БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷонфидои пеша

Чеҳраҳо

Дар саҳнаи музайян аз бузургии пешаи омӯзгорӣ суханронии пурҳикматашро дар машварати августии омӯзгорон ҳампешагону шогирдонаш гарм истиқбол гирифта, самимона барои заҳматҳои фаровону бесобиқааш дар рушди маорифи маҳал бардавом каф мекӯбанд. Бале, ӯ ба маънои том омӯзгори ҳақиқист ва 47 сол аст, ки аз ин пеша нони боиставу номи шоиста дорад.

Муҳаббат ба пешаи муаллимӣ дар дили Мавлуда Бердиева аз тамошои харита дар дарси ҷуғрофиё ҷой шуда буд. Дар олами хатту нақшу ранги давлатҳо оромиш эҳсос мекард ва соатҳои зиёд бар он чашм медӯхту дар рӯёҳои ширини бачагӣ дар харита сайри олам мекард. Ҳамсинфонашро ба омӯхтани ҳар нуқтаву аломати харита ташвиқ менамуд ва ба қавли маъруф, турфа шогирде буд, ки устодро дар ҳайрат мегузошт.

Сарнавишт дар овони хуррами сесолагӣ ӯро аз оғӯши гарми модар маҳрум сохт. Қиблагоҳи ғамхораш тани танҳо барои 5 фарзанд ҳам падар буду ҳам модар. Махсусан Мавлударо бештар навозишу дӯстдорӣ мекард ва тамоми хос­таву орзуҳояшро амалӣ месохт.

 Баъди хатми мактаби миёнаи № 3 хатсайри ояндаи зиндагии ман муайян буд. Маро падар ба Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) бурданд ва ба факултаи география дохил шудам. Қадамҳои нахустини худро дар шоҳроҳи омӯзгорӣ дар Мактаб-интернати шаҳри Панҷакент ҳамчун мураббӣ гузошта, баъди ду соли таҷриба барои фаъолият ба мактабе даъват шудам, ки аз даргоҳи пурмеҳраш парончак шудаву аз омӯзгоронаш муҳимтарин сабақи ҳаёт, муҳаббат ба пешаи омӯзгориро гирифта будам, - мегӯяд Мавлудабону.

Маърифати баланду дониши кофӣ ва хулқи ҳамидаи инсонӣ Мавлударо дар байни ҳамкоронаш, ки чор-панҷ соли пеш омӯзгорони азизаш буданд, маҳбубу дӯстдоштанӣ кард. Бо ниҳояти фурӯтанӣ аз омӯзгорони худ машварату маслиҳат мегирифту баҳри хотирмон гузаштани дарсҳои худ аёнияти ҷолибу омӯзанда омода мекард. Риштаи ҳаёти ӯро ҳампешаи гиромиаш, Зеварой Хӯҷамуродова, ки дар ҳусну малоҳат ва озодагиву хушлибосӣ мумтоз буд, соли 1975 бо ҷигарбандаш Аминҷони муаллим, пайванд намуд ва модарона нозукписандиву зебоипарастиро дар вуҷуди гуларӯсаки нозанинаш густариш медод.

 Хушдоманам дар тарбияи шахсии ман саҳми шоиста доранд. Мани нозпарвард, ки ҳамеша машғули омӯзиш будам, тамоми нозукиҳои зиндагидориро аз он кас омӯхтаам. Самимона хатоҳоямро ислоҳ мекарданд ва дар тарбияи фарзандон бароям ёрӣ мерасонданд. Дар солҳои аввали хонадорӣ мо на келину хушдоман, балки устоду шогирд будем, ки ман то ҳол дар зиндагидорӣ аз таълимоти пурҳикматашон баҳраҳо мебардорам,- ба ёд меорад Мавлудабону.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, ҳамзамон раиси шурои занон ва духтарони мактаб буд. Ба интизому хониши духтарон диққати махсус медод ва сиёсаташ бебоктарин духтаракони хунгармро низ орому аълохон мекард. Маҳфилу чорабиниҳои гуногун созмон медоду аз тарафи мутасаддиёни шуъбаи маориф ва МИМҲД шаҳри Панҷакент баҳои баланд мегирифт. Шогирдонаш иштирокдор ва ғолиби олимпиадаҳои фаннии вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалианд. Талошу кордонӣ ва дафтардории ӯро ба назар гирифта, аз соли 2000-ум мудирии кӯдакистони № 8 «Наврӯз»-ро ба зиммаи ӯ гузоштанд.

 Даҳ соли фаъолият дар «Наврӯз» бароям ҷолиб буд. Ба кӯдакони хурдсол ҳамчун ба шогирдони худ муҳаббат доштаму мураббиёнро баҳри расидан ба қуллаҳои баландтари фаъолият ташвиқ менамудам. Ин буд, ки таваҷҷуҳи мураббиёни кӯдакистон ба иштирок дар озмунҳои «Мураббии сол» бештар шуда, талошашон на танҳо дар тарбия, балки дар таълими тифлакон рӯзафзун гардид. Бо дастгирии раиси вақти шаҳр ва волидони тарбиятгирандагон синфхонаҳои фарсударо аз таъмир бароварда, суҳбаткадаҳои барҳаво баҳри истироҳати кӯдакон сохтем, то дар шароити мусоид бо завқи зебоиписандӣ ба камол расанд, - зикр мекунад мураббӣ.

Дар баробари мудирӣ, вай ҳамеша бо мактаб пайванд буду бо иштирок дар семинару машваратҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва курсҳои такмили ихтисос навтарин усули таълимро аз худ намуда, ба омӯзгорони ҷавон таълим медод, то дарси онҳо низ шавқовару ҷолиб ва хотирмон сурат гирад. То дили шаб барои босифат анҷом додани кори таълиму тарбия дар мактабу кӯдакистон эҷодкориҳо мекарду барномаҳои гуногуни омӯзиширо таҳия намуда, мақолаҳои судманд дар бораи тарзи дарси фаъол ва нақшаҳои таълими пешрафта дар ВАО ҳамчун дастури методӣ ба омӯзгорони ҷавон ба нашр мерасонд.

Дар шаҳри Панҷакент хурду калон Мавлударо «муаллимҷон» мегӯянд. Ӯ, воқеан, арзандаи номи омӯзгор аст ва ин касби пуршарафро самимона иҷро мекунад. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо пешниҳоди ӯ ихтисоси география ташкил шудаасту ҳамчун устоди ботаҷриба дар ин боргоҳи таълим ба шогирдони зиёде дарс мегӯяд ва талош меварзад, ки баҳри рушди соҳаи маориф омӯзгорони огоҳ ва донишмандро ба камол расонад.

Мавлуда Бердиева бо шавҳараш марҳум Аминҷон Хӯҷамуродов, ки солҳо директори МТМУ № 3 буд ва дар фаъолияти роҳбарӣ аз бонуи огоҳу донишманди худ маслиҳату машварат мегирифт, тавонистанд як оилаи намунавиро ташкил диҳанд. Чор фарзанди огоҳу донишманд ва хушахлоқу ватандӯстро ба камол расондаанд, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт номбардори зодмандону омӯзгори худанд.

Дар ҳалқаи нишоти наберагону фарзандон ва рушди маънавию дастовардҳои шогирдон шукргузори сулҳу истиқлолу озодист ва заҳматҳои бепоёнаш дар рушди соҳаи маориф дар як гӯшаи кишвар соли 2020 бо медали Хизмати шоиста қадр гардиданд.

 М. НАЗИРОВА,

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон