БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ГУРДОФАРИД

Фарҳанг

 

 

  Яке аз зеботарин достонҳои “Шоҳнома” дар бораи  набарди нахустин бонуи шамшерзан Гурдофарид бо Суҳроб  аст. 

          Гурдофариди дилбару чолок бо он ки дар Шоҳнома зиёд васф нашудааст, Фирдавсӣ сурату сирати ӯро барҷаста тасвир намудааст. Ӯро метавон монанди Фаронак, Арнавоз ва Шаҳнавоз намунаи беҳтарин зани асил донист, ки дар ҷанговарӣ низ беҳамто буд.

Гурдофарид духтари Гиждаҳами диловар аст, ки солҳо нигаҳбони Дижи Сапед (қалъае дар марзи Эрон ва Турон) буд.

Хонандаи “Шоҳнома” бо Гурдофарид замоне ошно мешавад, ки Суҳроб аз Турон ба Эрон раҳсипор буд. Дар марзи Эрону Турон дижи сапеде ҷойгир буд, ки онро ҷанговари диловар Гиждаҳам фармон меронд ва ҳамвора дар баробари душман пойдорӣ мекард, ки ин амал дили ҳама эрониёнро ба он диж устувор месохт.

Суҳроб ночор пеш аз даромадан ба хоки Эрон бо Гиждаҳам дар набард мешаваду пирӯз меояд. Ин иттифоқ дижнишинонро сарсону хавотир месозад. Чун ин хабар ба Гурдофарид мерасад, шикасти падарро мояи нанг дониста, бедиранг мӯйҳои худро зери зиреҳу кулоҳ пинҳон сохта, либоси ҷангӣ ба бар, ба набарди Суҳроб шамшер баланд менамояд.

Суҳроб, ки саргарми асир гирифтан ва роҳии сипоҳи худ кардани Гиждаҳам буд, он шерзан ба размгоҳ омада, пархошу набардро оғоз мекунад.

Суҳроб дар баробари борони тири Гурдофарид ночор сипарашро ба кор мегирад. Бо найза наздики Гурдофарид шуда, пас аз ҳамлаҳои бешумор ҷомаи ҷангии ӯро медарад. Гурдофарид бо шамшери буранда ва ғурури қувватфизоянда найзаи Суҳробро мешиканад.

Саранҷом Гурдофарид дарк мекунад, ки дигар тавони набард бо ин паҳлавонро надорад ва рӯй меорад ҷониби диж. Суҳроб бо чобукӣ ба ӯ наздик шуда, кулоҳи ӯро аз сар мегирад ва дармеёбад, ки он пайкоргари диловар на мард, балки як духтари наҳифу соҳибҷамолест. Гурдофарид ба Суҳроб мегӯяд, ки хуб нест, агар размандагон бубинанд, ки ту дар набард бо як духтар ба чунин ранҷу хорӣ гирифтор омадӣ.

 

          Ӯ ҳилларо ба кор бурда, ба таҳамтан пешниҳод мекунад, ки сулҳро пазируфта, ҳамроҳаш ба даруни диж биравад, ки диж дар тасарруфи ӯст. Суҳроб, ки мафтуни ҷамолу ҷалоли ӯ шуда буд, дар доми Гурдофарид меафтад. Бонуи диловар ҷавонпаҳлавонро то дари диж оварда, сипас бо чобукӣ худ ба даруни қалъа меҷаҳад ва дарро мебандад.

Суҳроб музтар паси дар қарор мегирад ва дармеёбад, ки Гурдофарид бо макру ҳиял аз чанги ӯ раҳо шуд.

Ин достони пуршӯри Шоҳнома, ки аз хонданаш вуҷуди касро ҳаяҷон фаро мегирад, дар тамоми ақсои олам ҳаводорони зиёд дорад.  Гурдофарид аз рӯйи тасвири Фирдавсӣ бо андешаву гуфтор ва кирдор таҷассуми шуҷоату далерӣ, ватандӯстӣ, матонату зебоӣ ва вафодории зан аст.

 

Таҳияи М. НАЗИРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон