Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ниҳоди пурмеҳр
ЧеҳраҳоИн сафар моро бо бонуе рӯ ба рӯ овард, ки аз соҳибвазифа буданаш дида, муҳаббату самимияти гармаш ба инсонҳо, хосатан ба корафтодаҳо, таваҷҷуҳи касро бештар ба худ ҷалб месозад.
Бонуи ситорагарм, бо қалби пур аз меҳру муҳаббат муовини раиси ноҳияи Ванҷ Сафарбегим Сафармамадзода мебошад. На, мо ӯро на барои он меситоем, ки чанд рӯзи меҳмон буданамон, бо мо буд, балки барои он ки ӯ дар қиболи ҳар корафтодае, ки сар ба кадом ниҳоде намезад, худро дар ҷойи он нафар медид. Занги телефонашро ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонд. Эҳсос менамуд, ки паси ҳар занг мизоҷе бо умед нигарон аз дастони пуршафқати ӯст. Оилаеро аз пареш хӯрдан наҷот бояд дод, арусе ба хушунати хонаводагӣ гирифтор шуд, духтардонишҷӯйе аз вазъи молиявӣ ғамгин аст, агар муовини раис ёрӣ нарасонад, эҳтимол тарки хондан кунад, ҳунарманде дастони гулофарин дораду имкони пеш ҳаракат карданро надорад, бояд қаноти ӯро бардошт… Ҳамин зайл кам нестанд нафароне, ки «муаллими меҳрубону ғамхор» унвонаш додаю дарашро мекӯбанд.
Посухҳои кӯтоҳи ӯ ба ҳар нафаре, ки бо умед зангаш мезаду ҷавоб мегуфт, моро хуш меомад. Ва ӯ мерафт соате чанд бо мизоҷони худ мемонду пайи дигар корҳои идориаш мешуд… Аз қиёфаи ғарқи андешаю муошират бо мусоҳибаш ҳамаи инро мефаҳмему посухҳои умедвораш моро ба шингиле аз рӯзгори ин бонуи ҳалиму дидадаро навиштан дилгарм месозад.
Вай аз он меболад, ки зода ва парвардаи диёри зебоманзар аст. Даврони хурдсолӣ ва мактабхониаш дар ин гӯшаи кӯҳистон гузаштаву пас аз хатми мактаби миёна соли 1991 муддати як сол дар нозироти андози ноҳия ҳамчун котиб фаъолият кардааст. Солҳои 1992 - 1997 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, 1997 - 2001 омӯзгори МТМУ № 4-уми ба номи Носир Қудратов. Беш аз даҳ сол мудири шуъбаи умумии МИМҲД-и ноҳияи Ванҷ, 2017–2019 муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Маҳмадулло Абдуллоев буд.
Аз моҳи июли соли 2019 муовини раиси ноҳияи Ванҷ аст. Сокинони ноҳия солҳост, ки ӯро ҳамчун бонуи меҳрубону ҳалим ва хоксор мешиносанд. Таҷрибаи кории сисолааш имкон дод, ки аз коргари одӣ то мутахассиси дараҷаи олӣ расад.
Сафарбегим мегӯяд, ки аксари дархосту хоҳиши корафтодаҳо аз ҷониби раиси ноҳия Наҷмиддин Давлатзода дастгирӣ меёбанд, зеро вай моҳияту зарурати ҳар хоҳишу талаби мизоҷро ба унвонии раиси ноҳия ва дилхоҳ ниҳоди дигар дарк намудаву фаҳмонда метавонад, ки ин бартарияти кору вазифаи ҳар муовини раис аст…
Соҳаҳое, ки ба самти фаъолияти Сафарбегим мансубанд, ҳамагӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар бахши маорифу тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия солҳои охир рақамҳои дилгармкунанда ба назар мерасанд. Панҷоҳ дарсади омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз бонувони фаъолу соҳибтахассус иборат буда, дар соҳаи тандурустӣ низ қисми зиёди кормандон аз шумули занону духтарони маҳаллист.
Соли хониши 2024–2025-ро маорифчиён бо комёбиҳои баланди хониш ҷамъбаст намуда, дар деҳаҳое чун Мотравн, Будун, Жамаг, Вишхарви деҳоти Язғулом, Бунайи деҳоти Ҷовидон, Техарви деҳоти Техарв ва Ғуҷовасти деҳоти Рованд омӯзгорону хонандагон дар муассисаҳои нави таълимӣ, ки бо ташаббуси МИМҲД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва МИМҲД-и ноҳияи Ванҷ сохта ба истифода дода шуданд, болидаруҳ дарсҳоро оғоз намуданд.
Ноҳия дорои ду боғчаи бачагона мебошад, ки 240 нафар кӯдакро ба оғӯш гирифтааст. Ҳамчунин, соли хониши рафта дар назди 33 муассисаи таълимии ноҳия марказҳои рушди барвақтии кӯдакон бо фарогирии 615 нафар фаъолият дошт. Ин ҳама ғамхориҳо дар ҳаққи мактаббачаҳо имкон шароит муҳаё сохт, ки сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст «, «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи ноҳия ва вилоят ҷойҳои намоёнро касб намудаанд.
Фаъолияти бонувонро муовини раис дар дилхоҳ соҳаҳои хоҷагии халқ мусбат арзёбӣ намуда, меболад, ки натиҷаи кору масъулияти занон чашмрас буда, дар зинаҳои роҳбарикунанда ҳам шумораашон кам нест. Дар омода ва гузарондани фестивал-озмунҳои «Сад ранги чакан», «Канӣ, духтарон?», «Кадбонуи беҳтарин», «Маликаи наврӯзӣ» ва ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем» бонувони фаъолу фарҳангсолор наслҳои навро ба нигоҳ доштан ва арҷ гузоштан ба анъанаҳон неки ниёгон талқин намуданд.
МИМҲД-и ноҳияи Ванҷ, хизматҳои арзандаи бонувонро бе подош намонданд. Бист нафар бонуи фаъол соли равон бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофотҳои пулӣ қадр шуд. Аз ҳуҷраи кории бону Сафарбегим бадар рафтем. Пушти дар ҳамшираи солмандеро дидем, ки ба суроғаш омада. Ӯ аз муовини раис, бонуи равшанзамире, ки дар ниҳоди худ ба ҷуз меҳру муҳаббат чизе надошт, чӣ мехост, ба мо ноаён монд. Танҳо ҳамин чиз бароямон рӯшан буд, ки Сафарбегим ба дарди бонуи ниёзманд ҳатман хоҳад расид.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Ванҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
