БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Соҳиби ситораи тилло

Чеҳраҳо

Донишҷӯйи курси аввали шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам. Бо супориши устоди зиндаёд Хӯҷабек Зулфиқоров барои навиштани тақриз аз китобхонаи Фирдавсӣ очеркҳои рӯзноманигори фаронсавӣ Пол Вайян Кутерйеро гирифта хондам. Очерки машҳури ӯ «Дар меҳмонии Ҳоҷибоев» таассуроти бузурге бахшид. Тақризи хубе таҳия ва нашр кардам. Вале он замон тасаввур намудан, ки рӯзе ба хонаводаи ин марди шариф меҳмон мешавам ва дидор бо Бароат, духтари ин марди сарсупурдаи миллат Абдураҳим Ҳоҷибоев, нахустин Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро ба миллати тоҷик бахшидааст, афсонаро мемонд.

Ин ошноӣ бисту чор сол пештар аҷаб афтода буд, гоҳи як шоми шафақрез.…Бо кушодани дарвозаи ҳавлӣ бӯйи баҳор омад ба димоғ. Баҳори биҳиштоғӯше, ки шамими гулу раёҳин дошт. Раҳбалади ман шоири ширинсухан буд.

 Марҳабо, ба ошёни париҳо!

Як назар фирефтаи боғи меварез, рӯ ба рӯ нигаҳи меҳрбори Фарзона, фаротар ду фариштаяки ба шавқ сӯйи ман тозонро дида, пай набурдам, ки зани гармчеҳраи солхӯрдае нарм-нарм ба истиқболам меояд.

 Модарам! – муаррифӣ намуд Фарзона дар ғояти меҳр.

 

Бори аввал ӯро медидаму хаёлам сад сол наздик будаву ошно, ки оғӯш гирифтем.

Ворид мешавам ба «толори бесақфи ҳавлии модар ҳамроҳи модар», ки ӯ тасвир дар шеъри Фарзона аст ҳанӯз…

…Мубашири субҳ аст.

Аз панҷаҳои нозуки ӯ мусиқии субҳ метаровад,

Аз чашмҳои умрдидаи ӯ ҳолиё фасли шукуфоии имон аст.

Ҳанӯз бовар дорад, зиндагӣ зебост,

Нур аз равзанаҳо салом мегӯяд.

Вақт чун оби равон мегузашт. Тарсам аз он буд, ки шаб расидаву суҳбати гарму ширини мо нотамом монад. Ҳушу гӯш ба садои ширин, ҳарфу ҳиҷои чида, лаҳни шакаррези гуфтораш додам. Ду фариштаҳаки нозанини Фарзона – Шоҳонаи хушгӯву Шаҳнавози беқарор ба рашки суҳбати самимиву тулонии мо бо қум-қуми кабӯтарӣ дар канори бибии меҳрубон нишаста, бо ин ё он суоли хеш диққати маро ҷалб кардан мехоҳанд.

– Чӣ бахте! Аҷаб дӯст медоранд шуморо ин гулпаракон.

– Ман ҳам модаркалонамро хеле дӯст медоштам. Бе қиссаву афсонаҳои ӯ хобам намеомад. Шояд, ҳама модаркалонҳо аз модар андак беҳтар бошанд ё набераҳо ширинтар? – ҳардуро навозишкунон табассум мекунад Бароат Ҳоҷибоева.

– Ишқи шеъру адаб ва сеҳри суханро дар дили Муаззамаю Матлуба ва Иноятҷони ман, пештар аз ман, модари шеърдӯсту шеърпарварам андохтааст. Тарбияти фарзандонам ба шарофати он кас. Чунки аксар вақти ман пайи омӯзиш, таҳлилу таҳқиқҳои илмӣ мегузашт. Чарх гардон аст, акнун навбати ман расидаст. Қарзро бозгардондан лозим. Фароғати ман бо наберагон базавқ мегузарад. Пирӣ кӯдакии фаромӯшшуда мебошад, шояд аз ин ҷиҳат ҳам модаркалону набера зуд забон меёбанд, якдигарро мефаҳманду гӯш мекунанд, дар тарбият он чи ба модар муяссар намегардад, модаркалон ба осонӣ уҳда мекунад…

Вақт ҳамоно медавид. Гурезон чу кӯдаки бозигаре. Ба фиреб, мехоҳам боз дорам фурсате, намешавад. Ва дар интиҳои суҳбат, дар оғӯши шаби ялдои ситорарез ба рӯям даричаи дунёи пурасроре боз мешавад. Дунёи розу ниёзе, ки дар оинаи дили кӯчаки як зани порсо ғунҷидаст. Маҳи дурахшонеро мемонад ин зан дар кошонаи хирад. Се ситораи нурбораш дар паҳлу…

Ниҳоят дарёфтам посухи суолеро, ки солҳо меҷустамаш. Он замон маҷаллаву рӯзномаҳои кӯдакон, ки ба теъдоди садҳо ҳазор интишор мегашт, истеъдодҳои умедбахшро муаррифӣ мекард. Шоир, мусаввир, оҳангсоз, сарояндаи наврасро нахуст тавассути матбуот мешинохтанд.

Модар маслиҳат намедод, ҳамчунин Иноят худ намехосту эб намедид шеърҳои содаю навмашқонаашро барои чоп бифиристад. Духтараки авҷэҳсоси воқиф аз лаззати шеъри Ҳофизу Бедил, Балхиву Соиб, чакидаҳои аввалини илҳомашро шеър намепиндошт. Мехонду меомӯхт, то рӯзе, ки ҷон дамид дар суханаш. Ва чун шабнами саҳар рехт рӯйи гулҳои таманнояш. Сухани тару тоза аз Иноят Фарзона сохт. Ситорае шуд дурахшон ба фазои шеърпарвари тоҷик ва Фарзонаи ӯро ба як бор шинохтанд.

Худованд гӯё дуои бибию бобои фарҳангдӯсту адабпарварро мустаҷоб сохт, ки сабур ба рӯзҳои сахт, басо дарди талху азияти ноҳақро пушти сар карданд. Модаркалони меҳрубон се гулпаракони Бароату Мирзоюнуси хушбахтро рӯйи гули меҳр мепарварид. Қиссаҳои рангину афсонаҳои ширин, шеърдониву сухандонияш дун­ёи рангини орзуҳо буд ба наберагон.

Модар ба рӯйи онҳо боз як дари олами адабе кушод, ки фарохтару ҷозибтар буд. Се духтари ошиқи шеъру адаб Муаззамаву Матлубаю Фарзона, чун ҳазорон-ҳазор хонанда бо заҳмати шабҳои бехобӣ ва ҷустуҷӯйҳои илмии ӯ адабиёти русро омӯхтанду дӯст доштанд. Пушкин, Есенин, Блок, Чернишевский, Лермонтов, Маяковский, Островский, Тихонов, Леонов, Симонов ва дигаронро мехондагӣ шуданд.

Мунаққиди шинохта Атахон Сайфуллоев яки онҳо буд, ки менависад: «Дар синфи нуҳуми мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардам. Дар мактаб овоза шуд, ки муаллимаи нави забон ва адабиёти русӣ омадааст, тоҷикдухтар будааст. Мо чанд нафар бачагони шӯх мунтазири ба синф ворид шудани муаллима будем, то…

Дар боз шуду муаллима даромаданд. Гӯё фариштаи осмонӣ ба синф раҳ ёфт, ё ба даҳанамон муҳри хомӯшӣ зада бошад, ҳама сокиту ором будем. Муаллима хеле ҷавон буданд, ҳусну ҷамоли дилрабо доштанду садои фораму гӯшнавоз. Мо ҳам гӯш мекардему ҳам тамошо…»

Имрӯз ҳам чеҳраи гарму нуронӣ дорад модар, ҳоло ҳам чусту чолок, ҳанӯз ҳам риштаи тозатаре дар олами илм, сухану маънии нав меҷӯяд, то боз ба ташнагони фарҳанг бирасад, то ба набераву аберагонаш номи нек гузорад, чун ба дӯш бори пурмасъул, номи баланди авлодӣ мебарад, ба роҳи падар меравад.

Эҳсос кардам, ки самимият, покӣ ва хоксориву ранҷҳои ӯст, ки дар зиндагӣ мартабаи волояш дода ва ӯро чун садафи хирад аз баҳри дониш берун овардааст. Сарвати бебаҳои ӯ ба хазинаи маонӣ ин зиёда аз 100 асару мақола ва барномаҳои илмӣ, шогирдони бешумору номвар аст. Се пайванди барӯмандаш, ки ифтихори халқи Тоҷикистонанд.

 Хатмкунанда будаму ба ду шохаи илм – адабиёту риёзиёт дилбастагӣ доштанам аз назари модар пинҳон намонд, – хотиррасон мекунад духтари калонӣ, омӯзгори фанни риёзӣ Муаззама Хоҷаева. -Чун дар дуроҳа қарор доштам, модарам гуфтанд: «Риёзидоне, ки аз адабиёт бохабар аст, сазовори эҳтироми бештар аст».…Субҳ ҳанӯз сарандоз накашида, бедор шудам ва берун омадам оҳиста, то шакархоби саҳар ба дигарон халалдор насозам: ба модар, ки интизоранд шогирдон дар Донишкадаи давлатӣ, ба Фарзона, ки такопӯи тозашумораи маҷаллаи фарҳангии «Хуҷанд»-ро дорад, ба Озарахш, шоири хушсалиқа, рӯзноманигори тозаҷӯ, ки субҳ ба сабти намоиши нави симои вилоят мешитобад, ба набераҳои модар, ки яке донишҷӯву дигаре мактабхон ва савумӣ боғчарав аст.

Зери дарахти тут гӯё жола борида ё марворид, тути сафед рехта буд. Дар шохаҳои дарахтони бузурги себ, гӯё ситораҳо фуруд омада бошанд, себчаҳои сафед медурахшиданд.

 

Накҳати гуворое ба димоғ зад. Лаҳзае рӯи кати васеи ҳавлӣ бинишастам. Лаҳзае… Дилам гум зад ба эҳсоси ширине, ба ҳавои деҳа, ба ёди лаҳзаҳои афсонавӣ…

Ҳар баҳорон лолае дар гӯшаи боми падар.

Бори дигар тарҳ резад бачагиҳои маро.

Пеши назар овардам падари Фарзона Мирзоюнусро, марди покниҳоду хушхӯ, падари дилсӯзу ҳамроз, ҳамсари ошиқу бовафоро. Пеш аз марг номае гузошта буд, лабрез аз байту шеърҳои ошиқона барои Бароати маҳбуб. Ҳарду ишқ бо шеър мегуфтанд, бо сухани гарму шево. Саранҷом бо суннатҳои наҷиби хонадонӣ се гавҳараки чашм тарбият карданд, нури хирад афканданд аз қаъри дил ба торикиҳо.

Боғ дар сарандози ҳарири субҳ равшантар нафас мегирифт. Шамими гулҳои боғ ба ҳам омехта, шамолаки серун маҳин барги дарахтон менавохт. Аҷиб, ин дарахтон заҳмату навозишҳои дастони киҳоро ёд дошта бошанд?

Модари Фарзона пайи овардани субҳона меравад. Дар як нигаҳи меҳрбор, табассуми малеҳ, гашту гузор, кордорӣ, посухи нарму ширин, нозуктарин ҳаракату ҷунбиш, хоҳишу фармоишаш, муомилаву гуфтугӯяш бо наберагони хурдсол мактаби бузургро мемонд ба ман, ки бояд омӯхту омӯхт…

Гоҳе, ки субҳонаи лазиз мечашидам, суханони Матлубаи Мирзоюнус, духтари миёнаи муаллима, ҷавонтарин доктори илми суханшиносӣ, профессори шинохтаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ёдам омаду бовар кардам.

– Дар душвортарин лаҳазоти зиндагӣ барои худ ва дигарон ҳарфи тасалло ёфтан чӣ қадар муҳим аст! Ҳаргиз чунин нашудааст, ки ман ё хоҳаронам баъди ягон ноомади кор сархаму пакар рӯ ба рӯи модар нишаста бошем. Модарам чунон боварибахшу самимӣ гап мезананд, ки ҳар ноумедӣ ба умед табдил меёбаду ҳар бебарорӣ ба барор.…Валекин ҷойи ҳасрат нест:

Касе ин корвонро боз монондан наметонад

Ҳама мебигзарад, модар,

Ҳама мебигзарад, аммо бузургии ту мемонад!

Бароат Ҳоҷибоева муаллифи дуҷилдаи китоби «Тарзи омӯзиши адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ» ва «Тарзи омӯзиши адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ» буда, аз рӯйи ин китобҳо берун аз ҷумҳурии мо, дар Мос­кваю Санкт-Петербург, Ригаю Вилнюс ва дигар шаҳрҳо чун дастури пурбаҳои фаннӣ адабиёти русро меомӯзанд. Хизмати бузургтари олим дар навишти мақолаҳои пуробуранги «Ҳофиз ва адабиёти рус», «Мирзо Турсунзода дар адабиёти рус», ҳамчунин, навиштаҳои илмии ба Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат, Раҳим Ҷалил бахшидааш, ки эҷоди онҳоро таҳқиқ намудааст, зуҳур меёбад. Аз онҳо метавон моҳияти интернатсионалӣ ва арзишҳои умумибашарӣ доштани адабиётро дарк кард. Қадри ин ҳама заҳмат ситораи тиллоии Пушкин аст, ки пеши бараш мерахшад…

Агар умри инсонӣ ду нисф шуд, ниме ба халқ бахшидаву ниме ба фарзандони шоиста, пас ин умри ҷовидонист, пас ин умри босамар ва пайғамбарист, ки баъди марг ҳам инсонро зинда медорад. Чунонки модари Фарзонаро.

 Модарҷон! Оинаи хуршедпарвари ман!

Илоҳо ҳазор соли дигар

Густурда бод рӯшании поку азизат ба зиндагонии ман!

Ба ин маънӣ, мани рӯйи домани нози модар наоромида, бо ҳавас зам мекунам:

– Инсони хокӣ ва фариштахисол аз дил ба дил мемонад!

Бигзор, ки асрҳо бигзаранд, бигзор ки қарнҳо пушти сар шаванд. Ёди некашон ҷовидонист.

Латофат КЕНҶАЕВА, адиб

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон