Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шакалоди қулфинайӣ ва Хӯриши итолиёвӣ
ДастархонНозия Усмонова, хонандаи синфи 11-уми Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро дар маркази ноҳия бо ғизо, қаннодиву хӯришҳои омоданамудааш мешиносанд. Ҳунарҳои кадбонуро ба таври худомӯзӣ ва курсҳои омӯзишии онлайнӣ аз худ намуда, се соли охир маҳсули ҳунараш фаротар аз маҳали зист то ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон ҳам харидорони зиёд дорад.
Шакалоди қулфинайӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
- Шоколади Alpen Gold;
- Қулфинай (бо думчааш);
- Кокос.
Тарзи омода намудан:
Қулфинайҳоро 10 дақиқа дар бахши яхбандии яхдон мегузорем. Шоколади Alpen Gold-ро дар тафдон мегузорем. Баъди об шудани шоколад онро ба қулфинай мемолем. Баъдан табақчаҳоро омода намуда, даруни онҳо варақҳои «фалга» мегузорем. Сипас, аз болои шакалод хокаи кокос пошида, онро дар зарфҳое, ки бо коғази «фалга» рӯйпӯш карда шудаанд, ба тартиб мечинем. Пас аз он, зарфҳои шоколади қулфинайиро муддати 15 дақиқа дар яхдон мегузорем. Дар ин муддат хокаи кокос ва маҳлули шоколади Alpen Gold ба қулфинай часпида сахт мешаванд. Акнун зарфҳоро аз яхдон гирифта, ҳар як донаи қулфинайро аз думчааш бардошта, дар қуттичаҳои алоҳидаи ороишӣ барои «Шоколад бо қулфинай» мегузорем.

Хӯриши итолиёвӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
- Гӯшти қафаси синаи мурғ — 1 дона;
- Тухм — 2 дона;
- Сирпиёз — 1–2 дандона;
- Нонрезаҳои хушки бирён;
- Майонез — 3–4 қошуқча;
- Намак — мувофиқи табъ;
- Помидор — 2 дона;
- Бодиринг — 1 дона;
- Барги салат.
Тарзи омода кардани хӯриш:
Гӯшти нарми мурғро майда реза карда, ба он каме намак зада, дар равған то ҳадди тиллоранг шудан бирён мекунем.Тухми обпазро чоркунҷа реза мекунем. Сирпиёзро майда реза карда, ба он майонез илова мекунем. Дар зарф мурғи бирёнкардашуда, тухм, помидору бодиринги резакардашуда ва талқон ё резаҳои нони хушкро меандозем. Баъдан, омехтаи сирпиёзу майонезро ба он илова карда, маҳсулоти дар зарф бударо оҳиста омехта менамоем. Сипас, болои маҳсулоти омодашуда каме нони хушк мегузорем. Агар ба болои ин хӯриш панир ҳам илова намоем, лаззаташ боз ҳам хуштар мешавад.
Мубодила:
Шарҳҳо











