи ноороми он солҳо монеи амалишавии орзуяш гардид. «Омӯзишгоҳи ҳамин ҷоро хон, оромӣ ки шуд, ба Душанбе маълумоти олигирӣ меравӣ», - гуфт модар. Ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат дохил шуд ва бо дипломи сурх онро хатм кард. Оила бунёд намуду се фарзандро ба воя расонд. Соли 2011 ҳамчун омӯзгори кори ҳамшираи тиб фаъолиятро дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат оғозид ва, ҳамзамон, факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Соли 2014 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» тағйири ном кард, ки номбурда тайи 15 сол дар ин даргоҳ таълим дода, 5 соли охир ҳамчун муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият бурд.

 Дар Коллеҷ беш аз 2500 донишҷӯй таҳсил мекард, ки аз ин шумора 300 нафар писарон буданду боқӣ духтарон. Ҳамеша назорат мебурдем, то духтарон Коллеҷро пурра ба итмом расонанд, зеро дар аксари ҳолатҳо волидон онҳоро ба шавҳар медоданду хонаводаи ҳамсар монеи идомаи таҳсили духтарон мешуданд. Мекӯшидем онҳоро бовар кунонем, ки духтар бояд таҳсилро поён бараду соҳиби диплом гардад, то фардо манфиати ӯ ба хонавода расад, - изҳор дошт муаллим.

Муддате Шоирабону ҳамчун мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Ваҳдат буд. Аз моҳи феврали соли 2023 муовини раиси шаҳр таъин гашт. Иқрор аст, ки дар ин масир масъулияти баланд мебояд ва омода аст чун сарбози артиш содиқона ба Ватан хизмат намояду ба боварии зиёде, ки Пешвои муаззами миллат ба бонувони кишвар доранд, сазовор гардад.

Ситора АШӮРОВА,

Душанбе – Ваҳдат - Душанбе

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон