БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Охирин сухани модар ба Садриддин Айнӣ
ЧеҳраҳоБаргузида
Зеваройи деҳқонзода чун дигар духтаракони тозаруху содадили деҳаи Маҳаллаи Болои тумани Шофиркоми Бухоро дар оғӯши саҳрову саргарми машғулиятҳои рӯзгордорӣ ба камол мерасид. Дуредгари хушном Саид Умархоҷаи Соктарегӣ, ки муллои масҷиди рустои онҳо буду муддате дар меҳмонхонаашон мезист, аз шумори гулдухтарони деҳ Зеваройи бофаросатро ба арӯсии фарзандаш баргузид. Ҳамроҳхон, падари Зеварой, низ номзадии ҷавони босаводу ҳунарманд Саидмуродхоҷаро ба духтари ягонааш шоиста донист.
Бо баргузории маросими тӯйи хоксорона Саидмуродхоҷа, ки вазнинии бори рӯзгор шонаҳои орзупарварашро хам мекард, аз баҳри идомаи таҳсил дар Бухоро баромада, бо ҳамсари нозанинаш аз пайи ободии рӯзгор ва хидмат ба аҳли хонавода гардид.
Хушзеҳн
Зеварой аз суҳбати ширини ҳамсар, ки ҳамеша бо байтҳои баландмазмун пероста буд, лаззати ҷовидони шеъру адабиёт ва хираду маънавиятро мечашид. Арӯсаки заҳматкаш, бо гузашти замон байту мақолҳои аз забони шавҳар ёдгирифтаашро ба фарзандони дилбанд мехонд. Садриддини хушзеҳн, фарзанди дувуми хонадон, бо орзуҳои беохири падару модар пайванди ногусастанӣ дошт…
Модар кӯдаки нозпарвардашро, ки пас аз 8 сол дигарбора чашми ӯро ба зиндагӣ равшан намуд, гоҳ-гоҳ дар маъракаҳои занони маҳалла бо худ мегирифт, то аз суҳбати кампирони босаводи Соибхону Бедилдон баҳравар гардад.
Ҳунарманд
Дар баробари заҳмати рӯзгордорӣ дар ду деҳа Зеваройи ҳунарманд ба корҳои шавҳар ёрӣ мерасонд. Рӯзи ӯ ба чархресӣ – ресмонресӣ, калова, зағӯта, ночатайёркунӣ ва каловарангкунӣ сипарӣ мешуд.
Ин хонаводаи фазилатгустар баъд аз фориғ шудан аз корҳои саҳроӣ бо бофандагӣ рӯзгори хешро таъмин мекард. Дар рафти ин корҳо модар андак-андак ба хатнасури писаронаш омодагии ҷиддӣ медид. Бо ҳунармандии тамом ба ҷигарбандонаш тоқии гулдӯзӣ омода мекарду аз матои сафеди суфта барояшон куртаву изор ва аз матои гулдор ҷома медӯхт.
Дар он рӯзҳои хуррам Садриддин хурсандтар аз ҳама бачаҳои деҳа буд ва либосҳои зебову оҳарияшро ба бачаҳои гузар намуда, аз модари гулдасту ҳунармандаш фахр мекард.
Кадбону
Зеварой дар пухтупаз низ мумтоз буд. Аз маҳсулоти мавҷуда сарфакорона ғизоҳои гуногун омода менамуду ҳамсоягонро низ бенасиб намегузошт. Садриддини дӯстрӯякро барои чида овардани замбурӯғҳояш навозиш мекард ва аз он хӯроки болаззат мепухт.
Рӯзҳои тангдастӣ «Ҳалвои қоқтӣ» - лазизтарин ширинӣ барои аҳли хонавода буд. Зеварой як миқдор ордро дар дег бо равған зирбонда, бо иловаи як коса шиннии тут қиём тайёр мекард. Ҳамин ки ғафсии шиннӣ атола барин шуд, ба он орди бирён ҳамроҳ намуда, лат мезад ва сипас, ба рӯи лаълӣ орд пошида, хамирро дар он паҳн месохт. Баъд аз сард ва сахт шудан ҳалвои қоқтиро порча-порча бурида, бар рӯяш орд мепошид. Дар ҳамаи ин ҷунбуҷӯл Садриддин ёрирасону ҳезумкашони модар буд.
Соҳибфаросат
Дурандеш буд модари Садриддин Айнӣ. Бо умеди рӯзҳои мабодо дар фаровонӣ мавод захира мекарду бо ин амали шоиста дар таъмини моддии рӯзгор бори ҳамсарашро сабук мегардонд.
Пас аз тӯй қарзҳои зиёд калони хонаводаро ба ташвиш овард. Зеваройи сарфакор бо биринҷи захира ва нозу неъматҳо аҳли оиларо аз гуруснагӣ вораҳонд. Саидмуродхоҷа бо масали «Сарфаи сари оташдон - савдогари Ҳиндустон» ин амали ҳамсари озодапарасташро месутуд.
Озодакор
Хонаводаи Саидмуродхоҷа, сарфи назар аз рӯзгори миёнаҳолона, бо покизагии руҳу андеша дар маҳалли зист соҳибэҳтиром буд. Зеварой, ки соҳиби чаҳор писар шуду дар ниҳонхонаи дил орзуи духтардориро мепарварид, бе эҳсоси хастагӣ хонаву дар ва либосҳои аҳли оиларо покиза нигоҳ медошт.
Ҳимматбаланд
Зеваройи некухисол дар авҷи камолот бо ғами ҷонкоҳи фироқи шавҳар ба чоҳи ноумедиву дилтангӣ уфтод. Аз як тараф азои шавҳар, аз тарафи дигар бемории вабо ӯро бистарӣ карданд.
Садриддини дилҳазин бемордори модару бародару додаракони дилбандаш - Муҳиддину Сироҷиддину Киромиддин буд ва мисли солмандон то қадри имкон парастори беморон гардид.
Модар дарди дили бепадарии фарзандакони хурдсоли беморашро бо назру хайру сахо мехост таскин бахшад. Аз Садриддин хоҳиш кард, ки гӯсолаашонро барои саломат мондани фарзандон ба маъюби бедасту пое, ки дар як гӯшаи деҳ хобида, бо садақаи мардумон мезист, назр кунад.
Хоҷахони маъюб садақаи Садриддинро намепазирад, ки шумо аз ман дида ниёзмандтаред, аммо модар бо зориву тавалло барои саломатии ҷигарбандонаш хайр мекунад.
Ин рафтор аз ҳиммати баланди Зеварой, ки дар рӯзҳои танги зиндагӣ низ ба ҳамсоягони ниёзманд ғизои гарм медод, далели собит аст.
Хайрхоҳ
Он лаҳзаи мусибатбор, ки модари азияткашидаву бемадорро савори сароча ба хонаи падариаш мебурданд, зиндагии Садриддин ранг бохт. Дунё дар чашмони намзадааш ғамкадаи сиёҳу торике гашт. Буғзу ашки хешро фурӯ мебурд, то модарро азият надиҳад.
Аз чашмони ниммурдаи модар низ қатраҳои сиришк ба рӯйи коҳидааш мешорид. Ашки талх чашмони модару писарро сӯзиш медод ва ин дидори фариштаи беозор, мадори дил ва қиматтарин зевари ҳастии писар бо дуои модар ба охир мерасид:
– Ба ҳазор дароӣ! Ин буд сухани охирини модар ба ҷигарбанд.
Дуои Зеварой дар ҳаққи фарзанди дилбандаш Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар баробари дигар фарзандони номвари Ватан сарнавиштимиллати тоҷикро бо нӯги қалам аз нобудӣ наҷот дод, мустаҷоб гардид.
Мафтунаи ҚОСИМ