БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳикмати Пешво

Чеҳраҳо

Гузаштагони мо ҳамеша барои марзу буми Ватан бо душмани сарсахт бо муқовимат рӯ ба рӯ буданд. Таҳлилҳои пайдарпай ва ковишҳои давр нишон доданд, ки ниёкон бо мақсади аз худ намудани замину моли касе боре шуриш ташкил накарда, барои дифои Ватан доим бо ҷанг рӯ ба рӯ буданд.

Аз нигоҳи таърихи гузашта муборизаҳои ҳазорсолаҳои фарзандони номовари тоҷик Куруши Кабир, Дорюши Кабир, Спитамен, Ашки I, Куҷула Кадфиз, Ардашери Бобакон, Хусрави Анушервон, Хусрави Парвиз, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, шуубиҳои диловар, Исмоили Сомонӣ, Абуиброҳими Мунтасир, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ, Ҷӯра Зокиров, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, садҳо ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайраҳо буд, ки мо дар фарҷоми асри бист соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидем.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик давлати миллиро, ки орзуи ҳазорсолаи тоҷикон буд, эҳдо намуд. Дар таърихи ҷадиди мо чеҳраи асосие, ки тавонистанд дар раванди бунёди давлатдории миллӣ нақши калидиро ҳувайдо созанд, бешак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Маҳз зери ливои сиёсати дурнигару хирадмандонаи Пешвои миллат, инак, тайи 33 соли охир Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ва хеле қафомонда ба як давлати воҳиду пешрафтаву шукуфон табдил ёфт. Фалсафаи зиндагӣ нишон дод, ки бунёдгузории нақши Пешвои миллат асосӣ буда, таъсири хиради азалии мардуми тоҷик низ хело назаррас аст.

Ҳанӯз аз ибтидои рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу салоҳи босубот ва устувору бебозгашт миёни тоҷикони парокандашудаву ҷилои ватанкарда ва дар заминаи он рӯ овардан ба бунёдкориву созандагии Ватан, истиқрори ҷомеаи адолатпешаи шаҳрвандӣ, барқарор кардани манзилгоҳҳову ба по гузоштани ҳаёти моддиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии милливу суннатӣ ҷаҳду талошҳои пайваста ба харҷ додаанд.

 

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки равандҳои геополитикӣ то ҳанӯз ниҳоят мураккаб боқӣ мондаанд ва онҳо ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисосу олимони пурмаҳсул, заҳматталабу ватандӯст ва дорои ҳисси баланди миллӣ ниёз дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, Истиқлоли давлатӣ ва озодӣ арзишҳое ҳастанд, ки бо чизе иваз намешаванд. Онҳо барои миллати тоҷик омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддас маҳсуб меёбанд. Истиқлол шаҳсутуни тиллоие ҳаст, ки бинои муҳташами давлат бар дӯши он устувор мебошад. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати воқеӣ Истиқлоли давлатӣ неруманду тавоно мегардад.

Иқдоми волои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба ҳар хонадон тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем ин иқдоми Пешвои миллатамонро дар мавриди тақдими китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ – чун дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, макотиби ҳарбии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки ба омӯзиши ин китоби бебаҳо мусоидат мекунанд, ба роҳ монем.

Мо, хушбахтона, мактаби бузургу бемисоли ватандорӣ ва ҳимоя аз Ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳои ҷовидонаи шоиру нависандагони мо, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанд, метавонанд ҷавонону наврасони моро дар ин руҳияи баланди меҳанпарастӣ тарбият намоянд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи руҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Дар ин росто, таълими «Шоҳнома»-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ ва дар муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи руҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Назираи САРФАРОЗ,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

муовини аввали директори МД «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон