БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пирожни

Дастархон

Маҳсулоти лозима:

 

Тухм - 8 дона;

Шакар - 1 истакон;

Ковоккунанда-1 дона;

Қаймоқ- 2 дона (эронӣ);

Ширқиём-1 дона (варёная сгущёнка);

Равған-1 дона (шедрое лето);

Дилала-1 дона;

Какао-500 грамм;

Орд-8 қошуқ

Тарзи таҳия:

 

Сафедии тухмро аз зардӣ ҷудо намуда ба даруни сафедӣ як истакон шакар илова намуда хуб лат мезанем. Зардии тухмро бо ковоккунанда якҷоя мекунем ва ба маҳсулот илова мекунем. Баъд 8 қошуқ орд андохта хамир омода намуда ба тобаи тафдон мерезем ва дар ҳарорати 150 дараҷа мепазем. Сипас, қаймоқро бо миксер муддати 10 дақиқа лат мезанем. Баъд аз он ширқиёми пухташударо меандозем ва панҷ дақиқаи дигар лат мезанем. Як пиёла оби ширгармро дар коса рехта аз дилала кам-кам илова намуда бо миксер то омода намуданаш лат мезанем. Пас аз он дилаларо бо қаймоқ ва ширқиём якҷоя намуда равғани шедрое леторо ба он илова мекунем. Крем, ки омода шуд, хамири пухташударо аз байн бо корд ду пора намуда ба ҳар қабаташ кремро мемолем. Барои болои пирожниро оро додан какаоро бо об меомезему ду қошуқ шакар андохта муддати 20–25 дақиқа ҷӯшонда ба болои пирожниямон рехта ба шакли дилхоҳ оро медиҳем.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон