БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шаҳлои худафрӯз

Чеҳраҳо

  Зебопарастӣ сифати хоси бонувонест, ки зиндагиро бо ҳама шикасту рехт дӯст медоранду бо худафрӯзӣ ҳаётро нурборон мекунанд. Шаҳлобону низ аз шумори он бонувонест, ки аз зебоӣ таркиб ёфтаасту нишасту бархост, гашту гузор, рӯзгор ва ҳатто орзуву андешаҳояш талқингари зебоиянд. Солҳост ҳамчун муҳосиб дар ниҳодҳои гуногун фаъолияти ибратомӯз дораду бо диди тоза ва табассуми самимӣ ҳамчун шукуфаи арғувон давру барашро таровату назокат мебахшад.

 Нозпарвард

 Шаҳло Аскарзода дар деҳи баландкӯҳи Руботи ноҳияи Дарвоз - дарвозаи тиллоии Бадахшон ба дунё омадааст. Зодмандони бомаърифаташ дар ҷомеа маҳбубият доштанд. Онҳо, ки пайи иҷрои масъулиятҳои давлатию ҷамъиятӣ дар маҳалҳои гуногун сукунат мегирифтанд, ҳафт ҷигарбанди хешро бо шоистатарин хулқу атвор тарбият мекарданд. Зиндагии бонизому ба қавле ашрофӣ дар ниҳоди фарзандон зебописандиву сарбаландӣ, ростқавлию поктинатиро ташаккул додааст. Тифлии Шаҳлобону бошад, дар муҳити нисбатан дигар, дар оғӯши меҳрбори модаркалон гузашт.

ақте шашмоҳа будам, модарам Маърифат Маҳмадаминоваро барои идомаи таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Тарбияи мани кучакро ба зиммаи моми бузург гузоштанд, ки дар шаҳри бостонии Кӯлоб умр ба сар мебурд. Моми ғамхор чи меҳру муҳаббате, ки дар дилаш дошт, ба ман нисор мекард. Баръакси хоҳарон, ман нозпарварду эрка будаму хоҳишҳоям сари вақт иҷро мешуданд, - ба ёд меорад Шаҳлобону.

 Худсоз

Овони таҳсил дар мактаби миёна бештар дарси адабиёт ва ҳунарҳои зеборо меписандид. Ин рағбати ӯ ба қиблагоҳ, ки директори мактаб буд, писанд наомад. Падар ояндаи гулдухтарашро дар самти илмҳои дақиқ медид. Дар худсозии фарзандон диққати махсус медоду онҳоро бештар ба хондани осори пурмуҳтаво, омӯзиши шоҳмоту шашка, иҷрои машқҳои зеҳниву ҷисмонӣ водор месохт. Шаҳло дар ин муҳити дақиқкорӣ муҳосибиро пеша намуд.

Ба хотири ифтихори қиблагоҳу модари мушфиқ шудан ба омӯзиши математика ҷиддӣ машғул шудам. Рақамҳо маро ончунон ба худ ҷалб намуданд, ки ҳисобу шумор ва натиҷабарориро дӯст доштам. Соли 1985 дар факултаи иқтосодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) шабона мехондаму рӯзона кор мекардам. Муҳосибиро аз мутахассисони рус омӯхтам. Зикр ба маврид аст, ки онҳо ба ҷавонони маҳаллӣ таҷрибаи корашонро хуб нишон намедоданд, вале дилашонро ёфтан кори осон буд. Бо вуҷуди бениёз будани зодмандон, намехостам барои таъмини худ аз онҳо маблағ бипурсам, - иброз медорад бонуи ҳисобдор.

 Ҷафодида

Таъбири маъруфест, ки мегӯянд, тири ҷанг аввал ба дили зан мезанад. Шаҳло Аскарзода тоза оиладор шуда буд, ки оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин арусаки пурорзуро овора кард. Вақте ёд аз ин марҳалаи рӯзгорашро ёд меорад, ашки афсӯсу надомат на аз дида, балки аз ҷону ҷигар берун меорад. Сахтиву нокомиҳои ҷангро дар ҷони хеш таҷриба кардаасту шифои захми дилро аз осоиштагиву сулҳи бесобиқаи кишвар медонад.

Солҳои 1990–1995 дар зиндагии ман мактаби дигаре буд, ки ба сад хориву зорӣ аз он дарси зиндагисозӣ омӯхтам. Шавҳарам дар мақомот адои вазифа мекарду оташи мошинҳои зиреҳпӯш хонаи хусурамро дар Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба хокистар табдил дод. Ёдам ҳаст, ки занону кӯдакони хурдсолро ба фиреби «раҳмхӯрӣ» ба аробаи трактор савор мекарданд. Паси дарвозаи шикастаи мо низ он ароба интизори ман буд. Фарзанди нахустинам Фаридунҷон дар даст, аз ароба дер мондам ва баъдтар фаҳмидем, ки он ароба на ба ҷойҳои бехавф, балки ба Афғонистон раҳсипор будаву бечора занонро ғарибу овораи мулки дигар карданд. Мо низ хонабардӯш, тану ҷони хастаи худро аз ин деҳ ба он деҳ мекашондем, то аз тири дайду дар амон бошем, – ашки дида пок мекунад бонуи ҷафодида.

 Гумгаштапайдо

Бо зориву лобаи модари ғамхор, ки дар ноҳияи Восеъ масъул буду ҳамагон эҳтиромашро қоил буданд, сарбозони шуҷои Ватан Шаҳлои гумгаштаро меҷустанд. Ниҳоят, офтоби бахт ба рӯйи ӯ низ хандиду аввал ба Душанбе ва баъди муддати мадид ба дидори волидони чашмбароҳаш мушарраф гашт.

 Сарсониву оворагии худро дар он рӯзҳои мудҳиш наметавонам баён созам. Ин пораи хотирот танҳо махсуси ман нест, балки талхии сарнавишти садҳо бонувонест, ки оташи ҷанг дар дилашон захми амиқ гузошту давои он танҳо ҳамин сулҳу салоҳ ва осмони беғубори Ватан аст. Ба ин рӯзгори хуррам моро Сарвари ҷавону ғамхори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонданд, ки арзандаи тамоми ҷоизаҳои заминиву бариниянд, - изҳор дошт Шаҳлобону.

 Садоқатманд

Таҷрибаи аз рӯзгор андӯхтаашро бо дасту дили гарм ба кор бурду соли 1995 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт. Бо донишу заковат ва муҳаббат ба кишвари ҷоноҷон дар зинаҳои гуногун аз мутахассиси одӣ то сардори раёсати молия дар Вазорат тули 27 сол адои вазифа намуд. Дар 36 соли собиқаи корӣ ҳамеша талош варзид то ба касби хеш содиқ бошаду боварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки мақоми занро дар ҷомеа ба маротиб баланд бардоштаанд, сазовор гардад.

Бонуи муҳосиб аз соли 2022 дар раёсати банақшагирӣ, молия ва иқтисоди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмур асту дилмашғулии худро садоқатмандона ба иҷро мерасонад.

 Ҳисобдорӣ кори ниҳоят ҷиддист ва диққати махсусро тақозо менамояд. Имрӯз, ҳарчанд барномаҳои компютерӣ фаъолияти муҳосибонро сабуктар карда бошад ҳам, як хато метавонад ба фаъолияти шахс таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, соатҳо сари ҳар рақам андешидану борҳо натиҷагирӣ кардан фидоии касби худ буданро талаб мекунад. Ман шукргузорам, ки бо тарбияи шогирдони арзанда, ки имрӯз аксарият сардорони раёсати молия ва муҳосибони асосӣ дар ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамъиятианд, тавонистам рисолати инсонии хешро каме ҳам бошад ба сомон расонам, - қаноатмандона изҳор мекунад Шаҳлобону.

Дар баробари як қатор сипосномаву ифтихорномаҳо бузургтарин дастоварди кориро сазовор шудан ба Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад, ки 7-уми августи соли 2018 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштааст.

 Аз ҳамаҷои Тоҷикистонам

Тақозои вазифа қариб тамоми гӯшаву канори Ватанро дидаву ба хориҷ аз мамлакат сафарҳои хизмативу инфиродӣ анҷом додааст. Дар ҳар куҷои олам дилаш барои Тоҷикистон гум мезанаду ҳавои Ватанро беҳтарин ҷондоруи худ медонад. Сарфи назар аз теғи ҷароҳатҳо, ки дар ҷисму равонаш из гузоштаанд, Шаҳлобону бар он мекӯшад, ки ҳар рӯзи ҳаёташ беҳтар аз дирӯз бошад.

 Дар баробари фаъолияти босамар дар мақомоти давлатӣ бо шавҳари дастгиру ғамхор зиндагии ободеро созмон дода, се ҷигарбандро шоиста ба камол расонд. Фаридуну Фарзонаву Сомон соҳиби ду маълумоти олӣ ва донандаи 4–5 забонҳои хориҷианду дар ниҳодҳои гуногун заҳмат мекашанд. Набераҳои дилҷӯ ба зиндагии моми ҷавон обуранги нав бахшидаанд…

Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон