БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷононаи дилҳо
ФарҳангХонаводаи Ҷонона Қурбонова кайҳо боз ба ҳунармандӣ шуғл дошта, ҳамроҳи аҳли оила ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода мебаранд ва талошу пешравиро дар касбу ҳунар шиори ҳаёти хеш хондаанд. Маҳз аз баракати ҳунарварӣ хонашон пурфайзу баракат гаштааст. Ҷонона ҳанӯз аз наврасӣ дарк мекард, ки танҳо бо заҳмату талош метавонад ризқу рӯзӣ ба даст орад, рӯзгори орзуҳояшро амалӣ созад.
Модараш доимо мегуфт: «Духтарам, хон, адвокат шав, агар ҳомии ҳуқуқ шавӣ, занонро ҳимоя мекунӣ». Гарчанде имрӯз адвокат нашуда бошад ҳам, бисёр орзуҳояшро амалӣ сохт. Бо ҷаҳду талош ба мақсад расид. Мақоли «ба як мард чил ҳунар кам»-ро метавон гуфт, ки ӯйи ҷинси латиф тавонист дар амал татбиқ созад.
Дар оила фарзанди калониам, боз ду бародар доштам. Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуб барои мо модарам шабу рӯз заҳмат мекашид. Дар боғчаи кӯдакон ёрдамчии мураббӣ буду вақтҳои холӣ ба ҳунармандӣ шуғл меварзид. Ҳам пираҳани занона медӯхту ҳам барои мардҳо куртаи сафеду шалвор таҳия мекард. То омадани модарам тоқиҳоро бо мошина медӯхтам, ӯ онҳоро мечаспонд. Қаламзани номӣ буду чодари арӯсонро қалам мезад. Мефармуд то болиштҳоро қалам бизанам. Гоҳе тавсифам мекарду гоҳ саҳви кардаамро ислоҳ медаровард. Он овон аз мардум пул талаб намекарду бар ивази меҳнаташ муштариён мошу наску лӯбиё ва дигар анвои ғизоӣ меоварданд. Аз ҳамин ҳисоб рӯзгор пеш мебурдем. Зани тозакор буду ба поку озода нигоҳ доштани зистгоҳ ва тайёр кардани дарсҳо аҳамияти махсус медод, - ба ёд меорад Ҷонона.
Маҳз тарбияву сахтгирии модари танҳояш буд, ки пас аз хатми МТМУ № 10-и ноҳияи Восеъ, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурда, донишҷӯ шуд. Ҳанӯз дар курси дуюм мехонд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Маҷбур шуд, ки Донишгоҳро тарк карда, ба зодгоҳ баргардад. Чанд муддат дар шуъбаи кадрҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва хадамоти оташнишонӣ фаъолият бурд.
Яке аз хешовандони ҳамсоя, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ба ӯ дил доду хост ҳамсафари ҳаёташ гардад. Ҷонона намехост шавҳар кунад, зеро умед дошт, ки хонданашро давом медиҳад, аммо ваҳшати ҷанг мардумро ба таҳлука андохта, нафарони духтари қадрас доштаро ба гирдоби изтироби зиёд кашида буд. Модар насиҳаташ дод, ки ҳоло замона ноором асту бояд оила барпо кунад, рӯзе, ки амну амонӣ шуд, метавонад хонданро идома дод.
Ростӣ, он айём боварамон намеомад, ки ба сулҳу салоҳ мерасем. Хушбахтона, бо хизмати бузурги фарзанди фарзонаи кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оромиву осудагӣ расидем. Имрӯз шукронаи оромию ободии Ватанро намуда, орзуҳоямонро ҷомаи амал мепӯшонем, - мегӯяд Ҷонона.
Ҷонона оилаи ободу соҳиби панҷ духтару се писар аст. Дар ин миён ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шомил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Феълан, дар МТМУ № 51-и ноҳияи Восеъ ҳамчун омӯзгори фанни таълими меҳнат фаъолият менамояд. Се духтараш омӯзгор, яке духтур ва хурдиаш ҳоло донишҷӯй мебошанд. Писари бузургаш иқтисодчӣ ва писарони хурдӣ имсол мактаби миёнаро хатм намуд.
Дар ҳавлии худ корхонаи хурди истеҳсолие созмон дода, ҳамроҳи фарзандон шириниҳои гуногун омода менамоянд. Мувофиқи хоҳиши мизоҷон низ фармоиш қабул мекунанд. Айни ҳол харидорону фармоишгарон зиёд шудаанд. Маҳсулоти омодакардааш бо таъми лазизу шаклу намудҳои ҷолибу дилпазир диққати муштариёнро ба худ ҷалб месозанд. Шоҳкориҳояш зебову гувороянд. Ҳамчунин, дар як гӯшаи ҳавлӣ нуқтаи тезтайёр кушодааст. Онҳо дар тӯйҳо ҳам мувофиқи фармоиш ғизоҳои гуногуни миллӣ омода менамоянд. Дар кори таббохӣ дақиқкору нозукбин буда, таҳияи ғизоҳои лазизро ба роҳ мондаанд.
Ҷонона дар баробари кадбонуи хуб будан, бо гулпартоӣ, чакандӯзӣ ва ҳунарҳои дигар ошно буда, ҳувиякориро низ балад аст. Матоъро болои шиша гузошта, бо лаҳимкаш сӯзонда, сӯрохчаҳо мекунанд ва бо гулҳо оро медиҳанд. Алҳол дастранҷҳои ин бонуи ҳунар дар чорабиниҳои шаҳриву ноҳиявӣ зинатбахши намоишгоҳҳоянд.
Ба ҷуз ин ҳама, дар хона низ фазои орому созгорро фароҳам овардааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ин оилаи намунавиро бо ифтихорнома қадр намудааст.
Ҷонона Қурбонова аз тарафи бахши шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ чанд маротиба дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ иштирок намуда, ба хоҳишмандону ҳавасмандон аз нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ сабақ додааст.
Бисёр мехостам, ки кошонаи ҳуснро, ки замоне фаъолият мекарду дар он либосҳои миллии тоҷиконаро барои наварӯсон пешкаш мекардем, аз нав ба кор дарорам. Зеро, ба ин васила, ба духтарон зебоии либоси арӯсии миллиро метавонем нишон диҳем, - меафзояд ҳунарманд.
Ҷонона лаҳзае бекор нанишаста, мудом бо шуғлҳои дӯстдоштааш аст, зеро касбу ҳунар онҳоро соҳиби зиндагии шоиста ва обрумандӣ дар ҷомеаро насиб гардондааст.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Восеъ - Душанбе