БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Фалак» - муроҷиат ба фалак

Фарҳанг

«Фалак» чун намуди махсуси суннатии эҷоди бадеӣ ва мусиқӣ дар ҳаёти мардуми Кӯҳистони Бадахшон мақоми махсусро касб кардааст. «Фалак» аз ҷониби муҳаққиқони осори мардумӣ дар баробари «Мақом»-у «Шашмақом» пояи баланди санъати мусиқӣ эътироф шуда, сабку услуби хоси иҷро дорад. 


«Фалак» ифодакунандаи барҷастаи эҳсосоти дарду алам, ҳасрат, шикоят аз тақдир, фироқу ҷудоӣ ва орзуву омол буда, дар ҳар давру замон ба ҳаёти иҷтимоии мардум робитаи зич доштааст. Матни «Фалак»-ро асосан рубоиёти халқӣ ташкил медиҳад. Байни мардуми Помир бо номҳои «Даргилик» ва «Булбулик» жанри махсуси лирикӣ вуҷуд дорад, ки «Фалак» ҳам меноманд. Рубоиҳо дар бораи тақдир, ҳасби ҳол ва вазъи иҷтимоиро «фалакӣ» мегӯянд. Ба қавли муҳаққиқони осори мардумӣ, «гӯяндагони рубоиҳо фалакро сабабгори асосии барору нобарориҳои ҳаёт ва бадбахтии худ медонистанду ҳангоми сароидани рубоиҳо ба фалак муроҷиат мекарданд».

Матну оҳанги «Фалак» ва сабку услуби иҷрои он маҳсули эҷоди афкор ва ҳунари наслҳо буда, истеъдодҳои мардумӣ дар такмилу ғанӣ гардондани ин мероси бузурги фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Сокини солманди деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон Аслимо Хуҷамёрова яке аз чунин санъатварони халқист, ки дар баробари омӯзгори варзида будану бештар аз чил сол ба шогирдони мактаби деҳа забонҳои англисӣ ва русӣ омӯзондан, чун фалаксарои хушовозу боистеъдод шинохта шудааст. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-2», ки соли 1982 доир гардид, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Моҳҷон Назардодова дукаса бо ин истеъдоди ҷавон дар саҳна фалаксароӣ намуду сар аз он рӯзҳо Аслимо дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ «Фалак» месарояд.

   Аслимо дар оилаи фалаксарои машҳур Ҳофизи халқии Тоҷикистон Мамадёр Хуҷамёров ба дунё омадааст.

   – Соли 1950 падарамро ба театри вилоятӣ даъват намуданд ва ӯ бо дастони хеш дар шаҳри Хоруғ бароямон хона сохт. Дар ин кулбаи фақиронаамон ҳамеша садои дафу рубоб ба гӯш мерасиду зиндагии хушбахтона доштем. Падар фалаксаройӣ мекарданд ё доираву рубоб менавохтанд ва мо, фарзандон, ба овозашон ҷӯр мешудему мерақсидем. Соли 1975 ба нахустин бинои чорошёна, ки дар шаҳр сохта шуд, кӯчидем.

      Пас аз хатми мактаби олӣ чун гаҳворабахш будам, маро ба шавҳар доданд. Инак, домани 50 сол аст, ки деҳа макони зисти ман аст. Ин ҷоро бароям тахту бахтам медонам. Кам андар кам барои дидани хешу табор ба шаҳр мераваму ба наздикӣ чун ба шаҳр рафтам, Хоруғи азизамро дигаргуна, хеле ободу зебо дарёфтам ва ба Сарвари сулҳовару ободкори Ватани ҷоноҷонамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсант хондам.

      Пас аз хатми факултаи забонҳои хориҷии Институти педагогии Душанбе солҳост, ки дар мактаби деҳа ба шогирдон дарс мегӯям. Вале ба хотири эҳтироми бузург ба падар ва ҳунаре, ки аз ӯ мерос гирифтам, фалаксаройӣ мекунам. Қиблагоҳӣ соли 1966-ум дар ҳайати ҳунармандони тоҷик дар Кобул «Фалаки равон»-ро ба мухлисон муаррифӣ намуд. Ӯ 9 намуди «Фалак» месароид, ки ҳар яке аз онҳо сабки хоси худро дорад. Баъзе аз ин намудҳои фалакҳоро медонаму чун ёдгорӣ аз падар дар саҳна иҷро мекунам ва шодам, ки сурудаҳо ҳамеша аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ мешаванд.

   – Иддае хондани сурудҳои лирикӣ ва ошиқонаро бо садои ҳазин аз ҷониби овозхонҳо фалак меноманд, вале ин тавр нест. «Фалак» ифодагари сӯзи дил буда, ба замон ва макону ҳасби ҳоли гӯянда ва вазъи иҷтимоӣ бояд мутобиқ бошад. Байни мардуми Помир асосан ду намуди «Фалак» роиҷ аст, ки якеро «Пиёдафалак» ва дигареро «Бепарвофалак» меноманд. «Пиёдафалак» бе мусиқӣ ва «Бепарвофалак» одатан бо мусиқӣ сароида мешаванд. Фалаксароён дар Бадахшон ҳангоми фалаксаройӣ ҷойи баланди маҳалро интихоб мекунанд. Ҳини наврасӣ ёд дорам, ки чун ба зодгоҳи падарамон ба мавзеи дурдасти Бартанги ноҳияи Рӯшон мерафтем, медидем, ки нафаре аз баландии он тарафи дарё «Фалак» мезаду нафари дигаре аз баландии тарафи муқобил ба вай ҷӯр шуда, гӯё ба ҳам мусобиқа мекарданд.

Дунёро ба худ вафо надидему гузашт,


Ангушти пушаймонӣ газидему гузашт,


Дунё ба мисоли боғу боди саҳарем,


Як субҳдаме дар ӯ вазидем, гузашт.


Ва дар ҷавоб садо меомад:

Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,


Ёрон ҳама як-як аз байн бирабуд.


Гар одати чарх ҳамин бувад дар олам,


Имрӯз пагоҳ навбати мо хоҳад буд.


   – Ё шахсе «Фалак» мезаду аз тарафи дигари дарё садои най ё даф ба фалаксаро ҷӯр мешуд. Хусусан, дар солҳое, ки оби дарё дамида, пулҳоро шуста мебурду сокинони чанде аз деҳаҳо рӯзҳо ва моҳҳо аз дидори ҳамдигар маҳрум мемонданд, ин фалаксаройӣ маънои маҷозӣ пайдо мекард, – баён дошт бонуи фалаксаро Аслимо Хуҷамёрова.

      «Фалак» дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон бештар аз ҳама ба маросими мотам иртиботи қавӣ дошта, ин анъана дар мисоли «Даргилик»-у «Булбулик» имрӯз низ побарҷосту ҳадафи асосии он изҳори ҳамшарикӣ ва ҳамдардӣ бо ғаму андӯҳи азодорон, таскин бахшидану сабук кардани дарду алами онҳо ва ситоиши сифоти навгузашта арзёбӣ мешавад.

                                                                                                         Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,

                                                                                                                        ВМКБ


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2026_small.pdf [3.33 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон