БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Минои ифтихор

Чеҳраҳо

Таҷлили Рӯзи Президент ба санаи муҳими таърихии 16-уми ноябри соли 1994 рост меояд, ки бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва меъмори сулҳу ваҳдати мо ба унвони Президенти тавассути раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда савганд ёд карда, рисолати бузурги давлатсозиву давлатдориро бар дӯш гирифта буданд.

Рӯзи фархундапайки 16-уми ноябр, ҳамчунин, бо дигар аз рӯйдоди муҳими таърихӣ -- Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 оғоз ёфта буд, дар саҳифаҳои навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, санаи 16-уми ноябр барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун рӯзи худогоҳиву бедории миллӣ, рӯзи саодату озодманишӣ, рӯзи эҳёи дубораи миллату давлатдорӣ ва азму мароми гузоштани гомҳои устувор ба хотири рушду ободонии Ватан маҳсуб ёфта, онро ҳамчун Рӯзи Президент бо шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Маврид ба ёдоварист, ки маҳбубияти халқ ба Президенти мардумӣ аз самимияту муҳаббати бузурги худ - фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳамватанон ва Меҳани азизаш маншаъ мегирад, ки дар пайроҳаи ноҳамвори сулҳу ваҳдатофарӣ, баргардондани ҳамдиёрон аз ғарибӣ, бунёдгузории давлати соҳибистиқлол, таҳкими рукнҳои давлатдориву эҳёи дубораи фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва рушду нумӯи минбаъдаи он, ҳама ҳастии худро бахшидан доранд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чеҳраҳои таърихсози миллати тоҷик аст, ки дар баробари шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл, фидокориву эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва корномаҳои бузурги мондагораш дар ҷодаи бунёдгузории давлати соҳибистиқлол, ҳамчунин, бо хислатҳои волои инсонӣ, дидгоҳи ҷадиду андешаҳои бузурги ояндасозӣ ва саъю кӯшишҳои шабонарӯзиашон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум дар зеҳну замири халқ маъво дорад. Маҳз эътимоду боварӣ ва самимияти беандозаи ҷомеа нисбат ба Пешвои хеш буд, ки Президенти мардумӣ бо ҳамдастии мардум ва дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ зафарёб гардида, Тоҷикистони дар ҳоли рушдро ҳамчун кишвари дар ҳалли масоили глобалии сайёра пешоҳангу ташаббускор муаррифӣ карда истодааст.

Ба нишони арҷгузорӣ ба фидокориҳои қаҳрамононаи Сарвари давлат мардуми кишварамон муҳимтарин санаҳои таърихсози аҳди истиқлоли диёрро бо тантанаи хоса истиқбол мегиранд, ки Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба унвони ҷашнҳои ифтихории тоҷикистониён, дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони ояндасози мо нақши бағоят муҳим дорад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент баёнгари қадрдониву арҷгузории халқ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат дар ҷодаи бунёдгузории давлати навини тоҷикон аст.

Имрӯзҳо ба шарофати хиради азалӣ ва шукргузорӣ аз файзу баракати истиқлол ва сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони азиз ҷомеаи худогоҳу ватандӯсти кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ, татбиқи барномаҳои ҷадиди ба рушду инкишофи кишварамон нигарондашуда ва расидан ба орзуву ормонҳои ҳазорсола саъю талош доранд. Дар ростои омодагӣ ба истиқболи арзанда аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон иқдомҳои бузурги ободониву созандагӣ идома дошта, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки таҳти шиори ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат: «Тоҷикистон, ба пеш!» баҳри ободиву сарсабзӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизи худ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Ба инобати нақши бузурги Сарвари давлат дар бунёдгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёи фарҳангу асолати миллӣ ва муаррифии арзандаи миллату давлат дар арсаи олам таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, тантанаи амният, суботу ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии тоҷикони олам ва сокинони кишварамон арзёбӣ мегардад.

Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА,

муовини вазири маориф ва илм

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон