БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қонуни асосие, ки надоштем…

Чеҳраҳо

Ҳар қадар, ки солҳо моро аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дуртар мебаранд, ҳамон андоза моҳияту арзиши он дар таърихи давлатдории тоҷикон равшантар мешавад. Барои ҳамин чандин бор дар нигоштаҳои хеш таъкид намудаам, ки ин иҷлосияи таърихӣ оғоз дошту анҷом не, зеро моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз вартаи фано раҳо кард.

Ба таври хулоса гуфтан мумкин, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши созгор бозид. Бидуни шак, дар меҳвари ин ҳама дастовардҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистод.

 Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Ҳукумати нав қарор дошт, ин таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон буд, зеро як давлати соҳибистиқлол наметавонад бе Конститутсияи худ бошад. Беҳуда нест, ки ин ҳуҷҷати муҳими давлатдориро Қонуни асосӣ ҳам меноманд. Дар асл, мазмуни вожаи лотинии «конститутсия» «барпо намудан», «бунёд гузоштан» ва «таъсис додан» аст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар давлат маҳз пас аз таҳия ва қабули конститутсияи худ давлати комил мешавад.

Тоҷикистон, ҳамон тавре медонем, дар замони шуравӣ панҷ маротиба - солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул кардааст, аммо онҳо наметавонистанд моҳияту арзиши як давлати соҳибистиқлолро ифода созанд.

Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 андешаҳо оид ба таҳияи Конститутсияи кишвари мустақил пайдо шуд. Он вақт дар асоси Қарори Шурои Олии Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба таҳия ва омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон таъсис ёфт, ки аз 62 нафар иборат буд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки соли 1990 Иттиҳоди Шуравӣ ҳамоно побарҷо буд, аз ин хотир ҷиддӣ машғул шудан ба таҳияи Конститутсияи кишвари мустақил он қадар маънӣ надошт. Баъдан митингҳои бардавом ва ташаннуҷи сиёсии аввали солҳои 90-и асри ХХ амалан кори комиссияи конститутсиониро қатъ намуд.

Сари ин мавзуъ, пас аз интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 ва ғалабаи Раҳмон Набиев дубора баргаштанд. Президенти вақт 10 - уми феврали соли 1992 гурӯҳи кории нав оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дод, ки ба он ҳуқуқшиноси маъруф Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбарӣ мекард. Комиссия мебоист то 1-уми июли соли 1992 матни нави Конститутсияи Тоҷикистонро таҳия менамуд. Онҳо дар ҳақиқат, охири апрели ҳамон сол лоиҳаи Конститутсияро дар нашрияи «Ҷумҳурият» ба табъ расонданд, аммо баҳори соли 1992 кӯчаҳои Душанберо аз нав гирдиҳамоиҳои давомдор фаро гирифтанд ва мамлакат ба буҳрони наву ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Яке аз масоиле, ки неруҳои сиёсии мухолиф ҳукуматро муттаҳам мекарданд, набудани Конститутсия дар Тоҷикистон буд. Дар натиҷаи кашмакашиҳо, ки ахиран ба хунрезӣ печиданд, ҳуҷҷати асосии давлат - Конститутсияи Тоҷикистон таҳия ва қабул нагардид.

Ба мавзуи таҳияи Конститутсия, Тоҷикистон маротибаи сеюм ва ниҳоиву ҷиддӣ моҳи марти соли 1993 – пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргашт. Аз фаъолияти Ҳукумати нав муҳлати зиёд нагузашта буд ва мамлакат амалан бо муш­килоти ҷиддитарин рӯ ба рӯ буд. Бовуҷуд, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар ин замина дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ зарур буд, ки ҳарчи зудтар Конститутсия таҳия ва қабул карда шавад.

Дар ин замина, бо дарки масъулият Раёсати Шурои Олии Тоҷикистон бо қарори худ «Дар бораи тадбирҳои ташкили консепсияи сохтмони давлатӣ, ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи кориро барои таҳия ва қабули Конститутсия ташкил намуд.

Ҳамин тавр, иҷлосияи XVII Шурои Олӣ бо қарори худ аз 23-юми августи соли 1993 ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод. Муовинони Раиси Комиссия аз Сарвазири Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Шурои Олии Тоҷикистон иборат буданд. Комиссия, ҳамчунин, 59 нафар аъзо дошт, ки аз вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ, вакилони парлумон, олимон, ҳуқуқшиносон, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони халқу миллатҳо иборат буд.

30-юми сентябри соли 1993 Раёсати Шурои Олӣ гурӯҳи кории таҳияи Конститутсияро ташкил намуд, ки роҳбарии онро ба муовини якуми Раиси Шурои Олӣ, яъне ман вогузор намуданд. Даҳ аъзои дигари гурӯҳ низ аз шахсиятҳои шинохта ва коршинос иборат буд: Зариф Алиев, Тоҷинисо Азизова, Шавкат Исмоилов, Рафиқа Мӯсоева, Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадназар Солеҳов, Халифабобо Ҳомидов, забоншинос Шарофиддин Рустамов, академики Академияи илмҳо Рашид Раҳимов ва Сабзалӣ Раҳмонов – муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба сифати нафаре, ки дар ин раванд ширкат доштам, бидуни муболиғаву тамаллуқ мегӯям, ки дар саргаҳи соҳиби Бахтномаи худ шудани тоҷикистониён, пеш аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Маҳз бо назардошти андешаву пешниҳод, ба шарофати азми қавӣ, нияти нек ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия тавонистанд рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд…

Гурӯҳи корӣ вақти фаъолияту баррасӣ асосан ба се ҷанба таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Якум, омӯхтани матни конститутсияҳои мамолики гуногуни дунё;

Дуюм, пайгирӣ кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, хоса асноде, ки ҳуқуқи инсонро танзим менамоянд;

Сеюм, такя намудан ба махсусиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, таърихиву фарҳангӣ, милливу мазҳабии мардум ва кишварамон ҳангоми таҳияи матни Конститутсияи Тоҷикистон.

Бегуфтугӯ, ҳини баррасӣ гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои нотамоми қаблан таҳияшударо ҳам сарфи назар намекарданд, аммо асоси корро худашон тибқи дастурҳои Роҳбари давлат анҷом медоданд.

Дар маҷмуъ, гурӯҳи корӣ ба лоиҳаи таҳияшуда аз аксари кишвару созмонҳо хулосаи мусбат гирифт. Дар баробари андешаву хулосаи коршиносони хориҷӣ барои мо муҳимтарин ҷузъ мавқеи шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Аз он шод будем, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷиддии хоси замон мардум ба матни Конститутсия ҳамовозӣ пайдо мекарданд, назари худро мегуфтанд ва ҳамин тавр ба ояндаи Ватан бетараф набудани худро муайян намуданд. Дар натиҷа беш аз 8000 таклифу пешниҳодҳо аз шаҳрвандон ба унвони гурӯҳи корӣ ворид гардид.

Баҳои баланду воқеиро ба фаъолияти мо Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон додаанд:

«Ман ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ, дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз иштирок карданд, изҳори сипос менамоям. Зеро қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва дар он инъикос ёфтани мақсаду мароми ҷомеаи мо ва муайян гардидани сохти давлатдории тоҷикон ягона роҳи муаррифии давлати Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин, наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд».

Дар натиҷа, тибқи қарори Иҷлосияи XVIII Шурои Олӣ гурӯҳи корӣ дар тули шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсияро тайёр намуд, ки агар яке хусусиятҳои ҷумҳурии президентиро инъикос намояд, дигарӣ шакли парламентии давлатдориро беҳтар медонист.

Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 1994, пеш аз гузоштан ба муҳокимаи умумихалқӣ Комиссияи конститутсионӣ аз ду лоиҳа – шакли идораи президентӣ ё парлумонии давлат, бояд якеро интихоб мекард. Комиссия бо овоздиҳии худ шакли идораи президентиро интихоб намуд.

Баъдтар дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми июли соли 1994 доир шуд, вобаста ба тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори зарурӣ қабул гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш, зикр намуданд:

«Оид ба тарзи қабули Конститутсия, муҳлати интихоби Президент, Парламенти ҷумҳурӣ фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ман бар он муътақидам, ки Қонуни асосиро ба воситаи раъйпурсӣ қабул ва Президентро ба тариқи умумихалқӣ интихоб намудан лозим аст. Ман аминам, ки мардуми босабру бо таҳаммули мо озодона Сарвари худро интихоб ва Қонуни асосиро қабул менамояд».

То ба он дам аксари кишварҳои пасошуравӣ конститутсияи худро дар парламент бо овоздиҳии вакилон қабул карданд. Танҳо Россия буд, ки Конститутсияашро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аммо онҳо низ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияашонро дар муҳокимаи парлумон метавонанд анҷом диҳанд.

Тоҷикистон қатъи назар аз душвориҳои замон зарур донист Қонуни асосии худро бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул намояд ва ҳар тағйиру иловаҳо низ бо ҳамин тартиб сурат мегиранд.

Аз диди имрӯз гуфтан мумкин аст, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи дурустро интихоб намудаанд ва инро дар ҳамон иҷлосия асоснок карданд: «Конститутсия ба муҳокимаи васеи мардум пешниҳод гардид ва зарурати аз тариқи раъйпурсӣ қабул кардани он маъқул дониста шуд. Зеро таҷрибаи талхи солҳои навадум талаб мекард, ки Конститутсияро худи халқ қабул намояд. Дар он айём зери таъсири майдонҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдори онҳо ба Конститутсия дар як рӯз чандин тағйирот, аз ҷумла тағйироти мухолифи ҳамдигар, ворид карда мешуданд ва онҳо дар маҷмуъ, ин санади олиро ба қонуни одӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд. Ин зарурат, инчунин, аз принсипи ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалкӣ сарчашма мегирад».

Дар асоси пешниҳодҳои Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсия аввал, аз 13-уми апрел то 1-уми июли соли 1994, ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, баъд ба овоздиҳии умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 тоҷикистониён Конститутсияи навро, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, бо ҷонибдории 87 дарсади раъйдиҳандагон қабул ва, ҳамчунин, Президенти Тоҷикистонро интихоб намуданд.

Зимнан, яке аз ҷиҳатҳои таърихии лоиҳаи Конститутсия аз он иборат буд, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии Тоҷикистон матни як санади муҳими ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ навишта мешавад. Огоҳон медонанд, ки то ин вақт тамоми ҳуҷҷату аснод бо русӣ навишта шуда, баъдан ба тоҷикӣ тарҷума мешуданд. Аз ҳамин хотир, онҳо чандон миллӣ намешуданд. Пас, гуфтан мумкин, ки матни лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон ба як майлони муҳими дигар – тоҷикӣ шудани санаду қонунҳо, мусоидат кард.

Аз ҳама муҳимаш тавассути Конститутсия мардуми шарифи кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паём доданд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр буда, бо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди беш аз пеши Ватани худ иродаи хастагинопазир доранд. Сӣ соли қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дигаргуниҳои куллии пешомада дар ҳаёти ҷомеа ҳақиқати инро барои халқи Тоҷикистон ва берун аз он исбот намуд.

Абдулмаҷид ДОСТИЕВ,

роҳбари гурӯҳи кории

таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон