БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар аҳди ниёз ба матбуоти даврӣ
ФарҳангЗамоне ба симати роҳбари Маркази алоқаи почта дар ноҳияи Шаҳритус ба кор омад, ки таъхири нақшаву мушкилиҳои печидаи маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо як сӯ, дастрасии мардум ба матбуоти даврӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба ду по мелангид. Дилбар, ки бо собиқаи кори ҳисобдориву хазиначӣ ва коргузори муассисаҳои тандурустии ноҳия, кунун, бо мақсади такмили ихтисоси иқтисодчӣ таҳсилоти олиро дар Донишкадаи давлатии Данғара идома бахшида буд, аз ба зимма гирифтани соҳаи дар гирдоби мушкилиҳо печида намеҳаросид.
Ба бахти ӯ, бо оғози фаъолият дар ин ҷода, ҳамзамон, раиси навтаъини ноҳия дар умури идоракунӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ташаббусҳои созандагӣ, фаъолгардонии воситаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дастрасии бештари аҳолиро ба матбуоти даврӣ зарур дониста, раванди фаъолияти соҳаҳои марбутаро дар ин самт таҳти назорати ҷиддӣ гирифт.
Ба бовариҳои Дилбар Мирзоқулова, пешрафту даромаднокӣ ва таҳкими буҷети идораҳое ба мисоли Маркази алоқаи почта, аз шаффофияти ҳисобдориву ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Аммо дар сурати иштибоҳ ва ё саҳлангорие дар фаъолияти кормандони соҳа, бахусус сатҳи роҳбарӣ, на фақат сабаби коҳишёбии миҷозону обуначиён, балки боиси нобоварии мардум ба аҳамияти обуна ва нақши матбуоти даврӣ дар воқифгардониву мафкурасозӣ дар ҷомеа мегардад, ки ин ба фаъолияти дастгоҳи маънавиёт низ таъсири манфӣ мерасонад. Ин буд, ки солҳои пешин дар қабули довталабони таҳсил аз рӯйи ихтисоси алоқа ба ҷавонони аълохону масъулиятшинос бартарӣ дода мешуд.
Боиси хушнудист, ки ҳамакнун бо ташаббуси сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Коллеҷи алоқа таъсис ёфта истодааст, ки дар тарбияи мутахассисони касбӣ ва кадрҳои ҷавони соҳа нақши ниҳоят муҳим хоҳад гузошт. Ба ростӣ, аз лиҳози касбият дар Маркази алоқаи почтаи ноҳия ҳамагӣ ду нафар мутахассиси варзида - Панавария Света ва Ҳайитова Майсара фаъолият доранд, ки бо мурури ба нафақаи синнусолӣ баромадани онҳо ба кадрҳои ихтисосманд зарурият пайдо мекунем. Аз ин лиҳоз, умед дорам, ки аз миёни наврасону ҷавонони ноҳия довталабони таҳсил дар Коллеҷи алоқа пайдо хоҳанд шуд, то пешаи мардумписанди хаткашониро интихоб намоянд.
Дилбар Мирзоқулова фаъолияти касбиро дар соҳаи алоқа аз зинаи сармуҳосиби Маркази алоқаи почтаи ҳамин ноҳия оғоз бахшида, аз марти 2022 то моҳи июни 2023 директори Маркази алоқаи почта дар ноҳияи Носири Хусрав ва аз он ба баъд ба симати директори Маркази алоқаи почта дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият менамояд. Дилдодаи пешаи ҳуқуқшиносӣ, ки аз овони мактабхонӣ фанҳои таъриху ҳуқуқ ва дигар адабиёти марбут ба адлу қонуниятро бо майлу рағбати беандоза мутолаа мекард, кунун дар меҳвари ҳақиқатҷӯӣ кору зиндагӣ дошта, барору комёбиҳояш ҳам маншаъ аз баракати роҳи интихобкардааш мегирад. Давоми 13 соли фаъолияти меҳнатӣ ба ҳайси муҳосиб, коргузори шуъбаи кадрҳои муассисаҳои тандурустии ноҳия, баъдан, вазифаи сармуҳосиб ва зинаҳои роҳбарии соҳаи алоқаи почта, ҳамкорону ҳампешагонаш дар симои ӯ ҳимоятгари ҳуқуқу роҳнамои адолатпешаро мебинанд.
Ӯ дар як дудмони назарногири деҳи Сомониёни ноҳияи Шаҳритус зодаву ба воя расидааст, ки падарон аз заҳмати заминкориву ҳунарҳои хонагӣ рӯзгори хонаводаҳои худро пеш мебурданд. Пасон, гузори сахтиҳои зиндагӣ ва мушкилу монеаҳои дар муҳоҷирати корӣ, падари тақвопешааш фарзандонро дар руҳияи илму ҳунарандӯзӣ ва парҳезгорӣ аз амалҳои ношоиста ба воя расонд. Ин буд, ки Дилбари шефтаи таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносӣ мактаби деҳаро хатм карда, таҳсилро дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 23-и ноҳия идома медиҳад. Баъди касби ихтисоси барномасози компютерӣ ва оғози фаъолияти меҳнатӣ, аз лутфу тавсифҳои падар меболид, ки ӯро бо ифтихор духтари коргару номбардори оила ном мегирифт.
Падарам, намоди хираду қаҳрамони зиндагиам, аз хурдӣ маро ба адлу ростгорӣ ва арҷгузорӣ ба ҳаққу ҳуқуқҳои инсон ҳидоят карда, таъкид дошт, ки ба ин васила дар ҷомеа мақому обрӯ пайдо хоҳам кард, - мегӯяд Дилбар Мирзоқулова. – Ҳатто ба гоҳи аз муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳату андешаҳои судмандаш уқдакушои мушкилу муаммоҳои рӯзгорам буд. Барои як ҷавондухтар аз ин дида толеи баланд куҷост, ки падари пурдилу андешаманд ва такягоҳи устувор дар зиндагӣ дошта бошад.
Хушбахтона, дар соли аввали роҳбарии Маркази алоқаи почтаи ноҳия бо дастгирии аҳли маорифчиён ва кормандони соҳаҳои тандурустиву иҷтимоӣ ва кишоварзону хоҷагидорон нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳоро барзиёд иҷро намуда, бо рӯйи даст гирифтани чорабиниҳои фарҳангӣ-иттилоотӣ тавонист, ки таваҷҷуҳи аҳолиро ба матбуоти даврӣ ҷалб созад.
Ба андешаи роҳбари хаткашонҳои ноҳияи Шаҳритус, дастрасии осони аҳолӣ ба матбуоти даврӣ қадами аввал ҷиҳати ба мутолаа ва ҳаёти маданӣ ҷалб шудани мардум аст. Сониян, тақвият бахшидани чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатнокӣ, аз ҷумла тавассути суҳбатҳои рӯ ба рӯи адибону зиёиён, мардумро ба дунёи фарҳанг ва илму донишандӯзиву хештаншиносӣ таҳрик медиҳад.
Барои ноил шудан ба дастовардҳои бештар роҳбарияти алоқаи почта тасмим дорад, ки бо фаъол гардондани бахшҳои соҳа то дар дурдасттарин деҳот шумораи хаткашонҳоро низ зиёд намояд. Айни замон танҳо дар шаҳраки Шаҳритус ва деҳоти «Обшорон»-у «Худойназар Холматов»-и ноҳия хаткашонҳо фаъолият доранд, аммо сокинони деҳкадаҳои ба номи Ҷӯра Назаров, Талбак Садриддинов ва бахусус, деҳоти «Пахта-обод», ки 60–80 километр аз маркази маъмурии ноҳия дур аст, рӯзномаву маҷаллаҳоро ҳафтае се маротиба аз ҷамоатҳои мазкур дастрас мекунанд, - изҳор медорад ӯ. – Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқу салиқаи сокинони деҳоти дурдаст ба мутолааи матбуоти даврӣ, рушди бахшҳои алоқаи почта ва ташаккули фаъолияти хаткашонӣ дар деҳкадаҳои дурдаст ногузир аст.
Насли даврони истиқлоли ин ноҳияи зарнисор бо заҳмати беназири заминкорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми бориз дошта, ҳамвора насли хешро дар руҳияи илмомӯзиву азбар намудани касбу ҳунарҳои зебо тарбият менамоянд, ки дар ин ҷода, ниёзу эҳтиёҷ ба китобу воситаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла матбуоти давриро доранд. Ба ин хотир, таваҷҷуҳи аҳолии навоҳии дурдаст ба рушди матбуоти даврӣ тақозои замону ҳам бар суди масъулони соҳаи маънавиёт аст, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар маҳал ба ҷомеаи саводманду худогоҳ ниёз доранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Шаҳритус