БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Лаҳзаҳое аз таърихи кишвар

Чеҳраҳо

Суханронии бомантиқ, тамкин, муносибати волои инсонии як нафар метавонад аз худ шахсияте созаду бо меҳнати ҳалолаш мақому манзалати хешро дар ҷомеа устувор намояд. Бале, аз оғози суҳбат бо Ғаффорхон Муҳиддинов дарёфтам, ки зиёии воқеисту инсони заминист.

  Ӯ 3-юми майи соли 1948 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, то синфи 7-ум дар зодбум таҳсил намудааст. Сипас, дар Техникуми кишоварзии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ хонд, баъд дар мактаби миёнаи коргарҷавонон соҳиби маълумоти миёнаи пурра шуд. Дар корхонаи «Металлист» (ҳозира «Торгмаш») ҳамчун харрот ба фаъолият пардохт.

Оромию кордонӣ ва мушкилнописандии ҷавони боғайрат аз назари директори вақти корхона Озод Мирсаидов ниҳон намонд. Аз ин рӯ, ба Ғаффорхон пешниҳод кард, ки таҳсилро дар Донишкадаи техникии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ) давом диҳад. Ғаффорхон донишҷӯй шуд.

Баъди хатми Донишкада ба корхонаи азизаш баргашт. Аз соли 1972 ҳамчун муҳандис-инструктор, муҳандис-технолог, сардори шуъбаи техникӣ, сармуҳандис кор кард. Соли 1978 директори корхона таъин шуд. Ғаффорхон тавонист барои кормандони завод, ки дар гирду атрофи он иқомат доштанд, шароити мусоид фароҳам орад. Ба тозагиву озодагӣ, сабзкорию ниҳолшинонӣ эътибори махсус медод. Кормандон аз роҳбари тозаинтихоб хушҳол гашта, бо боварии том ӯро аз ҳавзаи интихоботии Саноат, рақами 84 ба вакилии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд ва ӯ аз байни чанд нафар довталаб вакил интихоб гардид.

Моҳи августи соли 1991 Иттиҳоди Шуравӣ барҳам хӯрд. Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.

 Фазои сиёсии кишвар басо мураккаб буд. Вакилон кӯшиш мекарданд, ки оромиро нигоҳ доранд, аммо дар Тоҷикистон бо дахолати неруҳои хориҷӣ даргириҳои дохилӣ оғоз ёфтанд,-гуфт Ғаффорхон Муҳиддинов.

Вазъи сиёсии Тоҷикистон рӯз ба рӯз душвортар мешуд. Маҳз бо пешниҳоди вакилон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (алҳол Бобоҷон Ғафуров) Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Иҷлосияи мазкур Ғаффорхон Муҳиддинов ба ҳайати котиботи иҷлосия интихоб гашт. Вазифаи онҳо азназаргузаронии лоиҳаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо, қарору муроҷиатномаҳо, резолютсияҳо, таклифу дархостҳое, ки дар ҷараёни иҷлосия омода ва қабул мешуданд, буд.

 

Дарозои 17 рӯзи баргузории иҷлосия фикру мулоҳизаҳо дар атрофи интихоби шахсияти шоиста ба вазифаи роҳбари Тоҷикистон гуногун буд. Барои Тоҷикистон роҳбаре зарур буд, ки қавлу амалаш як бошад. Вакилон номзадии раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлат пешниҳод карданд.

 Вақте ин ҷавони ҳанӯз чиҳилсоларо дар минбар дидем, беихтиёр суханрониҳои пуршиддати вакили Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Данғара №117, Эмомалӣ Раҳмон ба хотирам расид, ки дар иҷлосияҳои қаблӣ ҳарф мезад, -иброз дошт Ғаффорхон. –Озодона, бо далелу бурҳони қотеъ сухан гуфтану мардумро ба ҳамдигарфаҳмиву сулҳу субот даъват кардани ин ҷавони матинирода аҳли толорро ба ҷунбиш даровард. Нахустин сухани ӯ мардумро ба ваҷд овард: «Ман ба Шумо сулҳ меорам».

Имрӯз бо шодмонӣ ва эҳсоси ифтихору сарбаландӣ гуфта метавонам, ки мо, вакилон, дар интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накардем. Боиси сарфарозист, ки Раиси тозаинтихоб ба ваъдаҳое, ки дар соатҳои нахустини ба ин вазифаи пурмасъулият ва дар он замон хеле мураккаб интихоб шуданашон дода буданд, вафо карданд.

Ман панҷ соли вакилиамро дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва худро хушбахту баландтолеъ меҳисобам, ки дар интихоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоштам.

Соли 1994 Ғаффорхон Муҳиддиновро вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Вай то соли 1997 дар ин вазифа кор кард, сипас, ба симати раиси Кумитаи саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба нафақа баромадан (2006) ба нафъи мамлакат заҳмат кашид.

Ғаффорхон Муҳиддинов бо нишони Корманди фахрии саноати Тоҷикистон, Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра қадр шудаанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

вилояти Суғд

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон