Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз рубоӣ ба ғазалҳои Мавлавӣ
ФарҳангМоҳрухсор Сафиева аз солҳои мактабиаш рӯи саҳна аст. Нахустин бор ҳини дар синфи ҳаштуми мактаби деҳаи Яхчии ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) хонданаш, бо ғазали устод Садриддин Айнӣ «Гули сурх» дар телевизиони тоҷик падид омада буд, ки то ҳанӯз ҳунарманд аз он лаҳзаи хотирмон ба ширинӣ ёд мекунад. Дар ҳамин сафар 8 суруди духтараки ташнаи илму ҳунар бо кӯшишу дастгирии сармуҳаррири бахши мусиқии ТВ Тоҷикистон Сайф Раҳимов (Сайф Раҳимзоди Афардӣ) сабт шуданд, ки то ҳанӯз дар хазинаи тиллоии телевизион маҳфуз аст.
Моҳрухсор Сафиева номзади илми санъатшиносӣ, дотсент, муаллифи китобҳои дарсии «Ишқи ман», «Саодати ишқ» ва «Нигоҳе ба сурудҳои мардумии водии Рашт» мебошад, ки сурудаҳои худи ӯст ва бо нота таҳия шудаанд. Хидматҳои бисёрсолааш бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» қадр шудаанд…
Рӯ ба рӯям ҳунарманде нишастааст, ки бо табиати хосу бо садои форамаш солҳои зиёд ба дилу дидаи мардум роҳ ёфтааст. Дар чеҳрааш оромии бонуи кӯҳистон, дар нигоҳаш самимияти модарона ва дар ҳар ифодааш эҳтиром ба фарҳангу асолати миллӣ эҳсос мешавад. «Моҳрухсор Сафиева аз он ҳунармандонест, ки сурудро танҳо барои шунидан не, балки барои тарбия кардан месарояд», — гуфта буд боре устоди даврони донишҷӯиям профессор Иброҳим Усмонов. То ҳанӯз аст, ки ҳар ҳарфаш бӯйи маърифат дорад ва ҳар таронааш инсонро ба некиву худшиносӣ раҳнамун месозад. Сӯҳбат бо ӯ аз боби фарҳанг оғоз шуду ба масъулияту эҳтироми ҳунарманд ва нақши ҷавонон дар ҷомеа пайванд хӯрд.
— Нахуст мехостам аз боби таронаи наву дилангези Шумо «Пири ману муроди ман» сӯҳбат ороем.
— Ростӣ, дер боз рӯ ба ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дорам. Соли 1992 нахустин бор ғазали «Дареғо, ки эй ёр аз ман рафтӣ»-ро аз абёти Мавлоно хондаму мухлисон онро хуш пазируфта буданд. Вақте ки синнам ба ҷое расид, аниқтараш баъд аз убури 50-солагӣ оҳиста-оҳиста аз сурудани рубоӣ ва таронаҳои шӯх канор рафта, рӯ ба ғазалу маснавиҳои классикон намудам…
Ин ғазалро бисёр ҳунармандони мо ба таври хоси худ сурудаанд, аз ҷумла Ҷӯрабек Назриев, Қурбоналӣ Раҳмонов ва дигарон. Барои банда ҳам офаридану рӯи саҳна овардани он чандон осон набуд. Дар ин росто кумаки беғаразонаи директори МД боғи «Ирам» Аъзамҷон Раҷабзодаро мехоҳам махсус зикр намоям, ки ӯ тамоми имкониятро барои диданиву шуниданӣ баромадани ин суруд барои ҳайати хурди мо муҳайё намуд. Дар симои ӯ аксари роҳбарони муассисаҳоро ҳамин гуна инсонҳои комил, фарҳангдӯсту маърифатогоҳ дидан мехоҳам…
Се ҷумлаи рӯнамоӣ
Садои форами мусиқӣ аввал пасттар ва лаҳзае баъд баланду навои дутор ба он ҷӯр шуда, лаҳни фораму гӯшнавози Моҳрухсор ба фалак мепечад: «Пири ману муроди ман, Дарди ману давои ман…». Устоди рақс Эмомбердӣ дар нақши Мавлоно бо либосу дастори орифона ба рақси самоъ меояд. Лаҳзаи дувум бо тағйири либос даф менавозаду дақиқаҳои охир, ки ҳамоно Мавлои Рум аст, савори асп ба пешвози пири худ Шамси Табрез меояд ва ин ҷо суруду саҳна анҷом меёбанд…
— Дуруст аст, ки кадоме аз кормандони боғ ҳам гӯё вориди саҳна буд, яъне нақш офарид?
— Бале, гоҳе ки устоди Донишкадаи санъат Эмомбердӣ Эмомбердиев дар нақши Мавлоно савори асп ба пешвози устодаш меомад, акаи Давлат ном корманди ҳамин боғ дар нақши Шамси Табрез барои Ҷалолиддини Балхӣ оғӯши меҳр мекушояд, ки ин пири барнодил дар иҷрои нақши худ аз ҳунармандони ҳирфаӣ ҳеҷ камие надошт. Ин ҳолатҳо зиёд мешаванд, вақте наворбардорон, кормандони театру кино ба маҳал мераванд, баъзан падидаҳое пайдо мешаванд, ки нақшро ҳатто дар сатҳи олӣ мебозанд. Дар вуҷуди акаи Давлат ҳам гавҳаре аз санъату ҳунар маъво дошт, ки он рӯз рӯ зад.
— Ростӣ, ман дар саҳна ва ҳоло ҳам, ки рӯ ба рӯ нишастаем, дар симои Шумо як чеҳраи сиёсиро мебинам, ҳарчанд ба мактаби ҳунариатон эҳтиром қоилам...
— Бори аввал нест, ки ман ин баҳоро ё саволро мешунавам, ҳатто барои корманди мақомоти маҳаллӣ шудан як замон маро омода ҳам карда буданд. Аз зинаи комсомол ба директори хонаи фарҳанг кашола карда бурданд, аммо роҳи ман, ки санъаткору ҳунарманд шудан буд, онро қабул надоштам.
Ҳоло ба ёд меорам аллаҳои модару рафҳои пур аз китоби хона, шеърхониҳои падар ва садоҳои шӯхи табиати кӯҳистонро, ки дар ташаккули ман на танҳо чун ҳунарманд, балки ҳамчун шахсият таъсири амиқ гузоштаанд. Меҳри санъат дар қалби ман ҳанӯз аз овони кӯдакӣ маъво гирифту сурудҳои мардумӣ, овози найю фалакхониҳои сари саҳро маро ба фарҳанги миллӣ пайваст. Фикр мекунам, мусиқии асил танҳо воситаи фароғат нест, балки мактаби тарбия ҳам мебошад. Суруд метавонад инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҷомеаро дар қалби ӯ бедор созад.
— Аксар ба ин назаранд, ки дилхоҳ суруд, агар матни хуб дошта бошад, қалбҳоро рӯшан месозад...
— Аввал он ки, сурудро кӣ ва чӣ тавр иҷро мекунад, сипас, тарона инсонро ба некиву муҳаббат ҳидоят насозад, таъсири аслии худро гум мекунад. Дар оғози фаъолияти ҳунарӣ рӯи саҳна пайдо шудан барои мани духтари деҳот кори осон набуд. Аммо дастгирии падар ва меҳру муҳаббати мардум, таваҷҷуҳи мухлисон бароям неруи тоза бахшиданд. Падарам ҳамеша мегуфтанд, ки ҳунар бояд ба мардум хидмат кунад ва ҳунарманд аз маърифат дар канор набошад. Аз ҳамин хотир, мекӯшидам, то ҳар сурудам маъное дошта бошад. Имрӯз ҷомеаи мо ба инсонҳои соҳибмаърифат, фарҳангдӯст ва дорои ҷаҳонбинии баланд ниёз дорад. Барои ҳамин мо, ҳунармандон, бояд дар интихоби матн дақиқу мулоҳизакор бошем. Шунавандаи суруд бояд аз матн ва ҳунари сароянда лаззат барад. Яке аз таъкидҳои ҳамешагии ман ба донишҷӯён ҳамин аст, ки шеърҳоеро интихоб кунанд, ки дорои мазмуни баланд ва панду ахлоқӣ бошад.Он ки суруд ба кас нерую дармон ё қалбҳоро равшанӣ мебахшад, сад дарсад дуруст аст.
Ҷавонон ояндаи миллатанд, агар онҳо соҳиби маърифат ва фарҳанги баланд бошанд, ҷомеа низ пешрафта мегардад. Ҳамчунин, либоси миллӣ ифтихори ҳар як зани тоҷик аст. Вақте мо фарҳанги худро ҳифз мекунем, маънавиёти миллатро низ ҳифз менамоем, — иброз намуд бонуи ҳунар.
Имрӯз Моҳрухсор Сафиева дар баробари фаъолияти эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шогирдон дарс мегӯяд. Ҳунарманди мардумӣ дар баробари рисолаҳои илмиаш, ҳамчунин, муаллифи китоби «Моҳи самои санъат» мебошад, ки ин гирдовардаҳо аз рӯзгори босаодати Моҳрухсор Сафиева нақл мекунанд. Ӯ, ки худ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос дорад, ба такрор мегуфт, ки ҷавонон бояд на танҳо ҳунар, балки фарҳанг, одоби саҳна ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро омӯзанд. Онҳо бояд донанд, ки озодӣ масъулият низ мебошад. Танҳо шахси соҳибмаърифат метавонад роҳи дурустро интихоб намояд ва барои пешрафти ҷомеа саҳм гузорад…
Рустами Назир
Мубодила:
Шарҳҳо











