БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Либоси миллӣ фақат барои иду маросим нест
ФарҳангЁде аз модаркалон карда, ҷамолакҳои зебояшонро, ки бароям ҳадия карда буданд, ба мӯйҳо бофтам. Аз тамошои ин осори ҳунар завқам омаду тоқӣ пӯшидам. Зевари хушсохти қадимаи тангадори нуқрагиро, ки ҳадияи гаронарзиши муаллимаи азизам буд, ба гардан баста, бо сурмаву усма чашмону абрувонро низ каме оро додам. Райҳонакеро дар бехи гӯш гузошта, аз накҳати ҷонбахшаш лаззат бурдам.
Аз ду-се дақиқа бештар ба оина хира нашудаам. Аммо ин бор...
Даҳ дақиқа худро, аниқтараш сару либосу ороишотро тамошо карда, лаззат бурдам. Дар оина на худро, балки ҷавониҳои модарро медидам, ки дар рӯзгори тифлӣ (ва то кунун) бароям зеботарин бонуи оламанд. Ин рафторам аввал аҳли хонаводаро ба ҳайрат гузошт.
- Модарҷон, тӯй меравед? - пурсид Бобуна.
- Телевизион даъват карданд? - хавотир шуданд сарвари хона.
- Апаҷон, мисли арӯсони солҳои 90-ум хушрӯ шудед, лутф кард хоҳарам.
Ин сару либосу зару зевар аз чашмони дурбини ҳамсояҳои азиз низ берун намонд:
- Ҳа, очаи Луқмонҷон, ягон маърака дорӣ?
- Ҳоло ҳам ин хел либос мепӯшанд?
- Ягон меҳмони хориҷӣ доред, магар?
- ...
Дар автобусу истгоҳу мошин, дар боғчаи кӯдакону мағозаи назди он сокинони пойтахт бо тааҷҷуб менигаристанду бархе мепурсиданд, ки ин ҷамолак ё ин гарданбандро аз куҷо ёфтаам?
Ҳатто бонуи солманди зебопираҳане ҷуръат карда, маро ҳунапеша гумон кард ва пурсид, ки дар кадом театр фаъолият мебарам?
Дар коргоҳ низ лутфу хушгӯии кормандон болидарӯҳам сохт. Аммо аз он хиҷил будам, ки бо интихоби ин сару либос назарҳоро ба сӯйи худ кашидам. Имрӯз на ба телевизион даъватиаму на ба ягон ҷашну маросим. Мисли ҳар рӯзи муқаррарӣ, ки такрор андар такрори ҳамдигаранд, ба коргоҳ мераваму аз пайи мутолааву эҷоду омӯхтан мешавам...
Аз назарҳои чанд нафар ба ин сарулибос ба чанд хулоса омадам:
1. Аз солҳо 70-80-и асри гузашта, ки бонувони тоҷик бо атласу чакан зебдиҳандаи Ватан буданд, дар фарҳанги либоспӯшӣ тафовут 50 сол не, балки беш аз 500 сол аст;
2. Бонувони мо либосу ороишоти миллиро фақат дар ҷашну маърака истифода мебаранд;
3. Мо он қадар замонавӣ шудаем, ки агар як бонуи тоқипӯшу ҷамолакбамӯро бинем, ҳатман гумон мекунем, ки ӯ корманди театр ё телевизион аст.
4. Зебоӣ дар пиндори бархе бонувони мо либосҳои гаронарзиши аврупоиву арабӣ, зару зевари хориҷӣ ва лабҳои ғавсу мӯйҳои парешон аст.
Мафтуна
Акс аз интернет