БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ШОҲРӮДНАВОЗ
ФарҳангДар ҳавои мусиқии руҳбахши шашмақом навозиши шоҳрӯд ва, ҳамзамон, хиромиданҳои маҳин-маҳини ӯ ҳозирини Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом»-ро, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, мафтун гардонд. Хунёгари навкор Гулҷамол Илҳомӣ ҷавонтарин корманди Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба тозагӣ дар осмони санъати тоҷик тулуъ намуда. Тозаҷавони серталош асту ҷуръати дурахшандагӣ чун ситораҳои дигар дорад.
Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Бо санъат пайванди хунӣ надошта бошам ҳам, намедонам аз куҷо муҳаббати мусиқӣ аз тифлӣ дар дилам маъво гирифта буд. Бештар оҳангҳои классикию халқиро меписандаму бо шунидани онҳо ором мегирам. Аз ин рӯ, замони наврасӣ дар Мактаби мусиқии ба номи Шодмон Алифови шаҳри Бӯстон дуторнавозиро аз устод Анварҷон Норматов омӯхтам. Волидон баъди хатми синфи 9-и мактаби рақами 10-и зодгоҳ маро соли 2017 ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бурданд, то дар дуторнавозӣ моҳир гардам, - изҳор намуд Гулҷамол Илҳомӣ.
Ин духтари дилҷӯ аз нахустин наворҳои ҳунарнамоияш, ки ҳанӯз хонандаи мактаб ва донишҷӯйи коллеҷ буд, доираи муайяни корбарони сомонаҳои иҷтимоиро тасхир сохт. Ба сарояндаи ҷавону боистеъдоди тоҷик Дамирбек Олимов мухлиси аршад буду орзу дошт ҳамроҳаш дуэт сарояд. Ҳаваскорона сурудҳои ҳофизи маҳбубашро месуруд. Бо дутор дар чорабиниҳои фарҳангии коллеҷ ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамчун нишони эҳтиром ба ин сози қадима таронаи «Сози дуторам»-ро сароид, ки аз ҷониби ҳаводорон хуб истиқбол гардид. Дунёи духтар дар меҳвари оҳанги дутору танбӯр чарх мезад, то он замон, ки бобояш хоҳиш кард, то қонуннавозиро низ омӯзад.
Барои Гулҷамоли навҷавон пазируфтани пешниҳоди бобо мушкил буд, зеро аллакай умедҳои ояндааш ҳамчун навозандаи созҳои торӣ ва ҳофизӣ дар зеҳнаш шакл гирифта буданд. Гаронии нархи қонун ва гузаштани соли омӯзишро баҳона пеш овард. Бобои ғамхор бо тақдими қонун ба набераи ҳаваскораш Гулҷамолро дар амалӣ кардани орзуи ӯ ногузир кард.
Ростӣ, натавонистам суханони бобоямро, ки ҳамеша нозбардори ман буданд, ба замин гузорам. Соли дувуми таҳсил дар коллеҷ ихтисоси худро иваз карда, аз устоди чангнавоз Музаффарҷон Шамсиев қонуннавозиро аз бар намудам. Оҳиста-оҳиста муҳаббат ба қонуннавозӣ, ки номи зебои тоҷикии классикиаш «Шоҳрӯд» аст, дар дилам маъво гирифт. Акунун рӯзи худро бе навозиши қонун ба сар намебарам,- мегӯяд Гулҷамол.
«Шоҳрӯд» аз қадимтарин созҳои мусиқист, ки то имрӯз ба шакли аввалии худ омада расидааст. Таърихнигорон ихтирои онро ба Абуҳафзи Суғдӣ, ки зодаи Самарқанди бостонӣ буд, нисбат медиҳанд. Хунёгарони мумтози тоҷик, аз қабили Амириброҳими Қонунӣ, Бобои Қонунӣ, Дарвеш Аҳмади Қонунӣ ва дигарон, дар солҳои гуногун аз ин асбоби хушоҳанг фаровон истифода бурдаанд. «Шоҳрӯд»-и тоҷикон бо гузашти замон ба ақсои олам паҳн шуда, дар байни мутрибон мақоми воло касб мекунад ва унвони «Қонун»-ро мегирад.
Чангнавози машҳури солҳои 70-уми асри гузашта Алмос Абдуллоев ин асбоби таърихии мусиқиро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда донишҳои дар он мамлакат андӯхтаи худро ба санъатписандони тоҷик меомӯзад.
Вақте дар бораи таърихи «Қонун» мехондам, тақдири ҷаҳонгард шудани он маро шефта гардонд. Дар гузашта қонуннавозони машҳури мо тавонистаанд бо ин асбоби хушоҳанг дили ҳазорон нафарро ба даст оранд. Ҳунари волои онҳо муҷиби паҳн шудани «Қонун» дар гӯшаҳои гуногуни замин гаштааст. «Шоҳрӯд», ки аз шумори қадимтарин созҳои мусиқист ва ҳатто дар ашъори падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зикр гардидааст, имрӯз дар ҷомеаи мо на он қадар маъмул аст. Ман бо омӯзиши ин ҳунар барои худ дарвозаҳои нави умеду орзу ва ниятҳои некро боз намудам,- мегӯяд шоҳрӯднавоз.
Орзуи парвозҳои баланду дур Гулҷамолро соли 2023 ба пойтахти кишвар овард. Бо ширкат ва ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба доираи васеи ҳунармандону мухлисон ва устодони санъат ҳамчун навозандаи пурталошу боистеъдод худро муаррифӣ намуд. Баҳри такмили маҳорати хеш ба шуъбаи ғоибонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шомил шуд ва аз донишҷӯёни пешқадами ин даргоҳи ҳунармандофар аст.
Ба Гулҷамол муяссар гардид то дар соли аввали таҳсил бо донишҷӯёни Консерватория дар ҳайати шашнафараи навозандагони ҷавон бо унвони «Дастаи моҳирон» ба шаҳри Тошканд раҳсипор гардида, дар Озмуни байналмилалии «Садои Наврӯз» (»Наврӯз садоларӣ») мусиқии руҳбахш ва фарҳанги волои миллиро муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал гарданд.
Ширкат дар ин озмуни бошукӯҳ барои ҷавонон боиси ифтихор буд. Дастаҳои донишҷӯёни дигар давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон бисёрнафара буданд. Камтарин дастаи мутрибони ҷавон мо будем, ки бо пешниҳоди мусиқии зебои тоҷикӣ тавонистем назари неки ҳакамон ва созмондиҳандагони озмунро ба даст орем ва барандаи мақоми якум бошем, - изҳор медорад Гулҷамол.
Хуни гарму пуртуғён, ҷуръати бесобиқа, муҳаббати асил ба мусиқӣ ва орзуи муаррифии фарҳанги волою ҳунармандии тоҷикон дар арсаи дунё ба Гулҷамол имкон дод, то дар муддати кӯтоҳ мусиқиҳои руҳнавози оҳангсозони машҳурро дар пардаи «Қонун» ба самъи бинандагон расонад. Ахиран дар барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бо Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, ғижакчии мумтоз Абдулҳошим Исмоил оҳанги марғуберо навохта, аҳли толор ва ҳунармандони ҳамсоякишварро ба ҳайрат гузошт.
Дар шоҳроҳи санъат ҳанӯз худро навроҳ меҳисобам. Ба барномаҳои фарҳангии идораву ташкилотҳо, ба чорабиниҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ширкат варзидан бароям боиси андӯхтани таҷрибаи фаровон мегардад. Нақшаву идеяҳои созанда маро ба «Шоҳрӯд» пайвандтар мегардонад ва орзу дорам, ки чеҳраи қонуннавози миллати сарбаландам дар арсаи байналмилалӣ бошам, - гуфт дар хотимаи суҳбат Гулҷамол Илҳомӣ.
Мафтунаи ҚОСИМ