БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Баҳору хазони мард дар дасти зан аст!

Фарҳанг

Шубҳае нест, ки ҷойгоҳи кадхудо (мард)-ро дар хонавода кадбону муайян мекунад. Мард қаҳрамони номвари ҷомеа гардида, дар саҳнаву минбарҳо, дар ҷойи кор, ҳамзамон, дили ҳазорон касро ба даст оварда бошад ҳам, бидуни эътирофу эҳтироми зан дар оила, зери боми як хона ё кохи бошукӯҳ ба ҷойе намерасад. Ботинан ранҷу азоб мекашад, ки чаро дар кӯча чунинаму дар хона чунон?! Бино ба байти маъруфи шайх Саъдӣ, ки ба як масали машҳур табдил ёфтааст:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Омӯзишҳои тулонӣ, таҷрибаҳои зинда муайян намудаанд, ки маҳз қадршиносӣ, меҳрубонӣ, бовар ва арҷгузории бону мардро дар ҳама самту соҳаҳо пирӯз гардондааст. Ҳеҷ бовар нест, ки марди дар хона худро наёфта, дар ҷамъият хешро дар­ёбад ва имконияту зарфиятҳои худро дуруст истифода барад. Муҳимтарин меҳвар, ки обрӯи мард гирди он мечархад, обрӯи хонуми хонаводаи ӯст.

Ҳастаи (ядрои) имрӯзу ояндаи мард зан буда, ҳама фарри шоҳии ӯ дар як лабханди шакаррезу шукромези ҳамсар хулоса мешавад. Сари баланди мард байни дӯсту душманонаш аз сари хам, иффату иззати ҳамсар вобастагӣ дорад. Як мард расво шавад, як хонадон беиззат мешавад, аммо як зан беобрӯ шавад, ҳафт пушти мард бадном мегардад. Номи зан номи шоҳномаи мард аст. Ҳамон мард тоҷи сари мардум аст, ки тоҷи сари бонуи хона аст.

 

Садҳо саргузашти талхи мардони бузургеро медонем, ки бо хурдтарин рафтору гуфтори носазои ҳамсар, духтар, хоҳар ва ҳатто модар дар байни мардум сар боло карда натавониста ё аз маҳаллаи хеш кӯч бастаанд, ё аз баҳри оила баромадаанд, ё ба бемории руҳиву ҷисмонӣ гирифтор шудаанд, ё ҳатто қасд бар ҷони ширини хеш задаанд.

Марде, ки дар хонавода оромиш надорад, гумон аст, ки дар биҳишт оромӣ ёбад. Кадхудо бо зани бадзабон, зани бадрашку кинаҷӯй, зани беҳунару ношукр марҳала ба марҳала ба марги иҷборӣ маҳкум мегардад.

 

Марде, агар дар маҳфилу маҷлисҳо сухангӯ аст, дар сари хони дӯстонаш хандаи самимиву ҷигарӣ мекунад, ғизоҳои лазиз интихоб мекунад, зарофати баланд дорад, бо бовару эътимод бар хеш суҳбат меорояд, либосу кафши озода пӯшидааст, сару рӯйи покиза ва ришу мӯйи тарошида дорад, пайдост, ки чунин мавқеъ ва муҳитеро дар оила дорад. Маҳз ҷуфти ҳаёташ бо дигар пайвандон ба ӯ чунин эътимод ва ҷойгоҳро додаанд. Вагарна, марде, ки дар хонавода аз саҳар то шом нолидану норозигии зан, аз зери нохун чирк кофтан, хархаша ва талаботи рӯзафзунро иҷборан таҳаммул мекунад, берун аз дараш пакару ночору зардранг хоҳад гашт… Баҳори мард дар дасти зан аст, хазонаш низ! Дар як пораи хурд Саъдии бузургвор ин маъниро чунин гунҷонда:

Чу тӯтӣ калоғаш бувад ҳамнафас,

Ғанимат шуморад халос аз қафас.

Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,

Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.

Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,

Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ.

Сафар ид бошад бар он кадхудой,

Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.

Дари хуррамӣ бар саройе бибанд,

Ки бонги зан аз вай барояд баланд.

 Агар дӯст ё ҳамкору ҳамфикри шумо бо камоли майл, бо хоҳиши ҷон ба хона рафтан хоҳаду аз маҳфили гарми шумо бадар шуданист, ҳаргиз роҳашро надоред ва ба ӯ рашки сапед баред, ки оҳанрабои хонадорияш неруманд аст. Баръакс, марде, ки қасди зуд-зуд сафар кардан, бо ҳар баҳона аз хона «гурехтан» ва ҳамнишастиву ҳамсоғарии тулонӣ аз шумо хост, дар чашмаш нури муҳаббат наметобад, дар рангу рӯ майли баргашт ба оғӯши оилааш нест, бо маслиҳате салоҳи кораш бинед ё бипарҳезед.

 

Мардҳо низ набояд аз эҳтирому эътирофи шоҳонаи муҳити хонавода суиистифода карда, хонашери майдонғариб шаванд. Танҳо мардони зирак метавонанд тарозуи адлро дуруст нигаҳ доранд ва ҳаргиз муҳити покизаи хонаводаро ба фаъолиятҳои берунӣ ва баръакс, кору пайкори беруниро бо масъалаҳои оилавӣ омезиш надиҳанд. Байни инҳо фосилаи тилоиро дарёбанд ва коре кунанд, ки яке ба дигаре хидмат кунад ва барои муноқишаву нофаҳмӣ замина муҳайё насозанд. Ҳамин қоидаи нонавиша, аммо ҳатмӣ ба бонувон низ баробар дахл дорад.

Бояд ба инобат гирифт, ки ҳеҷ гоҳ ҷойгоҳи кориву мансабиву ҷамъиятии шумо бар шумо ҳаққи поймоли ҳуқуқҳои аҳли хонаводаро намедиҳад.

Шумо ҳам дидаву шунидаед, ки як шубон, як омӯзгори одии кӯҳистон, як оҳангари пир бо кадбонуи худ панҷоҳ ва аз он ҳам зиёд зиндагии бидуни сару садои манфӣ доштаву як марди воломақом, ҳунарпешаи маъруф, миллионери овозадор дар як шаҳр, дар як қаср бо ҳамсарони хеш якҷо зиста натавониста, аз муносибатҳои душвориҳои хонаводагӣ рӯ ба гурез ниҳодаанд. Гурези номвартарин нависанда ва андешаманди ҷаҳон Лев Толстой дар пиронсолӣ аз ҳамсар ва маргаш дар истгоҳи роҳи оҳан гувоҳи гуфтаҳои болост.

Ин аст, ки касе гули сари сабади маҳфилҳост, сахт осебпазир аст, зеро ӯ тӯдакаш, намуна ва роҳнамо буда, кучактарин ғалат, хато ё пешниҳоди ноҷои вай метавонад «сармашқ»-и зиндагии як тӯдаи омӣ гардад ва ба расвоии як гурӯҳ оварда расонад.

Акнун саволе ба миён меояд, ки барои хонадорӣ ва аз рӯйи адолат муайян намудани ҷойгоҳи мард ва зан чӣ кор бояд кард? Посухи ин савол тазоди рангине дорад. Дар ин росто бештари вақт на дониш кор ояду на солорӣ, на обрӯю эътибори ҳамагонӣ асар кунаду на дороӣ. Басо мардони бузургмартаба, мардони хирадманду соҳибкитоб, мардони қавию паҳлавон, мардони машҳури ҷаҳон дар дилхоҳ синну сол бо ҳамсари хеш муросо наварзида, ба ҷудоиву нифоқ даст задаанд. Ё худ бонувони муваффақу донишёр, бонувони ҳунарвару гулдаст, бонувони воломақому кордону доро, ҳатто шаҳбонуҳоро дидаем, ки бо ҳама шаҳомат натавонистаанд ҷоми булӯрини хонадориро нигаҳ доранд ва нашкананд…

Пайдост, ки барои пойдории меҳру отифа бо ҷуфти хеш дониши махсус, истеъдоди кашфношуда ва таҷрибаи гӯшношунид зарурат дорад. Чунин дониш, истеъдод ва таҷрибаро дар китобҳои вижаи равоншиносиву хонадориву ахлоқӣ шарҳу тафсили бештар додаанд, вале дар тадбиқи онҳо ҳанӯз касе пурра муваффақ нагардида.

Дар оиладорӣ онҳое сарфарозанд, ки китоби хонадории хешро бо дасти хеш менависанд ва иншои як вожаи ин китоби муқаддасро ба касе бовар намекунанд…

Аз ин рӯ, мардони доно танзим, ислоҳ, ибтикор ва пешрафтро аз худ оғоз карда, бо неруи хонавода таҳким бахшида, бо фаъолиятҳои касбиву ҳунарӣ ба авҷи аъло мерасонанд. Ҳар он кас, ки робитаи қавии се шоха: – худ, хонавода ва ҷомеаро дарёфт, пирӯз аст!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, адиб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон