БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Саркорбонуи мумтоз
ЧеҳраҳоДар пиндори шарқиён, ки аз дарозои таърих шакл гирифтааст, бонувон аз ҷинси латифу заифанду тавони ба сомон расондани корҳои вазнини ҷисмониро надоранд. Бо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ин пиндори яқин рӯз аз рӯз ба шубҳа бадал мегардад. Зеро бонувон дар тамоми самти корҳое, ки барои мардон мушаххас шудаанд, қувваозмоӣ кардаву ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳалимабону Асадуллоева дар шаҳри Ваҳдат бонуи матиниродаву боғурурест, ки дар такя ба ҳамсафари ҳаёти худ ба биносозӣ машғул аст. Ҳамагон ӯро ҳамчун саркорбонуи боғайрате мешиносанд, ки дар баробари фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шуғл меварзад.
Ҳалимабону чун аксари духтаракони гулдасти тоҷик аз хурдӣ ба чеварӣ муҳаббат дошт. Пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи дӯзандагии шаҳри Душанбе дохил шуда, муддати се сол нозукиҳои касби дӯзандагиро ба таври комил аз худ намуд.
Дар баробари дӯзандагӣ аз хурдӣ орзу доштам, ки дар ҷомеа шахси намунавӣ бошам. Солҳои 1990–1994 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ будам. Мутаассифона, вазъи ваҳмовари кишвар дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ имкон надод, ки таҳсилро дар шуъбаи рӯзона идома диҳам, - ба ёд меорад Ҳалимабону.
Ҳунармандии ӯ дар солҳои душвори баъдиҷангӣ зиндагиашонро сомон мебахшид. Пас аз хатми Донишгоҳ ҳамчун омӯзгори таълими меҳнат соли 1994 фаъолияти кориро дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси мушовир ва омӯзгори гурӯҳи дӯзандагӣ оғоз намуд.
Дар солҳои барқароршавии пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ниёзи аҳолӣ ба омӯхтани касбу ҳунар афзуд. Ин талаботи ҷомеа Ҳалимаро такон дод, то маркази ҳунаромӯзиро ташкил намояд. Бо дастгирии ҳамсафари ҳаётии худ, ки тоза оила барпо кардаву зиндагии гуворо доштанд, ҶДММ «Меҳрат»-ро таъсис дод.
Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оромии кишвар тамоми имкониятҳо барои рушду камоли ҳар шахс фароҳаманд. Дар солҳои душвори барқароршавӣ, ки мардум бо тарсу афсурдаҳолӣ ба сар мебурданд, ба пойтахт рафта, касбу дониш андӯхтан на ба ҳар кас муяссар мешуд. Дар маркази мо мутахассисон ба хоҳишмандон пазандагиву қаннодӣ, тарроҳиву дизайн, бурандагиву дӯзандагӣ ва забонҳои хориҷиро ёд медоданд.
Омӯзиш то 4 моҳ идома меёфт ва дар як давраи таҳсил то 150 нафар духтаракон аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои гирду атроф соҳибкасб мегардиданд. Марказ дар давраи фаъолият дар мувофиқа бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат бонувони зиёди лаёқатмандро касб омӯзонда, бо шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ин ниҳод бо ҷойи кор таъмин намудааст.
Дар баробари роҳбарии ҶДММ «Меҳрат» Ҳалимабону курси дӯзандагиро худ пеш мебурду ба ҳар хонанда алоҳида дар варақ андозаву тарз ва асосҳои дӯзандагиро нишон медод. Баъди азхудкунии дарздӯзӣ мувофиқи хоҳиши довталабон ба онҳо паҳлуҳои гуногуни чеварӣ омӯзонда мешуд. Имрӯз аксарияти он ҳунарҷӯён дар кори худ соҳибноманду аз ин касб рӯзгори хешро шоиста таъмин мекунанд ва аксар фарзандонашонро низ барои омӯзиши касб назди устоди сахтгиру раҳнамои худ меоранд.
Ҳунарманди мумтоз соли 2014 курси дӯзандагии худро дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат ба роҳ монд. Фаъолияти назаррас ва чашмикордонии ӯро ба назар гирифта, аз оғози соли равон ӯро директори муассисаи мазкур интихоб намуданд.
Самти дигари фаъолияти мо соҳибкории сохтмонист. Баъди барҳам хӯрдани ҶДММ «Меҳрат» аз соли 2018 бо аҳли хонавода тасмим гирифтем, ки дар сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бикӯшем.
Вақте пурсидем, ки ба уҳдагирии сохтмони бинои баландошёна барои як бону магар миёншикан нест, табассуми малеҳ дар лабону ашк дар чашмон ҳалқа зад:
Ҷавонии мо дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сипарӣ шудааст. Бо ҳазорон садду шикаст ва монеаҳо тавонистем баҳри пеш бурдани зиндагии худ талош варзем. Ба қавле дар ин майдон обутоб ёфтем ва имрӯз рақобатҳо ва душвориҳои кори созандагӣ сабуку осон метобад. Оромиву соҳибистиқлолӣ, дастгирии занон дар сатҳи Ҳукумат ва ғамхории пайваста ба ин қишри ҷомеа дар ин роҳи душвор моро руҳбаланд мекунад. Дигар ин ки фаъолияти соҳибкории мо оилавист ва ману шавҳарам дар такя ба ҳамдигар ин кори душворро пеш мебарем.
То кунун як бинои нуҳошёнаи истиқоматии иборат аз 48 хонаро ба истифода додем. Дар ҳар ошёна чор хона ҷойгир буда, хонаҳо аз 40 то 80 метри мураббаъ масоҳат доранд. Дар ошёнаи аввали бино марказҳои замонавии хизматрасониву савдо ҷойгиранд. Сохтмони бинои дуюми баландошёна дар ҳоли анҷомёбист, ки ният дорем то Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорем, - мегӯяд соҳибкорзан.
Бонуи биносоз шароити иқтисодии оилаҳои ниёзмандро ба инобат гирифта, барои соҳиби хона шудани онҳо як қатор имтиёзҳоро пешниҳод кардааст. Ҳарчанд хостем аз амалҳои неку савоб ва хайри бону суҳбат кунем, намехост расонаӣ шавад. Ӯ мақоли машҳури «Меҳнат кунӣ - роҳат мебинӣ»-ро шиори зиндагии худ қарор додааст ва ба қавле, ҳар шаб аз худ мепурсад, ки имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардааст.
Ҳалимабону Асадуллоева дар кори роҳбарӣ низ аз худ малакаи хуб нишон медиҳад. Дар маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Ваҳдат мутахассисони арзандаи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро ҷалб намуда, кӯдаконро ба омӯзиши ин фанҳо фаро гирифтааст. Шогирдони ин марказ дар тамоми чорабиниҳо ва олимпиадаву сабқатҳои илмии шаҳру минтақа ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Омӯзгору роҳбар, соҳибкору биносоз Ҳалимабону дар оиладорӣ низ намунаву сарфароз аст. Модари сахтгиру модаркалони ғамхор тавонистаанд ҷигарбандони худро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ба камол расонанд. Фарзандон идомадиҳии пешаи волидон, меъмориву тарроҳиро интихоб ва дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили илм доранд. Муваффақиятҳои хешро ин хонаводаи соҳибноми шаҳри Ваҳдат аз сулҳу амонӣ ва истиқлолу шукуфоии Тоҷикистони азиз медонад.
Мафтуна ҚОСИМЗОДА