БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Меҳриннисо Алимардонова: Мо барои васл кардан омадем

Чеҳраҳо / Слайдер

Тайи даҳ соли идомаи ташаббусҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои гуногуни давлатӣ ва саҳмгузории соҳибкорони дохилу хориҷи кишвар, ҳамзамон, сокинони касбу кори гуногун дар бунёди иншооти хизматрасонӣ, таъмири роҳу гузарондани хатти оби нӯшоӣ ва ободу хуррамгардонии маҳаллаву рустоҳо ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

 

Дидору мусоҳибаҳои мо бо фаъолзанону соҳибназарон ба рӯзҳое рост омаданд, ки пиру барно ба Ҷашни Наврӯзи бостонии байналмилалӣ омодагӣ мегирифтанд.Меҳриннисо Алимардонова аз чеҳраҳои маъруфест, ки бо хайру эҳсонкорӣ, дастгирии ниёзмандон, иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди ташаббусҳои шаҳрвандӣ ба унвони рамзи занони ин гӯшаи диёри бостонӣ эътироф гардидааст.

Аз табори озодагони Қубодиёни бостонист, ки ҳувияти аҷдодони донишмандаш дар фарҳанги зиндагӣ ва хиради онон таҷассум ёфта, ҳосили аз насл ба насл мерос гузоштаашон илму ҳунарҳои мондагорест, ки дар ҳама давру замон мавриди таваҷҷуҳ ва мояи иззату эҳтиромашон миёни мардум гардидааст.Дар шаҷараи аҷдодии онҳо муҳаббат ба Ватан, илму ҳунаромӯзии пайвастаро маънии зиндагӣ мешуморанд, ки инсонро ба зиндагии шоиста, хизмат ба халқу саҳмгузорӣ дар ободонии як гӯшаи Ватан ангеза мебахшад.

-Падарам Холмурод Алимардонов, ки умре дар хоҷагии коллективӣ агроном буданд, баъди таҷдиди он аз ҳисоби саҳмияҳои аҳли оилаи мо хоҷагии деҳқонии «Ҳосилот»-ро таъсис доданд, - иброз дошт Меҳриннисо.-- Солёни заминкорӣ ва баҳрамандӣ аз донишу малакаи қиблагоҳамон барои фарзандон, ки яке корманди соҳаи савдо, дигарон соҳибкору кишоварз ва ихтисосмандони риштаҳои гуногун буданд, баробари хатми мактаби олӣ буд. Равоншод ба фарзандон хоҷагии пешқадам, баракати рӯзгордорӣ ва илму таҷрибаи пешқадами заминдориро мерос гузоштанд.Намунаи барҷастае аз заҳмати падар дар тарбияи фарзандон дар мисоли хоҳарбузургам Турсуной Алимардонова таҷассум меёбад, ки дар оғози даврони бунёдгузории давлати тозаистиқлоламон маъмурияти дастгоҳи идеологии вилояти Хатлонро бар зимма доштанд.Таҷрибаи рӯзгорон бори дигар собит намуд, ки тамоми дастоварду пешравиҳои инсон аз тарбия дар оила, саводу маърифати зодмандон ва фарҳанги хонаводагӣ вобастагӣ доштааст.

Тули 48 соли фаъолият дар соҳаи савдо аз фурӯшандаи одӣ то соҳиби мағозаву маркази тиҷорат ва коргоҳҳои ҳунармандӣ шудан, ҳамеша аз мушкилу муфлисшавиҳо таҷриба бардоштааст. Бешак, дар умқи нигоҳи хушбинонаи тоҷири машҳур ё сармоядори муваффақе як достони ногуфта аз ҷаҳду талошҳо ба хотири расидан ба ҳадафҳо таҷассум ёфтааст.

Меҳриннисо дар деҳаи Гузари болои Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба воя расида, баъди хатми МТМУ №1 ду сол дар идораи Ҷамоат фаъолият менамояд. Таҳсилоти касбиро дар Техникуми савдо идома бахшида, аз соли хатм ба кори савдо мепардозад.Тарбиятдидаи дудмоне, ки дар он меҳрубониву инсондӯстӣ меъёри зиндагӣ буда, ба фарзандон шафқат доштан ба ниёзмандону накукорӣ ба ҳамсоягонро аз кӯдакӣ талқин мекарданд, аз оғози соҳибкорӣ соле ду-се маротиба ба маъюбону барҷомондаҳо ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат ёрӣ мерасонад.Дар арафаи ҷашнҳои миллӣ қадрдонӣ кардани модарону меҳтарони ҷангу меҳнат, хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ ва роҳрӯбони кӯчаву хиёбонҳоро вазифаи инсонии худ ва кормандонаш мешуморад.

Аз ҳамовозиву пайравии ҳамдиёрон ба иқдомҳои созандаву хайру эҳсонкориаш неруи тоза гирифта, баробари рушди тиҷорату самтҳои дигари соҳибкорӣ, ҳамзамон, ба таъсиси хоҷагии деҳқонии «Меҳр» иқдом гирифт. Заҳматҳои заминкории даврони ҷавонӣ ба кор омад, ки духти агрономи номвар аз солҳои аввали киштукори пахтаву дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили фаровон мебардорад.Ҳамакнун, соле пеш бо таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии «Шоиста» доираи фаъолияташро васеъ намуда, азм дорад, ки бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ занону духтаронро ба омӯзиши ҳунар ҷалб созад.

-Ифтихормандам, ки имрӯзҳо дар ҳайати фаъолони ноҳия дар суҳбату вохӯриҳои бо усули хона ба хона шомил гашта, дар ҳалли мавзӯъҳои мубрами иҷтимоӣ ва ҷалби сокинон ҷиҳати вусъат бахшидани ташаббусҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок дорам. Дар ин росто, ҳамчун котиби комиссияи машваратии назди раиси ноҳия тамоми мушкилу масъалаҳои аҳолиро омӯхта, роҳҳои ҳаллу фасли онро дар сатҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ менамоем. Бардошти хушоянд аз дидору муколамаҳо ин аст, ки сокинон ба истиқболи Ҷашни бостонии Наврӯзи хуҷастапай омодагӣ дида истодаанд, - иброз дошт дар идома Меҳриннисо Алимардонова.Ҳамвора, фориғ аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо аҳли хонавода ба бунёди як маҷмуаи замонавӣ иборат аз 4 ошёна иқдом гирифтаем. Айни замон таҳхонаи ин иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар се ошёнаи аввал марказҳои гуногуни тиҷоратӣ ифтитоҳ гардида, дар ҳар ошёна 3–5 нафарӣ ба кори савдо ва шуғлҳои сердаромад ҷалб карда мешаванд.Ошёнаи чорум барои идораи Ташкилоти ҷамъиятии «Шоиста» нигаронда шуда, самти омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагиро бошад, ба сунҳорам вобаста намудаем, ки дар ин шабу рӯз аллакай бо 12 нафар занону духтарони ноҳия корбарӣ карда истодааст.

Сарфи назар аз солмандӣ, бонуи ҳамеша дар ҷаҳду талош аст, то фаъолиятҳои наву замонавии соҳибкориро ба роҳ монда, нақше дар рушди зодбуми аҷдодӣ гузошта бошад. Алҳол, лоиҳаи таҳия бинмудааш оид ба бунёди корхонаи бастубанди меваю сабзавот ва коркарди хушкмева дар баррасии масъулони соҳаи саноати ноҳия қарор дорад.Ба андешаи ӯ зодмандон, ҳамчун пайвандгари арзишҳои ниёгон ба насли ояндаи хеш, тавре бояд кору зиндагӣ намоянд, ки фарзандон ва пайвандону ҳатто ҳамдиёронаш дар симои ӯ шахсияти муваффақ, фарди муосиру замонасоз, ободгару ваҳдатсаро ва ҳидоятгари насли ояндаро тасаввур бинмоянд.Дар пайравӣ аз модари соҳибҳунар фарзандони бону Меҳриннисо илова ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Орзуи бузурге, ки солиён дар дил парвардаам, ин таъсис додани Коллеҷи ҳунармандӣ аст, чаро ки Қубодиён аз қадимтарин мулки бостонии Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб рафта, сокинонаш пешаҳои дӯзандагиву бофандагиро аз насл ба насл мерос гузоштаанд.Баъди омӯзишҳо ва ошноӣ аз фаъолияти ягона Коллеҷи ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан бовар ҳосил намудем, ки барои таъсиси чунин як ҳунаристон дар ноҳияи мо низ тамоми заминаҳо мавҷуданд. Аз сӯи дигар, хешовандону дӯстонамон аз Коллеҷи ҳунармандии Истаравшан ҷиҳати дастрасӣ ба дастгоҳҳои қолину адрасбофӣ ба мо ёрӣ хоҳанд расонд, - изҳор намуд Меҳриннисо Алимардонова.

Сокинони ноҳияи Қубодиён итминони комил доранд, ки бо арзи ҳастӣ доштани Коллеҷи ҳунармандӣ, пешаварони касбӣ бо рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, дӯхти сарулибоси расмӣ, абзори идона барои ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар маросимҳои мардумиро ба роҳ монда, ба ин васила, дар ташаккули фарҳанги либоспӯшӣ миёни хоса занону духтарон замина хоҳанд гузошт.

                                                                          Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                     ноҳияи Қубодиён

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон