Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуи соҳибхирад ва сиёсатмадор
ЧеҳраҳоДар пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ нақши занону духтарон бағоят бузург аст. Зан-модар тарбиятгар, кадбону, омӯзгор, олим, арбоби илму фарҳанг, ходими давлатию ҷамъиятӣ ва сиёсатмадор мебошад.
Солҳои аввали истиқлолият садҳо бонувон хизмати шоиста анҷом додаанд, ки онҳо ифтихори давлату миллати тоҷик буда, дар пешрафту зиндагии шоистаи мардум саҳми намоён гузоштаанд.
Ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова аз зумраи бонувонест, ки бо фаъолияти барҷастаи худ дар дилу дидаи ҳамкорон маъво гирифтааст. Фаъолияти тулонию босамар ва хизматҳои шоистаи ӯ намунаи ибратанд.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Москва ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд мебошад. Дар вазифаҳои иқтисодчии идораи савдои шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, раиси иттифоқи касабаи кормандони саноати маҳаллӣ, раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳр, муовини раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқи шаҳр, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти Исфара, мудири шуъбаҳои маданият, савдо ва хизматрасонии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раиси Шурои вакилони халқ ва раиси шаҳри Исфара кор кардааст.
Дар лаҳзаҳои тақдирсози солҳои навадуми асри гузашта заҳмат кашид. Дар майдони сиёсат барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ҷаҳду талош варзид.
Гулафзо Савриддинова соли 1997 муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000-ум низ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Шоёни зикр аст, ки саҳми Гулафзо Савриддинова дар рушду нумӯи ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти Исфара, бунёди муассисаҳои фарҳангиву маданӣ, тандурустиву маориф, хизматрасонию савдо, корхонаҳои истеҳсолӣ, азхудкунии заминҳои лабташна ва бунёди боғу токзорҳо беназир буда, дар ҳамаи вазифаҳо бо ҳисси баланди масъулият барои ободии диёр ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз заҳмат кашида, ба боварии халқ сазовор гаштааст.
Гулафзо Савриддинова вакили Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ хотираи худро чунин варақгардон намуд: «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик басо сарнавиштсоз ва ҳам хотирмон буд, зеро он тавонист дар вуҷуди халқи кишвар умеду ормони навро бедор созад. Дар байни вакилоне, ки дар Иҷлосияи таърихӣ фаъолона ширкат варзиданд, 7 нафарро бонувон ташкил мекарданд.
Ҳадафи Иҷлосия интихоби роҳбари нав, роҳбаре, ки дар Тоҷикистон оромию осоиштагиро таъмин карда тавонад, буд. Вакилон дар симои вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ояндаро дида тавонистанд, зеро ӯ дар иҷлосияҳои гузашта бо масъалагузорию пешниҳодҳои назаррас аллакай дар дили вакилони халқ маскан гирифта буд. Дар ҳар баромади худ дар бораи дӯстии минтақаҳои кишвар, фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат дилсӯзона сухан меронданд. Вақте ки номзадии он касро пешбарӣ намуданд, қариб ки ҳама дастгирӣ карданд. Аз 197 вакил 196 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дод. Ин боварии вакилон ба Роҳбари навинтихоб болу пар бахшид.
Сарвари давлат пайваста заҳмат мекашиданд. Гурезагонро ба Ватан баргардонданд, пеши роҳи хунрезиро гирифтанд. Баҳри баланд бардоштани вазъи иқтисодии кишвар муттасил талош мекарданд, то ин ки зисту зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар гардад. Барои фаҳмидани вазъи иқтисодии шаҳру навоҳии кишвар ба ҳар як ноҳия сафари корӣ анҷом медоданд.
Моҳи майи соли 1993 ба шаҳри Исфара омада, аз корҳои кишоварзон ошно шуданд. Маҳз бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиносон, олимон ва роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ семинарҳои машваратӣ доир намуданд. Иштирокдорони машварат оид ба бунёди боғҳо дар теппаҳо, зинабоғҳо, аз як замин ду-се ҳосил гирифтан ва дигар таҷрибаи пешқадами деҳқонони шаҳри Исфараро омӯхтанд. Азбаски дар шаҳри Исфара замин кам аст, деҳқонон ҳамон солҳо аз як замин ду-се ҳосил мегирифтанд. Он сол аз файзу баракати қудуми Сарвари давлат деҳқонони шаҳри Исфара ҳосили фаровон ва меваю ғаллаи зиёд ба даст оварданд».
Дар ҳақиқат Гулафзо Савриддинова, ин бонуи соҳибирода баҳри ободию осоиштагии шаҳри Исфара ва пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати босазо аҷом додаанд. Бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ», медалҳои «15-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қадр гардидаанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Исфара