БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дардошнои бонувон

Чеҳраҳо / Слайдер

Саманди андеша байни анбуҳи одамон суроби духтари ҷасуру собитқадам, маърифатдўсту эҷодкорро меҷуст, ки он дар кўраи меҳнат обутоб ёфта, ба як бонуи соҳибдилу соҳибмаърифат ва ҳам самимӣ табдил ёфтааст. Ҳини суҳбати на  он қадар тулонӣ аз баёни андешаҳояш дарёфтам, ки зани порсо, пуркор ва дар кўраи меҳнат обутобёфта аст. Маҳз тарзи дурусти корбариаш буд, ки ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расидаву дар ҷомеа мавқеи худро дарёфтааст.

Бале, Инобат Ҳусейнова яке аз бонувонест маҳз бо заҳмати ҳалолу босамар дар ҷомеа соҳиби ҳурмату эҳтироми бузург шудааст. Ў зодаи ноҳияи Айнӣ буда, 29-уми апрели соли 1955 дар оилаи хидматчии ҳарбӣ ба дунё омадааст. Падараш Қурбон Ҳусейнов, вазифаи комиссари ҳарбии ноҳияи Заҳматобод, имрўза Айниро ба зимма дошт.

Соли 1957 зодмандон ба ноҳияи навташкили Мастчоҳ кўч бастанд. Инобат қадами нахустини худро соли 1961 ба мактаби миёнаи № 1 ба номи Максим Горкий гузошт, аммо дабистонро соли 1971 дар мактаби миёнаи № 3-юми шаҳри Кони- бодом хатм кард. Ӯ сипас донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров) шуд.

Донишҷўе буд, ки дар ҳар мавзуъ назари хоси худро дошт. Аз ин рў, соли 1975 ўро муовини котиби кумитаи комсомоли Донишкада интихоб карданд, ки он солҳо яке аз калонтарин ташкилоти ҷавонони вилоят ба ҳисоб рафта, 5000 ҷавонро муттаҳид карда буд.

Соли 1976, вақте ки котиби аввали кумитаи комсомолро ба дигар вазифа гузаронданд, масъалаи интихоби котиби аввал ба миён омад. Котиби якуми кумитаи комсомоли вилоят Абдуваҳҳоб Воҳидов, номзадии Инобатро пешбарӣ намуд. Ин боварӣ ба Инобат болу пар бахшид. Бо масъулияти даҳчанд то соли 1981 дар ҳамин вазифа фаъолият бурд. Кадри ҷавону умедбахш рисолати худро дар ҷомеа бо сарбаландӣ адо мекарду нуфузу эҳтиромаш дар ҷомеа рўз ба рўз меафзуд.

Баъдан, соли 1988 ў ба вазифаи котиби кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Конибодом интихоб гардид.

Баъди чанд соли фаъолияти ҳизбӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар шаҳру ноҳияҳо, дар ҳайати комиҷроияҳои шаҳрӣ вазифаҳои нав – шуъбаи кор бо занон ва оила ташкил ёфту барои пешбурди ин самти кор Инобат ба ҳамин вазифа пешбарӣ шуд. Кор дар ин самт ба ў имконияти зиёде фароҳам овард, ки дар бораи ин қишри ҷомеа, шароити зист, донишандўзӣ ва муҳити оилавии онҳо аз наздик шинос шавад. Баъдтар ўро муовини раиси шаҳри Конибодом таъин карданд.

Вазъи зиндагӣ он солҳо душворӣ пеш овард. Шароити моддӣ барои мардум рўз аз рўз рў ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, чандин корхонаҳои азим дарҳояшонро баста, пурра аз кор бозмонданд. Барои ба даст даровардани маблағи муайян саробони оилаҳо рў ба муҳоҷират оварданд. Тарбия, нигоҳубин ва таъминоти оила ба зиммаи занҳо монд. Дар чунин вазъият дар вилояти Суғд Ассотсиатсияи занҳои соҳибкор рўи кор омад, ки ҳам аз ҷиҳати моддӣ бонувони ниёзмандро дастгирӣ мекард ва ҳам Барномаи қарзҳои хурдро оғоз бахшид, ки он маҳз барои занон пешбинӣ гардида буд. Азбаски он вақт Инобат дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ко- нибодом фаъолият дошт, ҳар рўз занону духтарони зиёд ба ў барои дарёфти ҷойи кор арз мекарданд. Бо маслиҳати бонуи кордон, роҳбари Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори вилоят Санавбар Шарифова дар шаҳри Конибодом омўзиш ва тадқиқоти зарурӣ гузаронда шуд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки дар шаҳр намояндагии худро созмон диҳанд. Аз ҳама муҳимаш, ба бонувон роҳандозӣ кардани Барномаи қарзҳои хурд буд, ки маҳз барои кумак ба занону духтарон пешбинӣ шуда буд.

Инобат бо пешниҳоди роҳбарияти Барнома самти кори худро тағйир дод ва ў аз соли 2001 то соли 2019 дар ТАҚҲ «Имон Интернешнл» дар вазифаҳои эксперти қарзӣ то менеҷери минтақавӣ фаъолият намуд. Соли 2019 ўро зарур омад, ки дар ҶСП «Бонки Арванд» аввал ба сифати менеҷери қарзӣ, баъдтар чун муовини директори филиали конибодомии бонк фаъолият барад.

Имрўз низ, бо вуҷуди собиқаи нимасраи меҳнатӣ доштан, ин бонуи дар амали хеш собитқадам баҳри рушду пешрафти рўзгори мардум, бахусус бонувони соҳибкор, заҳмат мекашад ва маслиҳатгари мутахассисони ҷавон мебошад.

                                                                                         Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

                                                                                                шаҳри Конибодом

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон