БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Яъне, ки бузургвор буд модари ман…

Чеҳраҳо

 Модарро мураббии аҳли башар ва нахустус­тоди инсон медонанд. Нависандаи бузурги англис Кристофер Марло навишта:

«Усораи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он модар сохтаанд». Ӯст, ки зиндагӣ низому нумӯву нармӣ дорад. Ҳазорон асарҳои саршори муҳаббатро маҳз фарзандони фарзонае навиштаанд, ки аз модари фозил ба дунё омадаанд.

 Шеъри шуҳратдори устод Бозор Собирро бо завқ хондаем, ки моро ба ёди модар ба деҳот мебарад ва дар хаёлоти худ модари шоирро пеши назар меорем:

 Олучаи латтадор буд модари ман,

 Қишлоқии хоксор буд модари ман.

 Воқеан, модари шоир бо шуҷоату ҷасораташ чархи рӯзгорро, ки дар он 7 фарзанди ятим буд, кашиду аз пайроҳа то шоҳроҳи бузурги ҳаёт бурд. Ин хоҳиши охирини ҳамсараш буд, ки дами марг бо азизи зиндагияш васият намуд, ки фарзандон бояд хонанд…

 Модари устод Азизмоҳ Зоирова тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандон: Райҳон, Камол, Садриддин, Бозор, Темур, Иброҳим, Бибикалон сарф намуда, рисолати бузурги модариро ба ҷой овардааст. Ба қавли устод: «Яъне, ки бузургвор буд модари ман…»

 Пас аз фавти ҳамсар, ба толеи масъуди фарзандон, модар худро масъул донист. Бо ҳама рангрезиҳои рӯзгор, мехост бачаҳояш, нури чашмонаш, зиндагии шоистае дошта бошанд, аз ин рӯ, чун қиблагоҳ пуштибону ёварашон буд. Ӯ аз кӯҳсорони баланди деҳ андешаву дониши баланд доштан, вале инсони самимиву заминӣ буданро ба фарзандон омӯзонд. Аз пастиҳои рӯзгор сабақ гирифтану фатҳи қуллаҳои баландро ба ҷигаргӯшаҳояш ёд дод. Вале, аз чизеву касе гила намекард. Шоир рӯзгори модари ятимпарварашро чунин шарҳ медиҳад:

 Умраш ба ятимдорӣ тай шуд охир,

 Бо резаю резаворӣ тай шуд охир…

 Ҳамин аст қудрати модар, ки аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин дар паҳлуи фарзанд аст, розист ҷони хешро барояш нисор намояд…

 Дар солрӯзи устод Бозор Собир хостем аз рӯзгори модари шарифашон бигӯем, ки чунин шоирро баҳри миллат офаридааст. Ба суроғи хоҳари хурдии шоир, Бибикалон Собирова рафтем, ки имрӯз дар ҳалқаи фарзандону набераҳои дилбандаш давлати пирӣ меронаду шамъи хотири волидони азизашро гиромӣ медорад.

  Зодбуми модари бузургворам деҳи зебоманзари Файзобаи ноҳияи Файзобод аст. Бо амри тақдир аз муҳаббати модар барвақт маҳрум гардида, дар тарбияи хоҳарбузургаш, ки оиладор буд, мемонад. Рӯзгори ятимиро модарам низ дида, аз ин рӯ мекӯшид, мо руҳафтодаву дилшикаста набошем.

 Дар деҳаи Сӯфиён модарам обрӯи мардумро соҳиб буд. Дар маросими хурсандиҳо ҳамдеҳагон ӯро махсус даъват мекарданд, ки чодари арӯсу домодро ӯ бизанад… Модарам зани босалиқаву ҳунарманд буданд. Ҳарчанд хонаи мо қадимӣ буд, дар хона мизу курсӣ, чароғҳои махсус буданд. Модарам навовариву зебоиро дӯст медошт ва дар ин кор бо бародари калонам, ки дар марказ мехонд, ёрӣ мерасонд. Акаам ба китобхонӣ мароқи бештаре дошт. Ба таҳсили мо назорати сахт мекард. Дар девори гилии хона равак карда буданд, аввал китобҳои бадеӣ чида шуда буд, баъд китобҳои дарсии фарзандон… Китобдӯстони деҳа ба хонаи мо омада, китоб мепурсиданд, модарам аз миёни онҳо китоби даркориро дар як лаҳза ёфта медод. Пас аз хобидани фарзандон ба дӯсти беғаразаш – китоб, рӯ меовард… Замони маҳви бесаводӣ алифбои лотиниро ба занҳои деҳа меомӯзондааст. Модарам, ки зеҳни тез дошт, аз имтиҳон баҳои аъло гирифта, як либосворӣ шоҳӣ туҳфа мегирад. Бо ин хат хеле зебо менавишт, ки дар ҳайрат мемондем.

 Падарам низ шахси донишманд будаанд. Аз рӯйи гуфти модарам, падарам ронанда, сафардида будаанд. Ба таҳсили фарзандон диққат медоданд. Бародари калонии моро барои маълумоти миёна гирифтан, зеро дар деҳа мактаби 10-сола набудааст, ба шаҳри Душанбе оварда, дар Мактаб-интернати шоҳибофии шаҳри Душанбе хонондаанд. Қиблагоҳамон хеле ҷавон, дар синни 48 бар асари беморӣ фавтиданд, - бо эҳсос авроқи хотираҳоро варақ мегардонад Бибикалон.

Дар шаҷараи онҳо ҳама фарзандон ба худ як истеъдоду малакаи хосе доштаанд.Темур Собир бо донишу фаҳмишаш аз ҳамсолон фарқ мекард, омӯзгорон иқрор меоянд, ки Темур дар якумсинфӣ баробари хонандагони синфи 4 фаҳмиш дошту мактаби ибтидоиро дар ду сол хатм карда, ҳамсинфи устод Бозор мешавад…

Самараи заҳмати модар борвар шуду фарзандон яке омӯзгори самти филология шуду яке доктори илми математика ва дигаре Бозор Собир - шоири номвари тоҷик…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши устод мегӯянд:

«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст»…

Тақдир дар сарнавишти модар рӯзҳои сахтеро навишта, ки ду писарашро аз даст медиҳаду печидаи ғаму андӯҳ мегардад. Ба дуои модар ҳатто «дастҳои чанори пир» омин мегуфт, дарди ҷонсӯзи худро чун «дуди печони ошдонҳо» берун мебароварду бо «ҳавзи оби найзор» дар гуфтугӯ буд. Модари ормонии шоир бо дили пур аз доғи фарзандон дар 78-солагӣ чашм аз дунё пӯшид. Ба таъбири ҷигарбандаш:

Ман хандаи модарам надидам ҳаргиз,

Лабхандаи модарам надидам ҳаргиз.

Ғайр аз алами вафоти фарзандонаш,

Ҳар шому пагоҳӣ нашунидам ҳаргиз.

Ин суханони ҷигарсӯзро касе метавонад гуфт, ки ба бузургии модар имон дорад, чун устод Бозор Собир.

Дуои модар доим ӯро ҳамсафар буд, ки аз миёни садҳо хавфу хатар гузашт. Бо дуои мустаҷобшавандаи модар сабзиду шинохта шуд… Шоири бузурги садаи XX Расул Ҳамзатов фармуда: «Ситоиши модар мавзуест, ки то абад тоза хоҳад монд».

Фарзона ВОСЕЕВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон