БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳазорон бор шукр!

Чеҳраҳо

Хабисамоҳ он шабу рӯзҳо хоб надошт. Як сӯ ғуссаву тарсу ҳаяҷон аз омад-омади силоҳбадастон, соатҳои дигар сари оташдони бузурги коргоҳи нонпазӣ сари по меистоду нон мепухт ва рӯи транс нонҳои сӯзонро аз қолаб берун меандохт. Оташ, ки бо мазут фурӯзон мешуд, ҳарорати баланди тоқатфарсое дошт. Нӯги ангуштони Хабисамоҳ ҳамагӣ обилаву шахшӯл ва нохунҳояш об шуда буданд. Аммо дарди ҷисмонӣ пеши дарду азоби равониаш ҳеҷ буд, ӯ дарди ангуштонро ҳис намекард, чун бузургтарин дарди ӯ фардои норӯшан ва абри тираи ғафс печидаи ҷанги таҳмилӣ буд, ки ҳар рӯз даҳҳо нафар ҳамдеҳагонашро ба коми марг фурӯ мебурд.

Хабисамоҳ Боймуҳаммедова, сокини ноҳияи Вахш, айёми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ранҷу уқубати зиёдеро таҳаммул кард. Касе ӯро водор насохта буд, ки тули шаш моҳ аз коргоҳи нонпазӣ берун наомада, бе музд, бо як дона хлеби меъёрӣ қаноат карда, барои ҳамдеҳагонаш нон пазад ва онҳоро қадре ҳам бошад, аз азоби гуруснагӣ раҳонад. Агарчи ҳамчун коргузор ба фаъолият пардохта буд, ба иқрораш вазифа ҳеҷ буд, балки панҷаву бозувони чолок зарур буд, ки фақат нон пазад.

Хаёлаш, шаш моҳ беш аз шаш сол буд, ки бо ҳаросониву навмедӣ, дар орзуи зиндагии орому осуда сипарӣ гашт. Ҳамсараш Қурбоналӣ Раҳимов, ки он овон мудири анбор буд, барои бо орд таъмин намудани коргоҳи нонпазӣ ба дигар ноҳияҳо мерафту даст ба ҳар дар мекӯфт. Нонҳои пухтаро ройгон ба ҳар хонавода яктоӣ тақсим мекарданд. Хабисамоҳ, агарчи гурусна мемонд, аз нони худ намешикаст, то онро пурра бо аҳли хонавода бинад. Танҳо аз кумакҳои башардӯстона қадре орду рӯған гирифта буду халос.

 Он лаҳзаҳо мисли навори тасма гоҳо аз пеши назарам мегузаранд. Ёд дорам, ки ба деҳа мошини боркаше мурдаҳои бешуморро, ки ҳамагӣ ҷавон буданд, болои ҳам ба замин рехт. Қиёмате бархост ва нолаву фиғони сокинон ба фалак печид. Рӯдаҳои рехта, чашмҳои берун аз косахонаи сар, ҷисми аз оҳанпораҳои силоҳ чоки онҳоро дида, касеро шинохтан ғайриимкон буд. Бархе миёни онҳо пайванди худро меҷустанду хун мегиристанд. Вақте падарам ин манзараро дид, сахт мутаассир гашту ба сактаи дил гирифтор шуд. Боқимондаи умри начандон тулониаш аз зиндагӣ дилсард буд ва дареғу ҳасрати ҷавонони шаҳидгаштаро мекард. Ҳамсарам низ, ки барои сулҳ ва барқарории давлати қонунмеҳвар талошҳо карда буд, баданаш аз оҳанпораҳои силоҳи оташфишон захмдор буду ду маротиба ба сактаи дил гирифтор гашт. Аз кушта шудани дӯстону ҳамдеҳагонаш азоби зиёди руҳӣ дид, аммо гоҳо мегуфт, ки ҷони ҷавони худро, агарчи аз даст доданд, бар ивази он сулҳи деринтизор бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва ормонҳои ҷавонмаргон амалӣ шуд, - саҳфаҳои хотироти он овонро варақ гардонд Хабисамоҳ.

Дар он рӯзҳои даҳшатбор вай азизони дил, бархе аз наздикону пайвандонашро аз даст дод, ҳамсари маризашро солҳо бемордорӣ карду чархи зиндагиашро гардон кард. Баъд ҳамсафари ҳаёташро барои абадӣ видоъ гуфту яккаписарашро соҳибмаълумот намуд ва тарбияи хуб дод.

Ин бонуи дилогоҳ дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки замоне фаро мерасаду ба сарзамини ба хун оғушта насими тоза медамад ва кабӯтари сулҳ дар осмони нилгуни он пар мефишонад. Аз насими тозаи сулҳу ваҳдат баҳравар, ҳастии худро ба тарбияи фарзандони халқ бахшид.

Хабисамоҳ дорои маълумоти олии иқтисодӣ, химия ва биология фаъолияти меҳнатиро аз Кумитаи комсомоли ноҳия шуруъ карда, солҳои 1990 – 1995 дар коргоҳи нонпазии ноҳияи Вахш ҳамчун коргузор ва сипас, ба симати муҳосиб фаъолият бурд. Соли 1995 баъди аз фаъолият боз мондани коргоҳ ба пешаи омӯзгорӣ рӯ овард ва аз фанни химия ва биология дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш то кунун ба мактаббачагон дарс мегӯяд.

 Хурсандибахш аст, ки чанде қабл дар майдони чаҳор гектар замин бинои нави Мактаб-интернат бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бинои қаблӣ куҳна ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бинои зебову хуштарҳи замонавӣ, синфхонаҳои барҳаво, тахтаҳои электронӣ, кабинетҳои фанниву методӣ, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва дигар шароитҳои хуби мактабро дида, ҳамагон ашки шодӣ рехтем, ки ба чунин рӯзҳои нек расидем. Ҳудуди 300 хонандаи Мактаб-интернат, ки аксарият ятим ва бархе маъюбанд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд, - ба гуфтор омад Боймуҳаммедова.

Шукр мегӯяд, ки ин кӯдакон дар замони осоиштаи Ватан аз шароиту имкониятҳои мактаб, аз ҳаммом, хизматрасонии сартарошхона ва ҷомашӯйхона истифода бурда, ҳамчунин, аз таъмири пойафзол, дӯхт ва дарзмоли либосҳо баҳраманданд. Се вақт бо ғизои гарм ва як маротиба бо шириниву хӯрданиҳои лазиз таъмин буда, дар ҷашну идвораҳо аз туҳфаҳои хотирмон, сарулибоси гарму сабук ва ғизо баҳраманданд.

Бону Хабисамоҳ аз роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, шавқу ҳаваси мардуми кишвар, хосса наврасону ҷавононро ба эҷоду мутолаа бедор сохтааст, илҳом гирифта, ҳашт нафар дастпарвари мактабро барои ширкат дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омода намуд, ки то зинаи ноҳиявию вилоятӣ се нафар расид ва ба сабқати ҷумҳуриявӣ ду нафар роҳхат гирифта, як нафар хонандаи Мактаб-интернат Меҳрубон Мақсудова, ки ҳоло дар синфи 11 таҳсил дорад, дар ин Озмуни бонуфуз ҷойи сеюмро сазовор гашт. Ҳоло муаллим шаш нафар хонандаи дигарро барои ширкат дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Академияи хурд» ва ғайра омода менамояд. Хушбахт аст, ки ба шарофати озмунҳои мазкур сафи хонандагони китобхон афзуда, ҷаҳони маънавии толибилмон ғанӣ мегардад.

 Ин ҷо ҳеҷ ятим худро бепадар эҳсос намекунад, ҳамагӣ мегӯянд, ки падари мо Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Вақте Сарвари давлат ба Мактаб-интернат ташриф оварданд, бо кӯдакон суҳбати озоду хотирмон анҷом доданду аз орзуҳо, аз касби дӯстдоштаи кӯдакон пурсон шуданд. Писари ман низ имсол мактабро хатм намуду орзуи ҳуқуқшинос шудан кард. Гуфтам дар интихоби касб озодӣ, ман интихоби туро дастгирӣ хоҳам кард, ту фақат бихон. Гарчанде падарат вафот кард, бидон, ки модарат ҳамеша паҳлуи туст ва сутуни ту хоҳад буд, то фардо дар ҷомеа ҳамчун шахсият сабзӣ ва Ватан аз доштани чунин фарзанд ифтихор намояд,- изҳор намуд Хабисамоҳ.

Аз чеҳраи гарми ӯ наметавон осори ҳама андуҳу гаронии рӯзҳои талхи гузаштаро пайхас кард, ки пайи он ҳама ғуссаҳоро солҳои оромиву ободкориҳои соҳибистиқлолӣ аз байн бурдааст. Танҳо аз қаъри чашмони меҳрафканаш метавон ин маъниро дарёфт: «Ҳазорон бор шукр, ки ба чунин рӯзҳои нек расидем».

Ситора АШӮРОВА,             

ноҳияи Вахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 62)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон