БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кулчақанд

Дастархон

Маҳсулоти зарурӣ:  

Маска -500 гр

Тухм – 2 дона

Шакар -1 истакон

1-дона маводи ковоккунанда

Сметана – 1 истакон

Орд –1 истакон

Барои крем:

Творог - 500 гр

Тухм – 1 дона

Лиму – 1 дона

Шакар -1 истакон

Ванилин - 1 баста

 

Тарзи таҳия:

Дар орд маска («Шедрое лето»)-ро андохта, мисли умоч мемолем, баъдан тухм, шакар, сметана ва бастаи ковоккунандаро илова карда, хамир мешӯрем. Барои омода кардани крем творог ва тухмро якҷо карда, каме лат мезанем. Сипас, лиму ванилин ва шакарро меандозему меомезем.

Хамирро ду ҳисса карда, якеро ка- лон ва дигареро хурд зувола мегирему хамири калонро дар лаълии тафдон тунук карда, креми омодакардаро болои он тунук мемолем. Хамири хурдро тунук карда, ба мисли тасма мебурем ва рӯи кулчақанд салибшакл мегузорем. Дар ҳарорати 110 дараҷа пухта, пас аз тафдон гирифтан рӯяш каме асал мемолем.

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон