Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сарбози содиқи ватан
Чеҳраҳо / СлайдерВатандӯстӣ на танҳо сухан, балки амал, эҳсос, садоқат, дӯстдорӣ ба хоку сарзамини кишвари худ аст. Чеҳраи инсони ватандӯстро чунин хислатҳо рӯшан намуда, ӯ худро миёни мардум масъул ва дар иҷрои корҳои муҳим уҳдадор мешуморад… Хушбахтона, мо бо чунин бонуи ватандор вохӯрдем, ки дар чашмонаш эътиқоду умед, меҳр ба замини аҷдодӣ эҳсос мегардад. Дар чеҳрааш ҳикояи меҳнат, ирода ва муҳаббат ба кор нуҳуфтааст. Одиназода Латофат, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент ва роҳбари дилсӯзе, ки зиндагӣ ва фаъолияти худро бо иродаи қавии хеш ва қалби пурмеҳр бунёд намудааст.
Овони кӯдакии ӯ дар муҳити орому осуда гузаштааст. Падар бо пешаи табибӣ дармонбахши мардум буду модар бо касби поккорӣ паҳлуи шавҳар. Волидон кӯшиданд, ки ду гулдухтари хешро бо меҳнати ҳалол тарбият намуда, соҳибмаълумот гардонанд. Муҳити хушу фазои солими оила ва дастгирии падару модар Латофатро ба фатҳи қуллаҳои дониш ва хизмат ба мардум роҳнамоӣ мекарданд. Ҳанӯз аз айёми мактабӣ, Латофат аз бонувони омӯзгор илҳом мегирифту дар дили хеш орзуи муаллим шуданро мепарварид…
Соли 2000-ум орзуи мактабӣ ӯро ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Чун донишҷӯйи донову дидадаро буд, зуд миёни омӯзгорону ҳамсабақон шинохта шуд. Пас аз як соли таҳсил ба шуъбаи ғоибона гузашта, ҳамчун лаборанти кафедраи физикаи умумӣ паҳлуи устодон фаъолиятро идома бахшид. Баъди анҷоми таҳсил ва соҳиб гардидан ба дипломи Донишгоҳ бо ихтисоси астроном, мудирии лабораторияи кафедраи астрономияро дар факултет ба ӯ бовар намуданд. Ду соли ҷустуҷӯй дар лаборатория роҳи илму донишро барояш кушод ва меҳнатдӯстию иродаи қавияшро дида, ӯро дар кафедраи астрономия ҳамчун ассистент ба кор гирифтанд.
Латофат пайи корҳои илмии худ саъй дошту домони илмро раҳо намекард. Зери роҳбарии устодаш Комил Абдулҳай соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Олимони асримиёнагии асрҳои VIII–XIII» ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои педагогиро соҳиб гашт. Масъулиятшиносияш ӯро то зинаи муовини декани факултети физика дар шуъбаи ғоибона овард. Ба ҳар ҷодае, ки қадам мегузошт, баҳри беҳбудии соҳа ҷадал мекард. Заҳматҳои созанда ва ташаббусҳои роҳбариашро ба инобат гирифта, соли 2015 Одиназода Латофатро директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таъин намуданд.
Дар муассиса ҷӯяндагони илмро ба омӯзиши техникаи муосир ва технологияҳои рақамӣ дилгарм мекард, ки имрӯз аксари дастпарваронаш ҳамчун мутахассисони варзидаи соҳа дар самти худ муваффақанд, ки ин ифтихори ҳар омӯзгор буда метавонад. Ҳамин гуна ӯ дар роҳи кору рӯзгор баҳри беҳбудии он талош меварзид. Ҳар мушкили кориро чун мушкили худ қабул мекард ва барои ҳалли он то нуқтаи охир саъй менамуд. Замони роҳбари Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе буданаш, дар омодасозии омӯзгорони донишманд масъулияти ҷиддиро эҳсос менамуд. Дар раванди кор, дониши гирифтааш аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ барояш кор дод. Тули фаъолият дар ин муассиса ҳайати устодони донишманду соҳибтаҷрибаро гирд овард, ки то ҳанӯз дар ин даргоҳ аз фаъолияти сарвариаш ба некӣ ҳарф мезананд.
Муносибати некбинона бо омӯзгорон ва муҳассилини даргоҳ Латофатро қадам ба қадам азизи атрофиён намуд. Ин буд, ки соли 2022 ӯро роҳбари Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъин карданд. Дар ин боргоҳи илм зиёда аз 700 донишҷӯ дар ду факултет, шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таълим мегирад ва ба онҳо 97 омӯзгори соҳибтаҷриба дарс мегӯяд.
- Донишҷӯёни имрӯза малакаи хубу ҷаҳонбинии васеъ дошта, бо барномаҳои муосир кор карда метавонанд. Ин навҷӯйии онҳо омӯзгоронро низ водор месозад, ки масъулияти бештар эҳсос намуда, ҳамқадами замон бошанд. Доим ба ҷавонон гӯшрас менамоем, ки дарёфти роҳи комёбию муваффақият аз заҳмату талошҳо, афтодану хестанҳо иборат буда, аз шумо, дар баробари илму дониш, ҷасорату сабуриро низ металабад, - бо боварӣ мегӯяд директор. - Ба Ватан - Модар хизмат кардан шарафи бузург аст, ки мо дар симои ҳар як шогирди худ онро мебинем. Омӯзгор ҳам мисли модар аст, ҷое барои шогирдон ғамхору меҳрубон ва ҷое масъулу сахтгир, - меафзояд Л. Одиназода.
Фаъолияти ӯ танҳо ба соҳаи маориф маҳдуд нашуда, солҳои 2020 - 2022 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва аз соли 2023 то ҳол вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аст. Мардум бо арзу ниёз, мушкилоти доштаашон ба вакили хеш муроҷиат мекунанд ва ӯ мекӯшад, ки ҳар як пешниҳоду масъалагузорӣ расман ва бо натиҷаи хуб ҳалли худро ёбад. –
Роҳбар будан танҳо сиёсати идоракунӣ нест, балки хештанро ҳамчун модар, хоҳар ва ҳамкори ғамхор ба ҳар як корманд нишон додан аст. Ҳар вазифае, ки назди мо гузошта мешавад, мисли сарбози содиқи Ватан пайи иҷрояш амал мекунем. Дил ба дил, қадам ба қадам барои ободии Меҳан талош меварзем, - бо хушнудӣ иброз медорад Латофатбону.
Меҳнати чандинсолаи ӯ бо нишонҳои Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин сипосномаву ифтихорномаи соҳавӣ қадр гардидааст.
Дар баробари ҳама ин корҳои давлатӣ, Латофат модари меҳрубону ҳамсари ғамхор аст. Духтараш таълимдидаи риштаи тиббӣ буда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк аст, писараш дар курси сеюми факултети молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Сирри муваффақиятҳои ин бонуи сарвар дар он аст, ки дар ҳар ҷое ҳамчун роҳбар фаъолият намуд, аз худ, пеш аз ҳама, номи неки тарбиятгар, роҳбари фарзона, модару ҳамсари некро садоқатмандонаю самимӣ боқӣ мегузорад.
Имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсат, фарҳанг, варзиш ва соҳибкорӣ нақши бориз доранд ва ба ҳангоми назар афкандан ба ҳар дастоварди онҳо, мебинем, ки ҳамаи ин аз ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Пешвои миллат ба занон на танҳо имконият, балки эътимоду неруи бузург бахшиданд. Эътимоде, ки ҳазорҳо бонуи тоҷикро ба зинаҳои пешравӣ роҳнамун сохт.
Фарзонаи ШАЪБОН
Мубодила:
Шарҳҳо
